Дуздии сарпӯши қубурҳо
-
Шаробхориву мастӣ ва бекориву майзадагӣ
рӯҳу равони ҳар инсонро хароб намуда, барои дарёфти маблағ оқибат онро
водор ба дуздиву поймоли ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва ё бо ҳар шакле
набошад, барои қонеъ намудани нафси саркаш даст ба амалҳои ғариқонунӣ
задан водор месозад. Ба РВКД шаҳри Душанбе аз корхонаи воҳиди давлатии
«Обу корези Душанбе» муроҷиат намуданд, ки аз ҷониби шахсони номаълум
дар кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳудуди бинои 63-ум
...
Читать дальше »
|
57 200 сомонӣ ва 16 400 доллари амрикоиро ноболиғон дуздиданд
JURNAL-VAHDAT | 24.04.2012 | Рӯзи
23.04.с.2012 ба ШКД ноҳияи Ҳисор шаҳрванд Холов Маъруф Дӯстович соли
таваллудаш 1976, сокини кӯчаи Навоӣ хонаи 6 бо ариза муроҷиат намуд, ки
санаи 09.04.с.2012 шахсони номаълум дар назди ошхонаи «Улҷабой» бо
тариқи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Караван»
рақами давлатиаш 62-79 АВ 01/РТ маблағи пулӣ 57 200 сомонӣ ва 16 400
доллари ИМА-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани
чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғон Бобоев Мансур Қурбоналиевич соли
таваллудаш 1996, сокини кӯчаи И.Сомонӣ, хонаи 8, ҳуҷраи 15 хонандаи
синфи 9-уми мактаби миёнаи №21 ва Бобоев Раҳмиддин Қурбоналиевич соли
таваллудаш 1999, сокини кӯчаи И.Сомонӣ, хонаи 8, ҳуҷраи 10 хонандаи
синфи 6-уми мактаби миёнаи №21 дастгир карда шуда, да
...
Читать дальше »
|
Дар садама ду нафар ба ҳалокат расид
JURNAL-VAHDAT | 18.04.2012 | Рӯзи 17.04.с.2012 ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақами
давлатиаш АА 65-85 РТ/02 Отабоев Азимҷон Ҷурашехович соли таваллудаш
1981, сокини ҷамоати деҳоти Оқтеппа, маҳаллаи Нави ноҳияи Спитамен, дар
ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ
дар 271-ум километри ҳудуди ҷамоати деҳоти Нов бехатарии ҳаракати роҳро
риоя накарда ба самти мукобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи
тамғаи «Мерседес Бенс» рақами давлатиаш АН 79-81 РТ/02 таҳти идораи
ронанда Яқубов Алиҷон Исматуллоевич соли таваллудаш 1965, сокини деҳаи
Бошбулоқ, корманади шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Спитамен бархӯрдааст. Дар
натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» Яқубов А.И. ва
мусофираш Шодиева К.М. соли таваллудаш 1959, сокини ҳамонҷо, ҷароҳатҳои
гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳал
...
Читать дальше »
|
Ҳавои кишвар гарму офтобӣ боқӣ мемонад
JURNAL-VAHDAT | Душанбе,
17 апрел -То 21 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои
гарму офтобӣ боқӣ монда , ҳарорати ҳаво 3-5 дараҷа баландтар мешавад.
Дар ин хусус ба JURNAL-VAHDAT Парвина Саидҷамолова, мудири шӯъбаи пешгӯии
боду ҳавои Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ дод.
Парвина Саидҷамолова афзуд, ки бо сабаби баланд гардидани ҳарорати ҳаво
дар баъзе минтақаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шимоли
кишвар, хусусан мавзеи Майхӯра, ки дар он ҷо зимистони соли ҷорӣ барфи
зиёд борид, бо об шудани он омадани сел дар назар аст.
Ҳарорати ҳаво дар ин давра дар шимоли кишвар -вилояти Суғд шабона 10-15
рӯзона 28-33 дараҷа гарм, дар вилояти Хатлон шабона 13-18, рӯзона 30-35
дараҷа гарм, дар кӯҳҳо шабона 5-10 дараҷа ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм
мешавад. Ҳавои пойтахти ҷумҳурӣ -шаҳри Душанбе ва н
...
Читать дальше »
|
Ғайриқонунӣ рабудани воситаи нақлиёт JURNAL-VAHDAT | 17.04.2012 | Рӯзи 16.04.с.2012 ба ШКД н.Ҳисор аризаи шаҳрванд Рузматов Рузиқул
Файзмаҳмадович соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи кӯчаи Баҳор,
хонаи 8, ворид гардид, ки 16.04с.2012 шахси номаълум аз истгоҳи бозори
марказӣ «САМОҲ» автомашинаи тамғаи «ТИКО», рақами давлатиаш АМ 14-05 АЕ
07-ро гирифта ба самти номаълум ғайб задааст.
Дар вақти гузаронидани
чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд
Саидов Шамсиддин Сатторович соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи
ҷамоати деҳоти Алмосӣ, деҳаи Бобосурхон содир намудааст.
|
Маъюб ба нашъаҷаллобӣ даст зад
JURNAL-VAHDAT | Интиқоли
ғайриқонунии маводи нашъадор яке аз ҷиноятҳои махсусан вазнин ба шумор
рафта, манбаи даромади гурӯҳҳои ҷиноӣ ва сабабгори сар задани дигар
ҷиноятҳои ҷуброннашаванда мебошад. Бо пурзӯр гардидани мубориза алайҳи
ин падидаи номатлуб ҷинояткорон мекӯшанд роҳу усулҳои нави интиқоли
онро кашф намоянд, вале чуноне, ки мегӯянд «бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил
намерасад» ва ҳамоно ҷаллобони ин бори зиёновар дар ҳар сурат боздошт
мегарданд.
Аз ихтиёр берун рафтани нафси саркаш ва ҳаваси ба даст
овардани пули калону муфт, табақаҳои гуногуни одамон ва ҳатто маъюбону
ашхоси носолимро низ ба коми худ мекашад ва ба интиқоли ин бори марговар
даст мезананд. Аз ҷумла чунин ҳодиса дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ошкор
...
Читать дальше »
|
Мошин ба чуқурии 2-метр чаппа шуд ШКД ш.Ваҳдат JURNAL-VAHDAT | Рӯзи 15.04.с.2012 ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2107»
рақами давлатиаш М 46-00 01/РТ шаҳрванд Бобохонов Абдуразоқ Сангович
соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи ҷамоати А.Абдулвосиев, деҳаи
Зулфи, н.Ваҳдат, корманди мизи ҳарбии ҷамоати А.Абдулвосиев, ҳангоми
ҳаракат аз тарафи деҳаи Зулфи ба тарафи деҳаи Солеҳон аз ӯҳдаи идораи
воситаи нақлиёт набаромада ба чуқурии 2-метр чаппа шудааст, ки дар
натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса
ба ҳалокат расидааст.
|
Молодежная потасовка в Вахдате: скончался 22-летний пареньПотасовка между двумя молодежными группами в близлежащем к столице городе Вахдате закончилась смертью 22-летнего парня. Как
сообщили «JURNAL-VAHDAT» в МВД, драка произошла 10 апреля на спортивной площадке
средней школы №1 города Вахдата между двумя молодежными группировками,
среди которых были и несовершеннолетние, в результате которой 22-летний
парень получил тяжелые травмы и скончался. Кроме того, сказал
источник, травмы различной степени тяжести получили несколько человек –
16-летние Ш.Дж. и К.И., 20-летний Н.А. и 21-летний Х.Ф. Лица, подозреваемые в произошедшей драке, задержаны сотрудниками Вахдатског
...
Читать дальше »
|
Боз як раиси қаллоб дастгир шуд
JURNAL-VAHDAT | 06.04.2012 | Бино ба маълумоти Раёсати
корҳои дохилии вилояти Суғд, раиси хоҷагии деҳқонии «Фирдавс»-и ҷамоати
деҳоти Навгилеми ноҳияи Исфара Абдурашид Ашӯрбоев бо истифода аз
ваколатҳои мансабӣ дар гирифтани ришва барои ҷудо намудани қитъаи замин
ҳамчун гумонбар дастгир шуд. А. Ашӯрбоев бо роҳи фиреб аз сокини
ҷамоати мазкур, ки номаш барои халалдор нашудани кори тафтишот ба таври
мустаор (З.И) оварда шудааст, барои ҷудо намудани қитъаи замин 2 ҳазору
900 сомонӣ ва 30 ҳазор рубли русӣ пора гирифтааст. Прокуратураи шаҳри Исфара нисбат ба амали А. Ашӯрбоев мутобиқи моддаи 247 қ.2-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтиш мебарад. Боиси
тазаккур аст, ки дар ин минтақаи ҷумҳурӣ ҷиноятҳои қаллобӣ дар як соли
охир се баробар боло рафтааст. Агар дар соли 2010 ҳамагӣ 45 далели
қаллобӣ дар вилоят ба қайд гирифта шуда бошад, дар соли 2011 ва се моҳи
а
...
Читать дальше »
|
Мусодираи маводи нашъаовар дар шимоли кишвар
JURNAL-VAHDAT | 28.03.2012 | Кормандони мақомоти
ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар шимоли кишвар беш аз 16 килограмм
маводи нашъаоварро мусодира намуданд.
Мувофиқи хабари
сардори хадамоти матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев, дар
ҷараёни амалиёт дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд сокини 44 – солаи ноҳияи
Ҷаббор Расулов дастгир шуда, аз 31 бастаи полиэтилении ӯ 16
килограмму 62 грамм ҳашиш пайдо гардид.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.
Тибқи
маълумоти роҳбари хадамоти матбуоти ВКД, тайи ду рӯзи охир
беш аз 40 килограмм ҳашиш ва аз оғози соли ҷорӣ қариб 350
килограмм маводи нашъаовар мусодира гардидааст.
|
Мусофирон нороҳат набошед!
Душанбе,
5 январ. JURNAL-VAHDAT .-Бо сабаби аз ҷониби Ӯзбекистон
қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ ба ҷануби Тоҷикистон ва муваққатан
аз фаъолият мондани нуқтаҳои гази табиӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар
хатсайри микроавтобуси №22, автобусҳои хатсайри №1, №2, №12 ва №37, ки
дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба мусофиркашонӣ машғуланд, барои мусофирон
шояд нороҳатӣ оваранд. Дар ин хусус ба JURNAL-VAHDAT Шавкат Саидов,
котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Бо назардошти
ҳолати ҷойдошта шаҳрдорӣ ва сохторҳои марбутаи нақлиётӣ кӯшиш ба харҷ
медиҳанд, ки аз ҳисоби воситаҳои нақлиёти бо дигар намуди сӯзишворӣ
фаъолияткунанда норасогии ба амал меомадаро бартараф созанд.
...
Читать дальше »
|
Қатли «Бобои барфӣ» дар Душанбе
Гурӯҳе аз ҷавонони Душанбе дар шаби Соли нав шахсеро, ки либоси "Бобои барфӣ”–ро дар бар дошт, ба қатл расониданд.
Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба РО гуфт, ин гурӯҳи ҷавонон ба
сокини кӯчаи Синои пойтахт Парвиз Давлатбеков дарафтода ба ӯ чанд корд
задаанд. Баъд аз интиқол ба бемористон, Парвиз Давлатбекови 24-сола
даргузаштааст.
Маҳмадулло Асадуллоев,
сухангӯи Вазорати умури дохила
ме
...
Читать дальше »
|
Зилзила дар хоки Тоҷикистону Афғонистон
Душанбе. 29-уми декабр. JURNAL-VAHDAT
- Шаби 29-уми декабр, соати 00-19 дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
заминларзаи 4-балла ба вуқӯъ пайваст. Қувваи зилзила дар маркази шаҳри
Душанбе ба 2 балл расидааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
ва мудофиаи граждании назди ҳукумати кишвар ба JURNAL-VAHDATхабар доданд. Ба
иттилои манбаъ, маркази зилзила дар 280-километрии Ҷанубу Шарқи
Тоҷикистон, дар хоки Афғонистон сабт шудааст. Дар пайи ин ҳодисаи табиӣ
ҳеҷ хисороте ба қайд гирифта нашудааст.
|
"Ҷомазардон". Кӯчарӯбии занон - шуғле аз ночорӣ
|
Боз як қаллоб дастгир шуд
Душанбе,
22 декабр. JURNAL-VAHDAT Аз шӯъбаи тафтишоти
корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ иттилоъ доданд, ки дар асоси аризаи
истиқоматкунандаи кӯчаи Неъмат Қарабоев Ш. Шарипов, ки 5 – уми сентябри
соли ҷорӣ дар маҳаллаи Яккачинор шахси ба бовариаш даромада бо номи
Тоҷиддин мошини сабукрави тамғаи «АУДИ - 4» - ашро барои чанд дақиқа
гирифта ғайб задааст, парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Ш. Шарипов то 17
–уми декабр борҳо ба маҳаллаи Яккачинор ба суроғи шиноси бедарак
ғайбзадааш рафта бошад ҳам, ӯро пайдо карда натавонистааст. Дар шӯъбаи
корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси аризаи воридшуда гурӯҳи фаврии
ҷустуҷӯи ҷиноӣ ташкил ёфта, барои дастгир намудани қаллоб корро оғоз
намуд. Баъди се рӯзи кофтуков қаллоб Ҷумъаев Тоҷиддин Аломуддинович,
ки дар кӯч
...
Читать дальше »
|
|