Даромаду хароҷоти буҷет дар се моҳи соли 2012
JURNAL-VAHDAT | 04.05.2012 | Бино ба маълумоти фаврии
Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар ду моҳи аввали соли 2012 ҳаҷми умумии
буҷети давлатӣ 1 млрд. 856,5 млн. сомониро ташкил дод. Тибқи маълумоти
пешакии Вазорати молияи ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ
дар моҳҳои январ- феврали соли ҷорӣ 1 млрд. 262,7 млн. сомонӣ пешбинӣ
шуда буд ва чунон ки маълум гардид, ҳаҷми даромади буҷет нисбат ба
ҳаҷми пешбинишуда беш аз 500 миллион сомонӣ зиёд ҷамъоварӣ гардидааст.
Танҳо аз ҳисоби андозҳо ба буҷаи ҷумҳурӣ 1 млрд. 95,5 млн. сомонӣ ворид
шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 249,9 млн.
сомонӣ зиёд аст.
Ба иттилои манбаъ, аз андозҳои асосӣ: андоз аз
арзиши иловашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 128 млн. сомо
...
Читать дальше »
|
Ҳаҷми истеҳсолот афзуд
JURNAL-VAHDAT | 19.04.2012 – Аз рӯи натиҷаи
семоҳаи аввали соли 2012 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар
Тоҷикистон беш аз 1 миллиарду 900 миллион сомониро ташкил дод.
Мувофиқи
маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, афзоиши ҳаҷми
истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта
114,6 фоизро ташкил дод.
Дар корхонаҳои Вазорати энергетика
ва саноат ҳаҷми афзоиши истеҳсоли маҳсулот аз моҳи январ то
моҳи марти соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 баробари
15 фоиз буда ва беш аз 700 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил
дод.
Дар истеҳсолоти нассоҷию дӯзандагӣ индекси истеҳсоли
маҳсулот аз ҳисоби афзоиши тавлиди нахи пахта, матои пахтагин,
ҳамчунин калобаи пахтагин 1,8 баробар афзуд.
Корхонаҳои
ғайритобеи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро
баробари 16,9 фоиз ка
...
Читать дальше »
|
Муҳокимаи масъалаҳои энергетика
JURNAL-VAHDAT | 06.04.2012 | 5 апрел мулоқоти
муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҶТ Маҳмудҷон Собиров бо
раиси Агентии энергетикии «DENA» - и Олмон Штефан Колер баргузор
гардид.
М.Собиров дар ҷараёни мулоқот перомуни сафари
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон моҳи
декабри соли 2011 ва имзои Ёддошт дар бораи ҳамфикрии байни
Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Агентии «DENA» нақл
кард. Ҳуҷҷати мазкур асоси роҳандозӣ намудани ҳамкории байни ду
кишвар дар бахши тавлиду истифодаи самарабахши нерӯи барқ
мегардад.
Маҳмудҷон Собиров диққати мусоҳибро ба нерӯи
мавҷудаи гидроэнергетикии Тоҷикистон ва имконияти ҳамкории
мутақобилан муфид дар ин бахш ҷалб намуд. Мавсуф ҳамчунин изҳори
умедворӣ кард, ки истифодаи технологияи муосири Олмон имкон
медиҳад, ки роҳҳои ҳалли пробл
...
Читать дальше »
|
Хидматрасонии пулакӣ боло рафт
JURNAL-VAHDAT | 28.03.2012 | Дар ду моҳи аввали соли
ҷорӣ нархи хизматрасонии коммуналӣ ва маишӣ аз 15 то 20 фоиз баланд
бардошта шуд. Ҳатто дар баъзе сартарошхонаю хонаҳои таъмири пойафзол
нарх ба тариқи бесобиқа боло рафтааст.
Ба гуфти Ҳасан Хошоков, ки
худ як вақтҳо муҳандиси корхонаи пойафзоли шаҳри Душанбе буд, дар давоми
моҳҳҳои январ – феврали соли ҷорӣ нархи таъмири пойафзол аз 80 то
110 фоиз ва хизматрасонии сартарошхонаҳо аз 45 то 55 фоиз боло
рафтааст. Ин дар мавридест, ки нархи барқ аз 1-уми апрел ба андозаи 2
дирам зиёд мегардад ва хоҳу нохоҳ он боз ба кори корхонаҳои хидматрасонӣ
бетаъсир нахоҳад монд. Тибқи маълумоти Агентии омори назди
Президенти ҷумҳурӣ, ҳаҷми хидматрасонии пулакии аҳолӣ дар моҳҳои январ –
феврали соли 2012 беш аз 1 мл
...
Читать дальше »
|
Трансформаторҳои Қӯрғонтеппа дар бозори ҷаҳон рақобатпазиранд
Душанбе,
10 феврал. JURNAL-VAHDAT . – ҶС «Трансформатор» - и
шаҳри Қӯрғонтеппа ягона корхонаи истеҳсолкунандаи трансформаторҳои
ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Корхона ҳанӯз соли 1937 бунёд гардида,
ҳоло дар он трансформаторҳои тамғаҳои мухталиф сохта мешаванд.
Соли 2011 корхона ба маблағи 3 миллиону 974 ҳазор сомонӣ
маҳсулот баровард, ки назар ба ҳамин давраи соли 2010 баробари
348 ҳазору 400 сомонӣ зиёд аст.
Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мувофиқи
суханони манбаъ, дар давраи ҳисобот ин корхона 113
трансформатор истеҳсол намуда ва 97 адади он ба маблағи 1
миллиону 523 ҳазору 900 сомонӣ дар бозори дохилии кишвар фурӯхта
шудаанд. Корхона, аз ҷумла, ба маблағи 380 ҳазору 600 сомонӣ
ба кишвари Афғонистон трансформатор фурӯхтааст.
...
Читать дальше »
|
Афзоиши истихроҷи ангишти кони «Фон–Яғноб» дар Тоҷикистон
Душанбе. 29-уми декабр. JURNAL-VAHDAT
- Корхонаи кони «Фон-Яғноб» то моҳи декабри соли равон 77 ҳазор тонна
ангишт истихроҷ намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35
ҳазор тонна зиёд аст. Дар ин бора ба JURNAL-VAHDAT аз Вазорати энергетика ва
саноати Тоҷикистон иттилоъ доданд. Тибқи иттилои
манбаъ, дар давоми соли 2011 дар Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсолӣ, аз
ҷумла, 6 корхонаи семент, 15 корхонаи саноатӣ, 80 корхонаи хиштбарорӣ,
23 корхонаи металлургӣ ва як корхонаи шишасозӣ фаъолияти худро ба роҳ
монданд. Ҳамчунин, гуф
...
Читать дальше »
|
Форуми тоҷирони кишварҳои исломӣ дар Варзоб Форуми тиҷоратии кишварҳои
узви Конфронси исломӣ бо ширкати тоҷирон ва сармоягузорони 40 кишвар
узви ин созмон дар ноҳияи Варзоб ба кори худ оғоз кард.
Дар ин ҳамоиш, ки умдатан намояндагони
бахши тиҷорати хусусӣ ширкат доранд, барномаҳои иқтисодӣ барои
сармоягузорӣ муаррифӣ мешаванд. Дар ҳошияи ин форум инчунин намоиши
дасовардҳои саноатии Тоҷикистон ва ширкатҳои тавлидкунандаи дохилӣ низ
доир шудааст.
Тоҷикистон умедвор аст бо доир намудани форуми
тиҷоратии кишварҳои узви Конфронси исломӣ битавонад барои иҷрои
барномаҳои худ, хусусан дар бахши энержӣ сармоягузоронро ҷалб кунад.
Дар
ин ҳамоиш намояндагони ширкатҳои муҳимии тиҷоратии кишварҳое назири
Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Кувейт, Эрон ва
...
Читать дальше »
|
Дафтари
иттилоърасонии қарзҳо дар Тоҷикистон Дар
Тоҷикистон дафтари иттилоърасонии қарзҳо бо ширкати IFC ё созмони
Ҳамкории Молии Байналмиллалӣ, бахши сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки
Миллии Тоҷикистон ва як ниҳоди машваратҳои молии ҳукумати Шветсария
мустақар дар Озарбойҷону Қафқоз ба фаъолият оғоз кард. Шаш ниҳоди молии
хурд, чаҳор бонки тиҷоратӣ, Иттиҳодияи созмонҳои хурди молии Тоҷикистон
саҳҳомони дафтари нави иттилоърасонӣ мебошанд. Иттиҳодияи созмонҳои
хурди молии Тоҷикистон аз соли 2007 ба ин сӯ мехост бо ин ниҳодҳо "фазои
мусоид"-и қарзаҳоро ба вуҷуд оранд, яъне чунин дафтарро ташкил диҳанд.
|
Вазири молия: "Аз таблиғоти камтаъсир худдорӣ шуд"Аз ҳисоби маблағҳои мардумӣ
то имрӯз ба маблағи 76 миллион сомонӣ барои ду агрегати нерӯгоҳи Роғун
таҷҳизот харидорӣ шудааст. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи
Тоҷикистон, гуфт, 814 миллион сомонии дигар, ки аз ҳисоби фурӯши
саҳмияҳо ба даст омадааст, дар хазинаи Вазорати молия ва бонкҳои
тиҷоратии кишвар маҳфузанд. Вазири
молияи Тоҷикистон дар сӯҳбате, ки субҳи имрӯз, 26-уми апрел, бо
хабарнигорон дошт, анҷоми маъракаи таблиғотии Роғунро рад кард ва гуфт,
«танҳо аз он гунаи таблиғот, ки таъсири кам доштааст, худдорӣ шудааст».
Аммо ҷаноби вазир мушаххас накард, ки кадом гунаи таблиғотро дар назар
дошт.
Сафаралӣ Наҷмиддинов аз фурӯши саҳмияҳои Роғун арқом овард
ва ин арқом ҳокӣ аз кунд шудани суръ
...
Читать дальше »
|
Э. Раҳмон: Фурӯши иҷбории саҳмияҳо қатъиян манъ астЭмомалӣ Раҳмон,
раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олиии
Тоҷикистон эълом кард, ки харидуфурӯши иҷбории саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи
обии Роғун "қатъиян манъ аст". Дар
иҷлосияи муштараки Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ба
манзури шунидани паёми президент бар иловаи вакилони мардумӣ, ҳамчунин
раҳбарони вазоратҳову кумитаҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ,
намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ, раисони аҳзоби сиёсӣ ва
фарҳангиён ҳузур доштанд.
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон тавассути
чаҳор шабакаи телевизиони миллӣ мустақиман пахш шуд.
Соли
рафъи пайомадҳои бӯҳрон
Раисиҷумҳур суханронии худро
дар ин иҷлосия аз мавзӯи рафъи пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии
...
Читать дальше »
|
10 миллион хисороти боздошти қаторҳои Тоҷикистон Ширкати «Роҳи оҳан»-и
Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи боздошти қаторҳояш дар қаламрави Узбакистон
ба ин ширкат ҳудуди 10 миллион доллар хисорот ворид шудааст. Афзун бар ин, раҳбарияти ин ширкат иддао дорад, ки
ҷониби Узбакистон бояд барои вагонҳои боздоштшуда ба соҳибонашон
миллионҳо доллар ҷуброн кунанд.
Боздошти қаторҳои Тоҷикистон дар
марзи Узбакистон аз мавзӯоти меҳварӣ дар нишасти матбуотии Амонуллои
Ҳукуматулло, раиси ширкати «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон, буд. Ба таъкиди
ҷаноби Ҳукуматулло, ин вазъ ба фаъолияти ширкат дар заминаи кашондани
бору мусофирон асар гузошта ва таҳлилҳо низ ҳокист, ки ҳамагуна
боркашонӣ, аз ҷумла боркашонии тронзитӣ мутаносибан 40 то 50 дарсад
нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудаа
...
Читать дальше »
|
Пайомади вагонҳои бандшуда дар Узбакистон »JURNAL-VAHDAT« Амонулло Ҳукуматулло, раиси
ширкати «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон, гуфт, дар се моҳи ахир ин ширкат аз
мусофиркашонӣ ва аз боркашонӣ дар маҷмӯъ даҳ миллион доллар зарар дид. Ӯ
гуфт, боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар хоки Узбакистон низ ба афзоиши
ҳаҷми ин зарар боис шудааст. Раиси
ширкати «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон дар нишасти матбуотияш субҳи имрӯз дар
шаҳри Душанбе гуфт, ҳудуди ду моҳ боз вагонҳои Тоҷикистон аз марзи
Узбакистон ба ин сӯ омада наметавонанд ва Тоҷикистон дар ин маврид
маҷбур мешавад, ки ба соҳибони борҳо миллионҳо доллар ҷуброн пардохт
намояд.
Амонулло Ҳукуматулло шумори вагонҳои дар Узбакистон
«хобрафта»-ро 1186 номид ва гуфт, аксарияти онҳо
...
Читать дальше »
|
Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар нерӯгоҳи Роғун Ҳайати коршиносони Бонки
ҷаҳонӣ 20-уми апрел ошноӣ бо ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи Роғунро оғоз
карданд. Ҳадафи ин гурӯҳ мушоҳида ва баҳогузорӣ ба корҳои сохтмонӣ дар
Роғун унвон шудааст. Саидқул Қурбонов,
сухангӯи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин
ҳайат поёни ҳамин рӯз ба Душанбе бармегардад ва фардо барои ошноӣ бо
вазъи нерӯгоҳи Норак озими он шаҳр хоҳад шуд. Қарор аст, сафари аввалин
гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ як ҳафта давом кунад.
Ахиран,
миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ созишномае имзо гардид, ки
тибқи он Бонки ҷаҳонӣ дар арзёбии фаннӣ ва зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун
иштирок хоҳад дошт ва дар пайи натиҷаҳои ин ташхис давлати Тоҷикистон
хоҳад тавонист, то ба Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати
...
Читать дальше »
|
Иқтисоди Тоҷикистон имсол 6,8 дарсад рушд кардааст
Маҷмӯъи
маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон наздики 4
миллиард сомонӣ, ё худ ҳудуди 915 миллион долларро ташкил додааст, ки
назар ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8 дарсад бештар аст. Ожонсии
давлатии омори Тоҷикистон мегӯяд, 30 дарсади ин нишондиҳанда аз ҳисоби
тавлидот, 58 фоизаш аз ҳисоби арзаи хадамот ва 12 дарсади дигараш
тавассути молиёту боҷу хироҷҳо гирд омадааст. Ин дар ҳолест, ки
ниҳодҳои байналмилалии молӣ суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли
ҷориро дар ҳудуди 4 дарсад пешбинӣ мекунанд. Мизони таваррум дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 1,6 фоиз гуфта мешавад.
|
Япония профинансирует пять проектов помощи населению Таджикистана Сегодня, 10 марта, посольство Японии в РТ проведет церемонию подписания пяти проектов безвозмездной помощи для широких слоёв населения.
Как сообщили «АП» в японском диппредставительстве, в церемонии ожидается участие Временного Поверенного в делах Японии в РТ Йошихиро Накаямы и замминистра здравоохранения Сохибназара Рахмонова.
«Грант-контракты будут подписаны с председателем района Рудаки Мансуром Кодировым, председателем Шугнанского района ГБАО Шодихоном Джамшедовым, заместителем председателя Айнинского района Согда Гулчехрой Саъдуллоевой, д
...
Читать дальше »
|
|