«Аз Балх то Куния»
Душанбе,
21 декабр. Дар шаҳри Теҳрон дар
маркази Доиратулмаориф (Энсиклопедия)–и бузурги исломии ҷумҳурии Исломии
Эрон бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ҳамойиши
байналмилалии "Аз Балх то Куния” баргузор гардид.
Тавре ки аз
ВКХ-и Тоҷикистон ба JURNAL-VAHDAT иттилоъ доданд, дар нишасти мазкур
олимон, муҳаққиқон, устодони донишгоҳҳо аз кишварҳои ҷаҳон, инчунин
намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Теҳрон ҳузур доштанд.
Давлаталӣ
Ҳотамов, сафири Тоҷикистон дар Эрон оид ба хизматҳои таърихии ин
фарзанди фарзонаи халқи тоҷик дар рушди адабиёту фарҳанги тоҷикон ва
халқҳои ҷаҳон изҳори андеша карда, зикр намуд, ки «Мавлоно мардумони
оламро ба ваҳдат, сулҳу дӯстӣ, ҳамзистию ҳамфикрӣ даъват мекунад, дар
байни миллатҳо
...
Читать дальше »
|
Кумитаи дин аз Вазорати фарҳанг ҷудо шуд
Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтори як қатор ниҳодҳои ҳукуматӣ тағйир дода шуд ва баъзе аз кумитаҳо ба оҷонсӣ ва оҷонсиҳо ба кумита табдил гардиданд.
Ҳамчунин, Кумитаи оид ба корҳои дин аз сохтори Вазорати фарҳанг берун шуда, ба ҳайси ниҳоди мустақил дар назди ҳукумат фаъолият хоҳад кард. Масоили диниро дар кишвар то чанд соли қабл ҳамин гуна як кумита медид, ки баъдан ба тобеъияти Вазорати фарҳанг дароварда шуда буд ва инак боз ба шакли қаблияш бозгашт.
...
Читать дальше »
|
Таърих бояд аз нав навишта шавад?
Шаҳноза Низомова,
пажӯҳишгари мустақил, китобҳои дарсии таърихи макотиби миёнаи даврони
Шӯравӣ ва замони истиқлолро тадқиқ карда, тафовутҳоро миёни онҳо
мушоҳида кардааст.
Ин
пажӯҳишгари ҷавон мегӯяд, ҳарчанд дар ин китобҳо таҳрифи ҳодисаҳои
таърихиро мушоҳида накардааст, аммо камбудиҳое мавҷуданд, ки бояд ислоҳ
шаванд. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, дар китобҳои дарсии таърихии нашри
замони истиқлол баъзе воқеаҳои муҳим сарфи назар шудаанд, ки насли
имрӯзро аз ҳаводиси муҳими таърихӣ дур мекунанд. Шаҳноза Низомова
меафзояд, маъмулан таърих ҳамон гуна нигошта мешавад, ки ба сиёсату
ҷомеа ва имрӯзу ояндаи ҳаёти мардум созгор бошад:
«Толибилмон
ба навиштаҳое, ки дар китобҳои дарсии т
...
Читать дальше »
|
Наврӯз -- оғози кори ТV-и муштараки форсизабонон
Мақомоти Тоҷикистон ва
Эрон мегӯянд, телевизони муштаракаи фарҳангии кишварҳои форсизабон дар
ҷашни Наврӯз, дар моҳи март ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.
Дар ин бора дар нишасти ҳайатҳои фарҳангии Эрону Тоҷикистон, ки 3 уми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, интишор ёфт.
Вазири
фарҳанги Тоҷикистон, Мирзошоҳрух Асрорӣ гуфт, оғози намоишҳои
телевизиони муштарак яке аз ҳамкориҳои муҳими Эрону Тоҷикистон дар
бахши фарҳанг хоҳад буд: «Боиси хушнудист, ки ниҳоят пас
аз қариб се соли фосила телевизиони муштараки кишварҳои форсизабон ба
кор шурӯъ мекунад ва тавассути ин телевизион мардумони мо аз расму оин,
таъриху тамаддун ва пешрафтҳову дастовардҳои ҳамдигар бештар огоҳ
мешаванд ва як равобити густардаи фарҳа
...
Читать дальше »
|
Филми нав - "Беҳуда хорам мекунӣ” Дар ҳоле, ки имрӯз дар
ҷаҳон филми амрикоии "Аватар” вирди забонҳост, дар
Тоҷикистон бисёриҳо дар пайи хариду тамошои филми нави тоҷикӣ бо номи
"Беҳуда хорам мекунӣ” ҳастанд.
Ин филмро на танҳо дар марказҳои дискфурӯшӣ, балки дар кӯчаҳо низ
дарёфт кардан мумкин аст. Муаллиф ва коргардони филми мазкур Талабшоҳ
Муқимов, рӯзноманигори ҷавон ва муваффақи тоҷик аст.
Филми
мазкур аз ҳаёти намояндаҳои ду қишри ҷомеа қисса мекунад, ки аз олами
ҳамдигар тамоман дуранд. Хонаводаи доро, ки намехоҳад, писарашон бо
духтари деҳқони деҳотӣ издивоҷ кунад, бо якравии худ боиси марги духтар
ва тарки манзил кардани писар мешавад.
Ҳарчанд филми мазкур,
ки таҷрибаи нахустини коргардони ҷавон аст, аз сӯи бархе тамошобинон ва
мунақиддон танқид мешавад, вале бо ин вуҷуд, филми мазкур тавонист да
...
Читать дальше »
|
Расман 259 масҷиди ҷомеъ амал мекунандВазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар нишасти
матбуотӣ дар бораи муносибат ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ
сухан ронда, гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон расман 259
масҷиди ҷомеъ, 2842 масҷиди панҷвақта, 19 муассисаи таълимии динӣ ва 81
ташкилоти динии ғайриисломӣ амал мекунанд.
Ба ҳамаи онҳо баъди гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ ва
ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, маълумотномаҳои қайди баҳисобгирии ҷамоаи динӣ дода
шуд.
Вазири фарҳанг дар мавриди омодасозии кадрҳои соҳа сухан ронда, қайд
намуд, ки имсол 23 нафар довталаб барои таҳсил
дар хориҷи кишвар аз имтиҳон гузашт. Имрӯз дар мактабҳои олии Россия,
Украина, Қазоқистон ва Эрон 76 нафар донишҷӯ аз рӯи 27 ихтисос тибқи
«Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи
фарҳанг, санъат ва табъу нашр» таҳсил меку
...
Читать дальше »
|
|