Статистика
Онлайн всего:
Гостей:
Пользователей:
Смотрят:
материалов
Скорость:
kb/s
Статистика материалов Новостей:
2892 Файлов:
15503 Фото:
991 Форум:
67/665 Коментариев:
1757 Зарег. на сайте Всего: 5922 Новых за месяц: 0 Новых за неделю: 0 Новых вчера: 0 Новых сегодня: 0
10
-mp3 Закачек!
Главная »
2012 » Апрель » 6 » Муҳокимаи масъалаҳои энергетика
14:01
Муҳокимаи масъалаҳои энергетика
Муҳокимаи масъалаҳои энергетика
JURNAL-VAHDAT | 06.04.2012 | 5 апрел мулоқоти
муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҶТ Маҳмудҷон Собиров бо
раиси Агентии энергетикии «DENA» - и Олмон Штефан Колер баргузор
гардид. М.Собиров дар ҷараёни мулоқот перомуни сафари
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон моҳи
декабри соли 2011 ва имзои Ёддошт дар бораи ҳамфикрии байни
Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Агентии «DENA» нақл
кард. Ҳуҷҷати мазкур асоси роҳандозӣ намудани ҳамкории байни ду
кишвар дар бахши тавлиду истифодаи самарабахши нерӯи барқ
мегардад. Маҳмудҷон Собиров диққати мусоҳибро ба нерӯи
мавҷудаи гидроэнергетикии Тоҷикистон ва имконияти ҳамкории
мутақобилан муфид дар ин бахш ҷалб намуд. Мавсуф ҳамчунин изҳори
умедворӣ кард, ки истифодаи технологияи муосири Олмон имкон
медиҳад, ки роҳҳои ҳалли проблемаҳои энергетикии ҷумҳурӣ пайдо
намуда ва захираҳои оби кишвар самарабахштар истифода шаванд. Раиси
Агентии «DENA» дар навбати худ зикр намуд, ки дар ҷараёни
сафараш самтҳои мушаххаси ҳамкории Агентӣ бо Тоҷикистон муайян
карда мешаванд. Барои ин заминаи ҳуқуқии фаъолияти муштарак
фароҳам оварда шудааст. «Ҳар ду ҷониб омодаанд, ки нақшаҳои
мушаххаси фаъолияти минбаъдаро муҳокима намоянд», - гуфт Штефан
Колер. Қобили зикр аст, ки мақсад аз фаъолияти Агентии
«DENA» асосан иборат аз афзун намудани самарабахшии энергетика,
ҷорӣ намудани технологияҳои навтарин ва истифодаи манбаъҳои нави
тавлиди нерӯи барқ мебошад.
Категория: Иқтисод |
Просмотров: 1456 |
Добавил: jurnal-vahdat
| Теги: масъалаҳои , энергетика , Муҳокимаи
| Рейтинг: 0.0 /0