Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

18.222.20.250

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » Хабарҳо бо забони тоҷики
« 1 2 ... 4 5 6 7 »

Филме, ки аз буҷаи Тоҷикистон бештар даромад овардааст

Филми «Аватар», ки имрӯз дар ҳама ҷо вирди забон аст, рекорди пурфурӯшии «Титаник»-ро шикаст ва дар таърихи синамои ҷаҳон ба ҷои аввал баромад.
«Титаник» дар тӯли 6 моҳ як миллиарду 843 миллион доллар ҷамъ оварда буд, фурӯши «Аватар» дар шаш ҳафта ин рақамро убур кард ва ба як миллиарду 85 миллион доллар расид. Сайри «Аватар» дар синамохонаҳои ҷаҳон идома дорад ва ин рақами ниҳоӣ нест. Ин рақам аз буҷаи кишварҳои зиёде, аз ҷумла аз буҷаи Тоҷикистон ( 1,2 миллиард доллар дар соли 2009) бештар аст.

«Аватар» аз саргузашти Ҷейк Саллӣ, низомии маъюби амрикоӣ, дар сайёраи Пандора қисса мекунад. Ҷейкро ба ҷисми махлуқи дар озмоишгоҳ офаридашуда пайваст мекнуанд ва тавассути чунин суррогат ӯ ба Пандора меравад. Пандора хонаи қавме бо номи Нави аст, ки онҳоро як ширкат ба хотири захоири табиӣ аз сайёраа ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1130 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 27.01.2010 | Комментарии (0)

Қазияи рабудани як тифли навзоди тоҷик дар Миср

Мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, ки маъмурони амниятии Қоҳира як навзоди рабудашудаи тоҷикро пайдо карда ва ба волидонаш баргардонидаанд. Маҳмадамин Шарифов – намояндаи сафорат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса рӯзи 21 январ ба вуқӯъ пайвастааст ва тифли семоҳа сиҳати саломат дар назди волидонаш мебошад. Маҳмадамин Шарифов - имрӯз 24 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, як зани мисрӣ бо роҳи фиреб тифли Амир Ҳамза донишҷӯ ва шаҳрванди Тоҷикистонро аз иқоматгоҳаш рабудааст ва баъди муроҷиати сафорат, ниҳодҳои амниятии Миср он занро бо тифл дар 30 километрии маҳалли ҳодиса пайдо кардаанд. Ба гуфтаи Маҳмадамин Шарифов, тифли навзод сиҳати саломат ба волидонаш баргардонида шудааст.
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 926 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 24.01.2010 | Комментарии (0)

Сӯхтор дар театри Маяковский

Даҳҳо ҷомаву пероҳан ва кафшу ороишоти саҳна, ки ҳангоми иҷрои намоишнома дар театри русии Маяковскийи пойтахт истифода мешуд, дар дили шаби 21-ум ба 22-юми январ ба коми оташ рафта, нобуд шудаанд.

Ба гуфтаи кормандони театри Маяковский, сӯхтор соати 3-4-и шаб дар анбори либосҳои театр ба амал омадааст. Кормандони театр мегӯянд, агар мошинҳои сӯхторхомушкунй зуд ба ҷои ҳодиса мерасиданд, шояд як қисми либосу ороишоти саҳна ҳифз мешуд.

Суҳроб Мирзоев, мудири театри Маяковский, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, азбаски, феълан, кормандони мақомоти интизомӣ дар театр тафтишот мебаранд, додани маълумотро ба хабарнигорон манъ кардаанд. Оқои Мирзоев гуфт, ҳамин гуна фарзияе ҳаст, ки оташсӯзии ҳуҷраи либосҳои театр дар натиҷаи ба ҳам расидани симҳои барқгузар рух додаст. Сарвари театри Маяковский ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1605 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 23.01.2010 | Комментарии (0)

Заминларзаи дигаре Ҳаитиро такон дод 

Як заминларзаи қавии дигари 6.1 дараҷаӣ имрӯз Ҳаитиро такон дод. Пажӯҳишгоҳи Геологии Амрико гуфт, маркази замиларза дар 57 километри шаҳри Порто Принс пойтахти Ҳаитӣ воқеъ будааст. Заминларзаи ҳашт рӯзи пеш пойтахти Ҳаитии фақиру осебпазирро вайрону валангор кард. То кунун ба гуфтаи мақомоти расмӣ 75 ҳазор нафар қурбонии заминларзаро дафн кардаанд ва теъдоди ҳалокшудагон эҳтимолан аз 100 ҳазор нафар ҳам хоҳад гузашт.

Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 869 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 20.01.2010 | Комментарии (0)

HRW ҳукумати Тоҷикистонро танқид кард 

Созмони мӯътабари Ҳюман Райтс Вотч дар гузориши тозааш ҳукумати Тоҷикистонро барои зери по кардани ҳуқуқи инсон интиқод кардааст. Дар гузориши солонааш дар мавриди мурооти ҳуқуқи инсон дар соли 2009, Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, соли гузашта ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба таври густурда зери по шудааст, аз ҷумла ҳуқуқ ба маскан, ҳуқуқи сиёсиву, озодии сухан ва эътиқод ва ғайра. Ба гуфтаи созмон, маъмурони амниятии Тоҷикистон соли гузашта низ пайваста зиндониёну боздоштшудагонро азияту шиканҷа мекарданд. Ҳюман Райтс Вотч бо зикри гузориши соли гузаштааш дар мавриди нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, гуфтааст, то кунун ҳеҷ вокунише аз ҳукумати Тоҷикистон нагирифтааст ва авзоъи муҳоҷирон ҳамон гуна ки буд, боқӣ мондааст.

Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 705 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 20.01.2010 | Комментарии (0)

Боғи Душанбе соҳиби ду фил ва баҳмут хоҳад шуд 

Назаралӣ Сатторов, мудири боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе гуфтааст, ки имсол Ҳиндустон ба ин боғ ду филро тӯҳфа хоҳад кард. Интизор меравад, аз Русия низ ба зоопарки Душанбе чанд бузи сайд биоранд. Аммо бузургтарин дастоварди боғи ҳайвоноти пойтахти Тоҷикистон дар соли 2010 бояд баҳмут шавад, вале Назаралӣ Сатторов гуфтааст, ҳарчанд тавофуқ дар ин маврид ҳосил шудааст, вале барои аз бандари Калинингради Русия ба Душанбе овардани баҳмут ҳавопаймоҳои бузурги боркаш лозим аст, ки ҳанӯз дастрас нашудааст.
Феълан дар боғи ҳайвоноти Душанбе ҳудуди 1000 сар намояндаи 130 навъи ҳайвон нигоҳ дошта мешаванд.

Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 725 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 18.01.2010 | Комментарии (0)

Оби Осиёи Марказӣ.Мизон -- номаълум

Дар иҷлоси 54-уми Комиссиюни байнидавлатии ҳамоҳангсози баҳрабардорӣ аз захоири оби Осиёи Марказӣ масъалаи асосӣ -- мизони истифодаи об ва тартиби кори обанборҳо ҳалли худро пайдо накард.
Зеро, таври маълум, Узбакистон аз шабакаи энергетикии минтақа берун шуд ва акнун Тоҷикистон бояд худ дар андешаи тавлиди нерӯи барқ ҳангоми зимистон бошад ва бо ин мақсад аз нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум бештар истифода намояд.

Дар ин ҳол масъалаи таъмини оби худи Тоҷикистону Узбакистон ва Қазоқистон мушкил мегардад.

Анорбек Орман, сарпарасти раиси Кумитаи захоири оби Қазоқистон гуфт, ин масъала бори дигар дар иҷлосе, ки вақтҳои наздик бо ширкати энергетикҳо баргузор хоҳад гардид, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Ин нукта дар протоколи ниҳоии иҷлос, ки онро сарварони ҳайатҳои расмии панҷ к ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1095 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 15.01.2010 | Комментарии (0)

Сомонаҳо дар Тоҷикистон феъланд бозанд

Дар ҳоле ки хабаргузориҳо аз баста шудани ду сомонаи интернетӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳанд, ҳамкорони мо дар Душанбе мегӯянд, пас аз як танаффуси тақрибан дусоата ҳарду сомона аз нав дастрас шудаанд.

Субҳи имрӯз хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки дар ростои интихоботи порлумонии Тоҷикистон бо дархости ҳукумати кишвар дастрасӣ ба ду сомонаи интернетӣ дар Тоҷикистон номумкин гаштааст.

Намояндаи яке аз ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон -- "Тоҷиктелеком" ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, аз ҳукумати Тоҷикистон номае гирифтааст, ки дар он ба бастани бархе аз сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла Centrasia.ru ва Uzmetronom.com дархост шудааст.

Кормандони ширкатҳои хусусии интернетрасон низ гирифтани чунин дастури расмиро тасдиқ кардаанд. Яке аз масъулони ширкати "Телеком текнолоҷӣ" ба Ради ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 989 | Добавил: DIGU1991 | Дата: 11.01.2010 | Комментарии (0)

 Мурофиаи пайравони ҷараёни Салафия оғоз шуд  

Мурофиаи додгоҳии 7 узви созмони Салафия дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соати 3-и баъди зуҳри имрӯз шурӯъ шуд. Дар садри ин рӯйхат яке аз, ба истилоҳ, пешвоёни ин созмон Домулло Сироҷиддин меистад.

Мурофиаи додгоҳӣ таҳти сарварии Марҳабо Турдиматов, додраси додгоҳи ноҳияи Сино, мегузарад. Аъзои ҳаракати Салафия бо моддаи 189 қисми дуюми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.
Пайравони ҷараёни мазҳабии Салафия бо раҳбарии Домулло Сироҷиддин, имоми ба истилоҳ масҷиди салафиҳо, охирҳои моҳи июни соли гузашта дар натиҷаи як амалиёти муштараки кормандони кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва пулиси шаҳри Душанбе дастгир шуда буданд.

Ҷараёни Сал ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 3941 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 11.01.2010 | Комментарии (0)

Оғози корзори интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ

Шурӯъ аз имрӯз, 9-уми январ, марҳилаи пешниҳоди номзадҳо ба интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон ба таври расмӣ оғоз мешавад. Интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоёт доир хоҳад шуд. Муҳибулло Додоҷонов, роҳбари дастгоҳи КМИР, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бар пояи қонун дар бораи интихоботи вакилони маҷолиси маҳаллӣ, фурсати пешниҳоди номзадҳо ба ин интихобот ду ҳафтаро дар бар мегирад. Ба таъйиди раҳбари дастгоҳи КМИР, ҳамакнун аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои мустақил метавонанд аснод ва мадраки худро барои пешбарӣ ва таъйид ба комиссияҳои ҳавзавӣ ироа кунанд.

Ба ин далел, ки раиси маҷлиси вакилон дар шаҳр, ноҳияҳо ва вилоёт ҳамзамон намояндаи президент ва намояндаи ҳукумати и ... Читать дальше »

Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1304 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 09.01.2010 | Комментарии (0)

    МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО М. АҲМАДИНАЖОД
 5 январи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, мулоқот намуд. 
                     Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод омодагии худро ба густариши муносибатҳои Тоҷикистону Эрон, ки мазмуни табиии стратегӣ доранд, бори дигар таъкид намуданд, ба хусус баҳри рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ.
                      Тасмимоти муштараки Тоҷикистону Эрон дар мавриди пурра ва бо сифати баланд анҷом додани сохтмони нақби мошингарди Истиқлол, тезондани сохтмони нерўгоҳи Сангтўда-2, бо сармоягузории ҷониби Эрон ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 862 | Добавил: DIGU1991 | Дата: 05.01.2010 | Комментарии (0)

Сафари Оқил Оқилов ба маҳалли зилзила дар Ванҷ

Нахуствазир Оқил Оқилов ҳамроҳи як ҳайати ҳукумати Тоҷикистон субҳи 5 январ бо анҷоми сафаре ба маҳалли зилзилазадаи ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон бо хонаводаҳои осебдидаҳо аз наздик сӯҳбат кард.

Хабарнигори мо Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, ки субҳи имрӯз дар дар маҳалли заминларза буд, мегӯяд, деҳкадаи Гӯшнун бар асари такон хурдани замин дучори харобии бештар шудааст ва дар қиёс бо деҳаҳои дигар бештар хонаҳои зист фуру рехтаанд. Ҳоло мардуми бесарпаноҳи ин деҳот дар бинои мактаби маҳаллӣ ба сар мебаранд, ки ба қавли онҳо, шароити танг ва тоқатфарсо доранд. Норасоии маводи ғизоӣ, даво, рахти хоб бештар мушоҳида мешавад. Дар Интернати маркази ноҳияи Ванҷ 17 сокини ин деҳот ҷой дода шудаанд.
Беш аз 60 манзил шадидан ва чаҳор мактабу ҳафт сохтмони маъмурӣ қисман хароб шудааст. Сохтмони истиқоматии 500 хонавода ҳам бар асари зи ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1552 | Добавил: DIGU1991 | Дата: 05.01.2010 | Комментарии (0)

Хисороти заминларзаи шадид дар Ванҷ

Сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Дӯстӣ Худоёров иттилоъ додааст, ки комиссияи вилоятӣ хисороти заминларзаи субҳи 2- юми январ дар ноҳияи Ванҷ рухдодаро муайян кардааст. Ба гуфтаи сардори ситод, бар асари заминларза чаҳор мактаб, ҳафт бинои идораву муассиса ва бештар аз 60 манзили истиқоматии мардум хароб ва дар ҳолати садамавӣ қарор гирифта, дар онҳо таҳсил, кор ва зист номумкин гардидааст.  Сардори ситод баён дошт, ки бар асари харобшавии манзилҳои истиқомати алҳол бештар аз 500 кас муваққатан дар хонаҳои хешовандон ба сар мебаранд.  Намояндаи бахши ноҳиявии созмони Ҳилоли Аҳмар ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа иттилоъ додааст, ки нахустин кумаки башардӯстона аз ҷониби ин созмон ироа шудааст ва се хонаводаи бесарпаноҳмонда бо хаймаҳои гарм таъмин шудаанд. Масъулини ин ин созмон гуфтаанд, ки ми ... Читать дальше »

Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 2868 | Добавил: DIGU1991 | Дата: 04.01.2010 | Комментарии (0)

Соли 2009 ба муҳоҷирони корӣ чӣ дод?

Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон ба хабаргузориҳои маҳаллӣ иттилоъ додааст, пулҳое, ки дар  давоми 9 моҳи гузаштаи соли 2009 тавассути бонкҳо ба Тоҷикистон интиқол  ёфтааст, тақрибан 2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин  пулҳо аслан аз муҳоҷирони кории тоҷик аз кишварҳои хориҷӣ, ба вижа аз  Русия, фиристода шудаанд. Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, ин  маблағ нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 11 дарсад бештар будааст.  Аммо  бар асоси як хабари дигар, интиқоли сармояи муҳоҷирони кории тоҷик ба  Тоҷикистон 40 дарсад коҳиш ёфта ва баробар ба 1 миллиарду 300 миллион  доллар будааст. Дар бораи маблағи се моҳи ахир то ҳол маълумот мунташир  нашудааст.


... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 762 | Добавил: DIGU1991 | Дата: 04.01.2010 | Комментарии (0)

Маҳмуд Аҳмадинажод ба Душанбе меояд

Субҳи 4-уми январ раисҷумҳури Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод бо як сафари расмии дурӯза вориди Душанбе мешавад.
Ба иттилоъи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҳамон рӯзи вуруд, 4-уми январ, мулоқоти чашм ба чашми раисҷумҳури Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, зимни ин дидор ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблан имзошуда миёни ду кишвар баррасӣ хоҳанд шуд. Ҷонибҳо рӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳоти иқтисоду энержӣ, мухобирот ва кишоварзӣ тамаркуз мекардаанд.
Сипас, дидор дар ҳайатҳои бузургтар идома мекунад ва бо анҷоми он имзои санадҳое дар назар аст.
Бино бар навиштаи хабаргузории давлатии «Ховар», ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафири Эрон дар Душанбе Алиасғ ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1125 | Добавил: DIGU1991 | Дата: 03.01.2010 | Комментарии (0)