Автомашина ба дарахт бурхӯрд
JURNAL-VAHDAT | 24.07.2012 | Рӯзи
23.07.с.2012 ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» рақами
давлатиаш 33-47 АВ/02 Узоқов Хусрав Ҳакимович соли таваллудаш 1991,
сокини шаҳраки Нефтободи н.Исфара ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди
Исфара-Нефтобод-Равот дар 7-ум километр, бехатарии ҳаракати роҳро риоя
накарда ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири
автомашина Қудусова Муҳима соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти
Хонаобод, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат
расидааст. Худи ронанда Узоқов Х.Қ. ва мусофири он Домуллоҷонова
Сурмахон соли тав
...
Читать дальше »
|
«Опел-Астра» ба самти муқобили роҳ баромад
JURNAL-VAHDAT | 24.07.2012 | Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»
рақами давлатиаш 86-79 ВЕ/02 Қаюмов Музаффар соли таваллудаш 1972,
сокини ш.Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз самти
деҳаи Навобод ба самти деҳаи Ҷангалак дар рӯ ба рӯи кӯли Варзоб ба самти
муқобили ҳаракат баромада ба автомашинаи тамғаи «ЗИЛ-554» рақами
давлатиаш 0 14-88 РТ/01 таҳти идораи ронанда Қосимов Нуралӣ соли
таваллудаш 1965, сокини н.Рӯдакӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи
автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Қаюмов М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ
бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофирони автомашинаи
мазкур Фирӯзаи Бобоазиз соли таваллудаш 1986, Валиев Далерҷон соли
таваллудаш 2000, Шавкатова Онахон соли таваллудаш 2006, Од
...
Читать дальше »
|
Садамаҳои нақлиётӣ коҳиш ёфтаанд
JURNAL-VAHDAT | 14.05.2012 | Тибқи иттилои сардори
дафтари матбуоти Раёсати автомобили шаҳри Душанбе, полковники милитсия
Шерафган Латипов, дар давоми моҳҳои январ-апрели соли 2012 дар
қаламрави ҷумҳурӣ бар асари 346 садамаи нақлиётӣ 378 нафар одамони синну
соли гуногун ҷароҳат бардошта, 10 нафар ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин
ҳангоми аз ҷониби пиёдагардон вайрон намудани қоидаи ҳаракат дар роҳ 13
ноболиғ ҷони худро аз даст дода, 76 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун
бардоштаанд. Ба иттилои манбаъ, дар муқоиса ба 4 моҳи аввали соли
2011 шумораи садамаҳои нақлиётӣ 44 фоиз коҳиш ёфта, шумораи ба
ҳалокатрасидагон 33 нафар камтар шудааст.
|
Мусодираи 14 тонна меваи Тоҷикистон дар Русия Дар гузаргоҳҳои марзӣ ва қаламрави Русия 14 тонна хушкмева, растаниҳо, биринҷ ва тухмӣ маҳв карда шудааст.Дар ду ҳафтаи баъд аз эълони Хадамоти федероли назорати байторӣ ва фитосанитарии Русия (Росселхознадзор), ки интиқоли бархе аз мавод ва маҳсулотро аз Тоҷикистон манъ кард, 14 тонна маводе, ки шаҳрвандони Тоҷикистон хостанд, вориди Русия кунанд, мусодира шудааст.
JURNAL-VAHDAT | 07.05.2012 | Кормандони
ин ниҳод якҷо бо намояндагони Хадамоти федероли муҳоҷират, нерӯҳои
марзбон, гумрук, хадамоти амният ва умури дохилӣ ба сурати умум 28 тонна
маводи мамнӯъшударо мусодира карданд,
...
Читать дальше »
|
Оқибати ронандаи ноболиғ - JURNAL-VAHDAT | 05.05.2012 | Ноболиғ
Бобомуродов Баҳром соли таваллудаш 1995 сокини деҳаи Лоҳури ноҳияи
Рӯдакӣ, беҳуҷҷати ронандагӣ бо автомашинаи тамғаи «КИА Спортас» рақами
давлатиаш 1636 АН 01 ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Тубак ба самти деҳаи
Лоҳур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба қисми рости роҳ
чаппа шудааст, ки дар натиҷа мусофири автомашина Ҳакимов Икром соли
таваллудаш 1989 ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, д
...
Читать дальше »
|
Дар натиҷаи садама ба ҳалокат расид
JURNAL-VAHDAT | 05.05.2012 | Ронандаи
автомашинаи тамғаи «Марк-2» рақами давлатиаш 18-84 АВ08 Ганҷалиев
Рустам соли таваллудаш 1978 сокини деҳаи Гулрези ноҳияи Ваҳдат аз ӯҳдаи
идораи воситаи нақлиёт набаромада ба канори рости роҳ чаппа шудааст. Дар
натиҷа худи ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири он
Иззатов Баҳром соли таваллудаш 1988 сокини деҳаи Андигон ҷароҳати
ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
...
Читать дальше »
|
Сармуҳосиби беморхона маводи сӯзишвориро азони худ кард
JURNAL-VAHDAT | 05.05.2012 | Аз ҷониби кормандони милитсияи ШКД
н.Тавилдара сармуҳосиби маркази саломатии беморхонаи марказии
н.Тавилдара Мирзоев Фармон Шодиевич соли таваллудаш 1965 дастгир карда
шуд, ки номбурда аз ваколатҳои мансабии худ истифода намуда, ҳангоми
тақсим намудани мавод барои зимистонгузаронӣ, яъне гармдиҳӣ ба бунгоҳҳои
тибии дар ихтиёри маркази саломатӣ буда, аз маводи сӯзишвории салярка
11,9 литр ва аз ангиштсанг 6,410 кило ба маблағи умумӣ 3653 сомониро
азони худ намуда, ба бунгоҳҳҳои тиббӣ надодааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтиш
идома дорад.
|
Заминро ғайриқонунӣ ишғол намуда, ошхона сохт
JURNAL-VAHDAT | 05.05.2012 | Худсарона ишғоли замин ғайриқонунӣ бошад ҳам, вале шаҳрвандон дидаву
дониста ба он даст мезананд. Боз як далели худсарона ғасби замин аз
ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Ҷиргатол ошкор карда шуд. Шаҳрванд
Иноятбеков Гадомамад соли таваллудаш 1953, сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдат
моҳи апрели соли 2011 дар назди бинои дуошёнаи хонааш 0,3-га қитъаи
заминро худсарона ишғол намуда, сох
...
Читать дальше »
|
Ноболиғи авбош
JURNAL-VAHDAT | 05.05.2012 | Аз
ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷурми авбошӣ Муҳаммади
Ёдгорҷон соли таваллудаш 1995, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Н.Қаробоев
дастгир карда шуд, ки номбурда соати 22-и шаб ба тариқи озод ба хонаи
шаҳрванд Зубайдова Малика Муродовна соли таваллудаш 1968, сокини деҳаи
Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ даромада, ба онҳо ҷанҷол намуда, писари
ноболиғаш Зубайдов Нозим Назаровичро бо таппончаи газӣ ба пояш
парронидааст. Дар натиҷа Зубайдов Нозим ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
|
Зиёда аз 21 килло маводи нашъадори «бангдона» мусодира шуд - Аз
ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Иброҳимов Шодмонхӯча соли
таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Шӯрообод, деҳаи Кӯҳдоман дастгир карда
шуд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 15 килою 525 грамм маводи
нашъадори «бангдона» дарёфт ва мусодира карда шуд. Ҳамчунин аз
шаҳрванди дигари ҳамин ноҳия Мирзоев Комрон соли таваллудаш 1988, сокини
деҳаи Навобод ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматиаш 6 килою 480
грамм маводи навъи «бангдона» даёфт ва мусодира шудааст. Оид ба ин
ҳодисаҳо таф
...
Читать дальше »
|
Заминҳоро худсарона ишғол намуданд
JURNAL-VAHDAT | 04.05.2012 | Рӯзи
03.05с.2012 аз ҷониби кормандони ШКД н.Шаҳритус муайян карда шуд,
шаҳрванд Холмирзоев Ҷурабек Ҷумаевич соли таваллудаш 1978, сокини деҳаи
Хокаки ноҳияи мазкур, моҳи марти соли 2012 худсарона, бе ягон ҳуҷҷати
расмӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи «Урун Очилдиев» 0,24-га
қитъаи замини кормами обиро ишғол намудааст. Ҳамчунин шаҳрванди дигари
ҳаимн ноҳия Ишанқулов Шӯҳрат Абдураҳмонович соли таваллудаш 1983, сокини
деҳаи Хокак, моҳи октябри соли 2012 худсарона аз заминҳои хоҷагии
деҳқонии ба номи «Урун Очилдиев» 0,20-га қитъаи замини кормами обиро
ишғол намудааст. Ҳамин тавр, аз ҷониби кормандони ШКД н
...
Читать дальше »
|
Духтарчаро 1000 доллар нарх карданд
JURNAL-VAHDAT | 04.05.2012 | Рӯзи
03.5.с.2012 ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби
кормандони милитсияи ш.Чкаловск муайян карда шуд, ки шаҳрванд Набиева
Раъно Алиевна соли таваллудаш 1956, сокини маҳаллаи Нав, хонаи 2,
аввалҳои моҳи марти соли 2011 дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Мавлонова
Зарина Баҳромовна соли таваллудаш 1973, сокини маҳаллаи Нав, хонаи 1 аз
шаҳрванд Собирова
...
Читать дальше »
|
Қаллобон соҳиби 85 000 доллари амрикоӣ гардиданд
JURNAL-VAHDAT | 04.05.2012 | Рӯзи
03.05.с.2012 ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби
кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаҳрванд Эшмуродова Мадина
Неъматуллоевна соли таваллудаш 1969, сокини ҷамоати Чимтеппа, деҳаи
Пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ солҳои 2008 ва 2009 бо маслиҳати пешакӣ бо
шаҳрванд Кенҷаев Маҳмадшафеъ Амонович соли таваллудаш 1967 сокини деҳаи
Пахтакор бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Меликова Зафнун
Шоҳимардоновна соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Ҳисор, деҳаи Туда,
даромада бо баҳонаи ба Зафнун аз деҳаи Пахтакор манзили истиқоматӣ
сохтан аз ӯ 85 000 доллари амрикоӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф
намудаанд.
|
3800 доллар бар ивази замин
JURNAL-VAHDAT | 04.05.2012 | Рӯзи 03.05.с.2012 аз ҷониби кормандони
ШКД ноҳияи Н.Хусрав шаҳрванд Панҷиев Гулчинмурод Давлатович соли
таваллудаш 1960, сокини шаҳраки Баҳор бо ҷурми қаллобӣ дастгир карда
шуд, ки номбурда моҳи ноябри соли 2008 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд
Ҷуманазарова Шарофат Ҳалимовна соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи
ҷамоати деҳоти Фирӯза, деҳаи Муродтеппа даромада, аз ӯ 3800 доллари
амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш 0,20-га қитъаи замини
наздиҳавлигиашро ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо маблағро гирифта ба
эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
|
«Порше-Каин»-ро ба маблағи 60 000 доллари амрикоӣ азони худ кард
JURNAL-VAHDAT | Рӯзи
01.05.с.2012 ба ШКД ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Саидов Умед Исмонқулович,
соли таваллудаш 1985, сокини кӯчаи Н.Қаробоев, хонаи 24/3, ҳуҷраи 45,
бо ариза муроҷиат намуд, ки дар санаи 06.02.с.2012 шаҳрванд Юлдошев
Бахтиёр Иномҷонович соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи кӯчаи
И.Сомонӣ, хонаи 103/2, ҳуҷраи 14, пеш бо моддаи 247 КҶ ҶТ суд шудааст,
бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Порше-Каин»
рақами давлатиаш 00-01 АА 01-ро ба маблағи 60 000 доллари амрикоӣ савдо
карда гирифта, ваъда додааст, ки пулашро баъд аз як ҳафта оварда
медиҳад, аммо бо ҳамин ғайб задааст. Дар н
...
Читать дальше »
|
|