Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.135.192.229

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » Хабарҳо бо забони тоҷики
« 1 2 3 4 5 6 7 »

В Душанбе состоится торжественная презентация книги «Набардозмуда»

Душанбе. 27 апреля. «JURNAL-VAHDAT» - В московском издательстве «Принтхаус ЛЕТО» вышла в свет книга Хотама Хомида «Набардозмуда» («Испытанный боями») на таджикском языке, сообщил «JURNAL-VAHDAT» руководитель таджикского медиа-холдинга «Tajinfo» в РФ Мухаммад Эгамзод, авторский труд опытного журналиста из Таджикистана посвящен жизненному пути прославленного земляка, ветерана Второй мировой войны, полного кавалера ордена боевой Славы, участника величайших сражений под Сталинградом и на Курской дуге Сафарова Гаюра Сафаровича.

Данный проект приурочен к 65-летнему юбилею победы в Великой Отечественной войне 1941-1945 годов и является совместным информационным продуктом таджикского медиа-холдинга «Tajinfo» в Российской Федерации, Российского Государственного агентства междунаро ... Читать дальше »

Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 713 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 27.04.2010 | Комментарии (0)

Фалаҷи кӯдакон баъди 13 сол ба Тоҷикистон баргашт

Бемории фалаҷи кӯдакон дар Тоҷикистон хуруҷ карда ва то кунун бар асари ин беморӣ, бино ба гузоришҳо 10 кӯдак кушта шудааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар соли 2002 кишвари орӣ аз фалаҷи кӯдакон эълон шуда буд.

Бемории полиомелит ва ё фалаҷи кӯдаконро вируси хатарноке бармеангезад, ки ба аъсоби инсон, сироят намуда ва дар муддати кӯтоҳе ӯро аз пой меафтонад.

Беш аз 100 гирифтори фалаҷ

Сона Берӣ, сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, то кунун ташхисҳои озмоишгоҳӣ вуҷуди ин вирус дар ҳафт кӯдаки тоҷикро таъйид кардааст ва ҳам бими он меравад, ки 100 нафари дигар ҳам ба бемории фалаҷи кӯдакон гирифтор шудаанд.

Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1022 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 26.04.2010 | Комментарии (0)

САҲА ба мардум хонасозиро меомӯзонад

Бунёди Оғохон бо кӯмаки молии САҲА ва созмони «HOPE-87» барномаеро барои устуворсозии манзилҳои истиқоматӣ ва беҳсозии шароити зисти мардуми Бадахшон рӯи даст гирифтааст.

Масъули ин барнома Хуҷамёр Хумориков мегӯяд, дар бештари мавридҳо манзилҳои истиқоматӣ дар Бадахшон, ки аз сангу гил ва бидуни лоиҳа сохта мешавад, бар асари намнокӣ, заминларза ва дигар равандҳои табиӣ зуд тарқиш пайдо мекунанд ва барои зист хатарноканд.

Вай афзуд, тибқи барнома, онҳо мардумро ба риояти талаботи ҳозиразамон ҳангоми сохтмони манзил ташвиқ хоҳанд кард. Масъулини барномаи Бунёди Оғохон нақша доранд, ки дар маҳаллоти Бадахшон дар сохтмони хонаҳои анъанавӣ ширкат кунанд ва ба сокинони маҳаллӣ усули тартиб додани лоиҳаи сохтмон, мустақкам кардани зерб ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 978 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 24.04.2010 | Комментарии (0)

Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои худкушӣ рӯ ба афзоиш аст 

»JURNAL-VAHDAT«Дар Тоҷикистон теъдоди ҳодисаҳои худкушӣ рӯ ба афзоиш аст. Муовини аввали вазири умури дохила Рамазон Раҳимов имрӯз ба хабарнигорон гуфт, ки дар се моҳи аввали соли равон 154 сокини кишвар, аз ҷумла, 26 ноболиғ, даст ба худкушӣ задаанд. Ба гуфтаи Рамазон Раҳимов, аз ҳама бештар – 44 нафар бар асари низоъҳову хушунати хонаводагӣ ихтиёрӣ дунёро тарк гуфтаанд. Барои қиёс - дар се моҳи соли гузашта дар Тоҷикистон 138 ҳодисаи худкушӣ сабт шуда буд. Ба иттилоъи вазорати умури дохила, худкушиҳо аз ҳама бештар д ... Читать дальше »

Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 941 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 21.04.2010 | Комментарии (0)

Боздошти 10 шаҳрванди Узбакистон

»JURNAL-VAHDAT« Идораи корҳои дохилии Суғд 10 шаҳрванди Узбакистонро дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он барои вайрон кардани қоидаи убури сарҳад ва будубош дар қаламрави Тоҷикистон ахиран боздошт кардааст.

Рауф Юсупов, сардори идораи корҳои дохилии Суғд гуфт, аз 8 нафари боздоштшудаҳо ҷарима ситонида, сипас ба кишварашон истирдод карданд. Аммо нисбат ба 2 сокини ноҳияи Бекободи Узбакистон, ҳаммарз бо ноҳияи Спитамени Тоҷикистон, бо айби «убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ» парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтиши онро идораи амният пеш мебарад.

Аз рӯи муқаррарароти байнидавлатӣ сокинони манотиқи наздимарзии Тоҷикистон ва Узбакистон ҳаққи барои то 5 шабонарӯз ворид шуда ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 713 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 21.04.2010 | Комментарии (0)

М. Алимардон барои вагонҳо ба Тошканд меравад

Абдулло Юлдошев, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, мегӯяд, қазияи вагонҳои Тоҷикистон дар марзи Узбакистон аз доираи мушкилоти танҳо логистикӣ берун шудааст ва ҳамакнун дар сатҳи ҳукумат талош барои ҳалли он хоҳад шуд.

Ҷаноби Юлдошев гуфт, рӯзҳои наздик дар Тошкант нишасти комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Узбакистон доир мешавад, ки ҳайати Тоҷикистон зери раҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон, дар он ширкат хоҳад кард.

Абдулло Юлдошев бо назардошти нозукиҳои дипломатӣ аз ироаи ҷузъиёти бештари ин мавзӯъ худдорӣ намуд, вале хабар дод, ки дар ин авохир сафири Узбакистон дар Душанбе се бор ба вазорати корҳои хориҷӣ барои сӯҳбат даъват шудааст.

Дар як конфронси дигари мат ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 731 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 19.04.2010 | Комментарии (0)

Афзоиши занони мардикор дар Тоҷикистон

Дар ҳоле, ки садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва дигари кишварҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, дар Тоҷикистон занон ҳамчун мардҳо рӯ ба мардикорӣ оварда, дар бозорҳои дохилӣ кор меҷӯянд.

Рӯ овардани занон ба мардикорӣ дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Имрӯз вазъи фақру нодории хонаводаҳо, хӯронидану пӯшонидани фарзандон занонро маҷбур кардааст, то ба бозори меҳнат рӯ биёранд.

Манижа, яке аз ин занон, мегӯяд, аз тангии рӯзгор шаш моҳ боз рӯ ба мардикорӣ овардааст. Вай меафзояд, «тона-тона пиёзу картошкаро тоза мекунем. Қопча мекунем. Аз соати 7 то 5 бегоҳ, 10-20 сомонӣ меёбем. Зиндагиамон аз ҳамин ҳисоб аст...»

Манижа иқрор мекунад, ки барои ин корҳо зӯру бозуи мардона зарур аст, вале вай илоҷи дигаре надорад. Вай м ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1735 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 14.04.2010 | Комментарии (0)

Эьтирози сардабирон аз кори додрас Амриддин Сафоев

Сардабирони се нашрияи мустақили Тоҷикистон, "Фараж”, "Озодагон” ва "Азия плюс” мегӯянд, дар ҷараёни баррасии парвандаи ин се нашрия дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, қонуни баррасии додгоҳӣ риоя нашудааст.

Сардабирони нашрияҳои мазкур, ки додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даъвои се додраси додгоҳҳои Тоҷикистон аз болои ин нашрияҳоро баррасӣ мекунад, гуфтаанд, қозии парвандаи онҳо назари ҷониби ҷавобагар, яъне онҳоро дар баррасиҳои додгоҳӣ ба инобат нагирифтааст.

Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи "Азия плюс” гуфтааст, ки агар ҷаласаи ояндаи додгоҳ низ ба ҳамин шева идома кунад, имкон дорад, ки ҷониби нашрияҳо табдили додраси ин парванда, Амриддин Сафоевро тақозо кунанд.

Сардабирон гуфтаанд, бо вуҷуди эътирози ч ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1795 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 13.04.2010 | Комментарии (0)

Харобкориҳои обхезӣ дар Восеъ ва Мӯъминобод

Яксаду ҳафтод манзили истиқоматӣ дар деҳаи Кӯчабоғи ҷамоати Пахтакори ноҳияи Восеъ бо тамоми амвол ва чорво зери оби Ёхсу монданд.

Обхезӣ нисфирӯзи 11-уми апрел ин деҳаро хароб кард. Хушбахтона, ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Масъулини идораи ҳолатҳои изтирории ноҳияи Восеъ дирӯз бо қаиқҳо ҳамаи мардумро аз маҳалли офат наҷот додаанд. Хабарнигори Озодӣ, ки ҳоло дар маҳалли ҳодиса қарор дорад, мегӯяд, танҳо се сокини деҳа ҷароҳат бардоштаанд.

Ин шабро бархе аз сокинони деҳа дар хонаи хешу таборашон дар деҳоти наздик рӯз кардаанд, бархеи дигар дар берун. Сокинони деҳа мегӯянд, то ҳол ҳеҷ кӯмаке аз мақомот ба онҳо нарасидааст ва ҳам ҳеҷ мақоме бо онҳо дидор надоштааст. Хоҷагии бузурги ниҳолпарварие низ, ки дар ин ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 4400 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 12.04.2010 | Комментарии (0)

Ислоҳи қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

Давлати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба «Қонун дар бораи Иттиҳодияҳои ҷамъитӣ» -ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ироа кардааст.

Ба гуфтаи масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон, нукоти аслии ин тағйироту иловаҳо тартиби бақайдгирии созмонҳои маҳалии Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва барҳамдиҳии онҳо аст, ки тибқи он бахшҳои созмонҳои ҷамъиятӣ бояд дар маҳаллҳо аз қайд гузаранд.

Коҳиши созмонҳои иҷтимоъӣ

Тибқи иттилоъи масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон, агар соли 2007 дар ин ниҳоди давлатӣ 3 130 созмону итиҳодияи ҷамъиятӣ сабти ном шуда бошад, пас ҳоло теъдоди ин муассисаҳо ба 2130 адад мерасад. Ба ин тартиб, фаъолияти ҳазор созмону иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон барҳам хӯрдааст. Сабаб чист? ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1270 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 06.04.2010 | Комментарии (0)

Марги чаҳор муҳоҷири тоҷик дар Русия

Ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ, шаби гузашта дар шимоли Маскав, пойтахти Русия, се муҳоҷири тоҷик аз дуди оташдони дизелӣ заҳролуд шудаанд.

Пулиси Маскав субҳи имрӯз дар як манзили навсохт дар шимоли Маскав ҷасадҳои ин се нафарро дарёфт кардааст.

Дар ҳамин ҳол, шоми гузашта ҷасади як мардикори 47-солаи тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург дар зери як бинои нимсохт ёфт шудааст.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, фарзияи аввали пулис ин будааст, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми таъмири хона аз баландӣ афтодааст.

Дар аввали ин ҳафта дар таркиши метрои Маскав се шаҳрванди ҷаовни Тоҷикистон ҷони худро аз даст дода буданд.
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 723 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 03.04.2010 | Комментарии (0)

Ҷасади ду қурбонии таркиши Маскав ба Душанбе оварда шуд

Бегоҳи якуми апрел ҷасади ду ҷавони тоҷик, ки дар таркишҳои метрои Маскав  кушта шудаанд, бо ҳавопаймои ширкати ТоҷикЭйр ба Душанбе оварда шуд.

Аввал қарор буд, ин ҷасадҳо бо парвози бомдодии ТоҷикЭйр ба Душанбе мунтақил  шаванд, вале ба гуфтаи кормандони фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон, ба  иллати мушкил дар таҳияи асноди яке аз кушташудаҳо интиқоли ҷасадҳоро  то парвози баъдӣ мавқуф гузоштанд. Аммо он мушкил ҳал нашуд ва бегоҳи якуми апрел ҷасадҳои Исломҷон Эшонов ва Умед Абдураҳмонов ба Душанбе оварда шуданд.

Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 2088 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 02.04.2010 | Комментарии (0)

Доку Умаров масъулияти таркишҳоро бар дӯш гирифт

Город Вахдат. 1 апреля. «Jurnal-Vahdat».Масъулияти инфиҷорҳои пурқурбонӣ дар истгоҳҳои метрои шаҳри Маскавро раҳбари ҷудоихоҳони чечен Доку Умаров бар дӯш гирифт. Дар як паёми видеоӣ тавассути Интернет, Умаров, ки худро "амири Аморати Қафқоз” мехонад, инфиҷорҳоро бо амалиёти нерӯҳои қудратии Русия дар Қафқози шимолӣ марбут кард.

Ин навори видеоиро Кавказсентр.ком, торнамои ғайрирасмии ҷудоихоҳони чечен, дар Ютюб нашр кардааст. Дар он марде, ки худро Доку Умаров мехонад, ҳушдор медиҳад, ки Русияро ҳамлаҳои нав интизоранд.

Субҳи рӯзи 29-уми март бар асари ду таркиш дар истгоҳҳои метрои "Лубянка” ва "Парк культуры” 39 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 80 нафар ҷароҳат бар ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1197 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 01.04.2010 | Комментарии (0)

Беш аз 30 нафао дар инфиҷори Маскав кушта шудаанд 

Мақомоти умури изтирории Русия мегӯянд, дар ду инфиҷори алоҳида дар метрои Маскав беш аз 30 нафар кушта шудаанд. Инфиҷори аввал дар истгоҳи метрои Люблянка ва инфиҷори дуввум баъд аз муддати кӯтоҳ дар истгоҳи Парк Култури рух дод. Доситонии Русия мегӯяд, ки барои расидагӣ ба имкони амали "террористӣ" парванда боз кардааст. Кормандони вазорати умури изтирории Русия мегӯянд, бино ба ҳисобҳои тақрибӣ дар инфиҷори истгоҳи Люблянка ҳудуди 25 нафар ва дар истгоҳи Парк Културӣ 12 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Дар бораи ҳуввияти кушташудагон маълумот дода намешавад.

Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 706 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 30.03.2010 | Комментарии (0)

Раҳоии беш аз 150 вагон аз банди Узбакистон

Ширкати «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон аз раҳо шудани беш аз 150 вагони ҳомили маводи хӯрока, масолеҳи сохтмонӣ ва гилхок ё глиназём аз банди Узбакистон хабар додааст. Беш аз 800 вагони дигар дар қаламрави Узбакистон ҳамоно боқӣ мемонад.

Ба гуфтаи Андрей Тропин, ширкати «Роҳи оҳан», 114 вагон глинезём ё гилхок барои корхонаи алюминиюми Тоҷикистон мавсум ба ТАЛКО буда, бақияи 37 вагон шомили масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хӯрока аст.

Масъулони ширкати «Роҳи оҳан» мегӯянд, ин ҳанӯз «аз нӯги хамир фатир» аст. Зеро тибқи иттилои расмӣ, дар қаламрави Узбакистон 984 вагони дигар ҳамчунон дар банд мебошад.

Давлат Нарзиев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт,
«аз рӯи маълумоте, ки имрӯз дар даст дорем, дар қаламрави Узбакистон 984 вагон ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1081 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 27.03.2010 | Комментарии (0)