Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.144.82.128

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2012 » Январь » 2 » Ид омад! Шабнам, Ҷонибек, Фарзона, Садриддин куҷоянд?
18:37
Ид омад! Шабнам, Ҷонибек, Фарзона, Садриддин куҷоянд?

Ид омад! Шабнам, Ҷонибек, Фарзона, Садриддин куҷоянд?

Иду ҷашнҳо, бахусус Соли нав дар ҷадвали кори овозхонон як бахши махсусро ташкил мекунад.

Онҳо ҳанӯз дар арафаи ид хеле серкор мешаванд ва бояд ширкати худу дастаҳои мусиқиро дар маъракаҳои гуногуне танзим намоянд, чунки дар ин рӯзҳо даҳҳо идораву муассиса ва гурӯҳҳои мухталифи ҷамъомадҳои идона доранд ва мусиқӣ аз ҷузъҳои муҳими ин нишастҳост. Барои бархе аз овозхонон ин роҳе дар шиносоии ҳунари худ аст, барои бархи дигар дарёфти музди хуб ва барои савумиҳо хуш кардани дили дӯсту ошноён.

Мехрнигор 2012Овозхони ҷавон Меҳринигори Рустам, ҳангоме бо мо сӯҳбат кард, ки вориди бӯстонсарои раисҷумҳур мешуд. Вай гуфт, ин барои ӯ консерти сеюм хоҳад буд: «Аввал, дар консерти консерватория, баъд консерти радиои «Ховар» ширкат доштам ва ҳоло бӯстонсаро, ки консерти давлатӣ аст, ширкат мекунам. Дар бораи музди корам, ростӣ, хабар надорам, зеро инро модарам, ки продюсери ман ҳастанд, медонанд.»

Садриддини Наҷмиддин, овозхони дигар низ ба консерти яке аз ширкатҳо омодагӣ медид ва то ин лаҳза дар чандин маҳфил овозхонӣ кардааст, ки ба қавли худаш, ҳисобашро гум кардааст. Аммо вай гуфт, хаста нашудааст, зеро аз шодӣ овардан ба мардум хуш мешавад: «Аммо дар бораи чӣ қадар пул медиҳанд, гуфта наметавонам. Ин махфӣ аст. Аммо муҳим он аст, ки моро даъват мекунанд. Вақте даъват карданд, пул ҳам мешавад.»

Овозхон Ҳабиба Давлатова, вақте бо мо сӯҳбат кард, ки аз консерти як корхонаи давлатӣ берун мешуд. Вай гуфт, аз соати 11 ба ин сӯ сахт масруф аст: «Бо банкетҳои солинавӣ, консертҳои хурду калон банд будам. Шиносҳову хешу табор бошанд, бепул меравем. Мо дар хизмати халқем-ку...»

​​Фотография Бахроми Гафури 2012Баҳром Ғафурӣ, овозхони дигар мегӯяд, фазои идона хастагиҳои ӯро баровардааст, зеро ҳар куҷо равад, чеҳраҳои хандонро мебинад. Вай гуфт: «Ман аз консертҳо хоҳанд-нахоҳанд пул мегирам. Аммо ҳоло ки ба консерти радиои «Ховар» дар Кохи Ваҳдат омодагӣ мебинам, пул намегирам. Зеро ин як консерти расмист ва моро эҳтиром карда, даъват кардаанд. Ҳамчун табриккунанда баромад мекунам.»

Фирӯза Ҳафизова мегӯяд, ба ҷуз консертҳо асосан дар банкетҳои корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ даъват мешавад ва бидуни шак, ин даъватҳо ройгон нестанд: «Имрӯзҳо асосан мардум банкет мекунанд. Тӯй нест. Барои он ки ид аст. Мо ҳам бо мардум Соли навро ҷашн мегирем. Албатта, пуламонро медиҳанд.»

Фотография Чонибек М 2012Ҷонибеки Мурод, овозхони дигар мегӯяд, ин Соли нав қарор буд дар Амрико бошад, аммо падараш Ҷӯрабеки Мурод гуфтааст, ки бояд дар хона бошад ва ҳоло аз ширкат дар маҳфилҳо хеле хаста шудааст: «Маҳфилҳое, ки ман ширкат мекунам, гуногунанд. Бархе пул медиҳанд. Бархеи дигар шиносу бародар ҳастанд. Бархеҳо ҳам агар кампул бошанд, мефаҳмам онҳоро ҳам. Дар ятимхонаҳо ҳам овозхонӣ кардам. Зиндагӣ як хел нест-ку.»

Шабнами Сурайё 2012Шабнами Сурайё ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед дар тамос бо мо гуфтанд, ки ҳарду ин бегоҳ ба як шабнишинӣ мераванд. Фарзона барои омодагӣ дар мағоза харид мекард ва Шабнам бо ороиши мӯй машғул буд.
Категория: Ид ва Чорабиниҳо | Просмотров: 4816 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: Садриддин куҷоянд?, Ҷонибек, Ид омад! Шабнам, ахборот, tajikistan, новости, news, Фарзона, 2012, ситорахо точик | Рейтинг: 3.2/4
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar