Кӯмак ба иштирокдорону маъюбони ҶБВ
JURNAL-VAHDAT | 07.05.2012 | Ба ифтихори таҷлили 67
– солагии Ғалаба ҳар кадоми 168 нафар иштирокдорону маъюбони Ҷанги
Бузурги Ватании солҳои 1941 – 45 аз Бунёди захиравии раиси
шаҳри Душанбе ба маблағи 500 сомонӣ кӯмаки яквақта мегирад. Дар
ин бора аз қарори раиси шаҳри Душанбе, ки дар сомонаи расмии ӯ
дарҷ шудааст, ба JURNAL-VAHDAT маълум гардид.
Мутобиқи ин
санад ба шахсони дигари ба иштирокдорони ҶБВ баробар
кардашуда, аз ҷумлаи шахсони дар муҳосираи Ленинград иштирокдошта,
шахсони дорои мукофоти ИҶШС барои меҳнати шуҷоатнок дар ақибгоҳ,
ҷанговарони интернатсионалист, иштирокдорони Чернобил, ҳамсарони
иштирокдорони ҶБВ ва шахсоне, ки баҳри муҳофизати Сохти
конститутсионии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, ба ҳаҷми 350 сомонӣ
кӯмаки яквақта мегиранд. Аз Бунёди захиравии раиси шаҳр барои ин
мақсад 45
...
Читать дальше »
|
Ид омад! Шабнам, Ҷонибек, Фарзона, Садриддин куҷоянд?
Иду ҷашнҳо, бахусус Соли нав дар ҷадвали кори овозхонон як бахши махсусро ташкил мекунад.
Онҳо ҳанӯз дар арафаи ид хеле серкор
мешаванд ва бояд ширкати худу дастаҳои мусиқиро дар маъракаҳои гуногуне
танзим намоянд, чунки дар ин рӯзҳо даҳҳо идораву муассиса ва гурӯҳҳои
мухталифи ҷамъомадҳои идона доранд ва мусиқӣ аз ҷузъҳои муҳими ин
нишастҳост. Барои бархе аз овозхонон ин роҳе дар шиносоии ҳунари худ
аст, барои бархи дигар дарёфти музди хуб ва барои савумиҳо хуш кардани
дили дӯсту ошноён.
...
Читать дальше »
|
Душанбе 90-сола мешавад
Душанбе,
25 декабр.«JURNAL-VAHDAT» -Ба ифтихори таҷлили
90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрдории
Душанбе аз моҳи марти соли 2012 то октябри соли 2014 дар пойтахт «30
моҳи ободонӣ ва ташаббусҳои созанда» -ро эълон менамояд. Масъалаи
мазкур дар ҷараёни баргузории иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи
шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
Ҳамзамон дар иҷлосия масоили
фарҳангӣ, бахусус омодагии пойтахт ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар
соли 2012 ва истиқболи сазовори 20-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сатҳи густурда таҷлил мегарданд, матраҳ
шуданд.
|
6 ноябр - рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи баргузории Иди Қурбонро шашуми ноябр муқаррар кардааст.
Эшони Абдулбасир Саидов, муовини раиси Шӯрои уламо дар суҳбат ба Радиои
Озодӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ин тасмим дар нишасти рӯзи
сешанбеи аъзои ин шӯро гирифта шудааст.
Қабл аз ин, мақомоти расмии Тоҷикистон эълон карда буданд, ки таҷ
...
Читать дальше »
|
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Нишони ҷашни Наврўз таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Нишони Наврўз, ки бо нишондодҳои улуми табиатшиносию ситорашиносӣ таҳия
гаштааст, дар айёми тантанаҳои наврўзӣ ме
...
Читать дальше »
|
Рӯзи орому сокити Иди меҳнат дар Тоҷикистон Ҷашни Рӯзи байналмилалии
меҳнаткашон 1-уми май дар шаҳри Душанбе бидуни маъракаҳову ҷамъомадҳои
идона сурат гирифт. Дар ин рӯз ҳатто ҳузури мардум дар кӯҷаву хиёбонҳо
ва ҳаракати нақлиёт дар қиёс бо рӯзҳои корӣ камтар ба назар мерасад.
Таҷлили 1-уми май, маъруф ба Иди меҳнат ва ё иди
якдилии заҳматкашони дунё, ки тайи даврони Шӯравӣ ва ибтидои истиқлолият
дар Тоҷикистон ботантана ҷашн мешуд, сол то сол камранг мешавад.
Имрӯз
дар Душанбе кӯчаҳои як замон пур аз шӯру валвала ва тантанаҳо сокиту
хомӯшанд. Овезаву шиорҳои якумимайӣ ба чашм намехӯранд. Ба ҷуз овезаҳои
марбут ба Роғун ва шиорҳои ватандӯстӣ дар пойтахт ҷо–ҷо овезаву шиорҳои
марбут ба 9 май - Иди Ғалабаро дидан мумкин аст.
Иди меҳнат
ҳамраъйии меҳнаткашон аз 1 майи соли
...
Читать дальше »
|
Наврӯзи боронии шаҳри Душанбе
Ҳазорон сокинони шаҳри
Душанбе субҳи рӯзи 21-уми март новобаста аз ҳавои боронӣ барои таҷлили
Наврӯз дар Боғи ботаникии пойтахт ҷамъ омаданд.
Дар ин ҷашнвора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Муҳаммадсаид
Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ва як идда вазирону намояндагони
Маҷлиси миллӣ ширкат карданд.
Эмомалӣ
Раҳмон сокинони пойтахт ва кулли Тоҷикистонро бо фарорасии Наврӯз
табрик гуфт ва ҳозиринро ба кумаку дастгирии ниёзмандон ва ятимону
бепарасторон дар айёми Наврӯз даъват кард.
Бо вуҷуди борони
шадид дар наврӯзгоҳи имсолаи пойтахт аз сӯбҳ мардуми зиёде ҷамъ омада
буд ва бисёре аз онҳо имкони ворид шудан ба боғро пайдо накард. Дар
байни меҳмонон шаҳрва
...
Читать дальше »
|
Наврӯз дар Хуррамшаҳри ДанғараТаҷлили расмии Наврӯз дар
наврӯзгоҳи Данғара оғоз шуд. Дар ҷашн аъзои ҳукумати кишвар бо сарварии
президент Раҳмон ширкат доранд. Ҳамчунин, раисҷумҳури Туркманистон ва
раҳбарону намояндаҳои корпусҳои дипломатии муқими кишвар меҳмони ин
ҷашн мебошанд.
Барои нахустин
бор аст, ки ҷашни Наврӯз ба таври расмӣ дар ноҳияи Данғара таҷлил
мешавад. Дар ин ҷашн консерти ҳунармандони ҷумҳурӣ, мусобиқаҳои
варзишии наврӯзӣ, намоишгоҳҳои таомҳо ва фаровардаҳои наврӯзӣ пешкаш
шудаанд.
Эмомалӣ
Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханоне дар ҷашнгоҳи Наврӯз аз
тасмими Маҷмаи Умумии СММ дар мавриди байналмилалӣ эьлон кардани ҷашни
Нарӯз истиқбол кард ва гуфт, "кулли тоҷикон ва форсизабонони
ҷаҳон ва қавму миллатҳои гуногуни оламро, ки ба иди аҷдо
...
Читать дальше »
|
Наврӯзи Хуршед, наврӯзи Меҳр, Наврӯзи Бузург…Ба гуфтаи тақвимшиносон,
имсол Наврӯзи Хуршед ё Наврӯзи Бузургро истиқбол мегирем, ки субҳи рӯзи
якшанбеи 21 – уми март бо сар кашидани офтоб фаро мерасад.
Наим Ҳакимов, донишманди тақвимшиноси тоҷик, раҳбари «Маркази фарҳангию
маърифатии Суғд» гуфт, Наврӯзеро, ки рӯзи якшанбе фаро мерасад, Наврӯзи
Меҳр ё Наврӯзи Бузург меноманд. Рӯзи якшанбе дар солшумории бостонии
шамсӣ рӯзи аввали ҳафта ҳисобида мешавад ва дар 7 сол як бор гирд
мегардад. Ба гуфтаи ин фарҳангшинос, рамзи имсолаи Наврӯз аз ҳайвонот
Шер ва Асп, аз гулҳо – Ёсуман ва ранги наврӯзӣ - зарди моил ба сурхӣ
мебошад.
Тоҷикон
дар бостон Наврӯзи Хуршедро дар бар пироҳанҳои зард вақти тулӯъи офтоб
истиқбол мегирифтанд. Ба гуфтаи сокинони Хуҷанд, дар маҳали Пулчуқур,
ка
...
Читать дальше »
|
|