Меню сайта
Категории раздела
Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
|
Ҷавонон |
Сиёсат |
Иқтисод |
Ид ва Чорабиниҳо |
Адабиёт ва Фарҳанг |
Илм ва Дониш |
Фарҳанг
Фарҳанг
|
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
|
Мухочирон |
Ҷомеа
Ҷомеа
|
Варзиш |
Минтақа
Минтақа
|
Ҷаҳон
Ҷаҳон
|
Новости |
Спорт |
Экономика |
Энергетика и Промышленность |
Политика |
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
|
Проишествия |
Праздники /Мероприятие |
Наука
Образование
|
Международные
Отношения
|
Мигранты |
Hi-Tech |
Транспорт |
Здравоохранения |
Образование |
Культура |
Безопасность |
Новости Сайта
Новости и Поздравления
|
Мини-чат
Наш опрос
Cообщения c Форума
(22.05.2016 в 13:41)
(17.03.2016 в 13:56)
(31.01.2015 в 16:02)
(10.12.2014 в 14:32)
(04.11.2014 в 20:35)
(03.11.2014 в 20:15)
(09.10.2014 в 13:38)
(02.09.2014 в 11:56)
(07.08.2014 в 09:13)
(12.07.2014 в 18:03)
Новые Поступления
»Mike van Fabio & Alex van ReeVe - S... |
»Sunset & Alpha Force feat. Robin Va... |
»Sunset & Alpha Force feat. Robin Va... |
»Allen Watts - Blackout (Radio Edit) |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Bakha 84 & Shabnam - Ин Ошик,и (New... |
Реклама!
Форма входа
Турецкие Сериалы
Турецкий сериал Прилив - Med Cezir 77 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Прилив - Med Cezir 76 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Месть - Возмездие - Intikam 44 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Месть - Возмездие - Intikam 43 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Курт Сеит и Шура - Kurt Seyit ve Şura 21 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Курт Сеит и Шура - Kurt Seyit ve Şura 20 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал В ожидании солнца - Güneşi Beklerken 9 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал В ожидании солнца - Güneşi Beklerken 54 серия на русском онлайн |
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????
3.16.47.89
Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
3.16.47.89
Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС
Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:
Гостей:
Пользователей:
Смотрят: материалов
Скорость: kb/s
Статистика материалов
Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757
Гостей:
Пользователей:
Смотрят: материалов
Скорость: kb/s
Статистика материалов
Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757
Зарег. на сайте
Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0
Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0
10-mp3 Закачек!
Bakha 84 & Шахроми Абубакр - Дили Девона (2012) |
Bakha 84 & Shabnam - Ин Ошик,и (New 2013) |
Садриддин Начмиддин (Sadriddin Najmiddinov) - Дилт... |
Нигина Амонкулова - Гар Дуст Медори Маро (New 2012... |
Манижа Давлатова - Ватан (2010) |
Садриддин Начмидин - Дар рузи шоди |
Шабнами Собири - Джони ширин (Dj-DiGu remix) |
Садриддин Начмидин - Аз гаматай нозанин (Dj - DiGu... |
Шабнами Сурайё feat. Dj - DiGu - Нести (New 2012) |
Максим на радио Волнах (Ты моих совсем не стоишь с... |
Главная » 2010 Апрель 14 » Афзоиши занони мардикор дар Тоҷикистон
14:31 Афзоиши занони мардикор дар Тоҷикистон | |
Афзоиши занони мардикор дар ТоҷикистонДар ҳоле, ки садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва дигари кишварҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, дар Тоҷикистон занон ҳамчун мардҳо рӯ ба мардикорӣ оварда, дар бозорҳои дохилӣ кор меҷӯянд. Рӯ овардани занон ба мардикорӣ дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Имрӯз вазъи фақру нодории хонаводаҳо, хӯронидану пӯшонидани фарзандон занонро маҷбур кардааст, то ба бозори меҳнат рӯ биёранд.Манижа, яке аз ин занон, мегӯяд, аз тангии рӯзгор шаш моҳ боз рӯ ба мардикорӣ овардааст. Вай меафзояд, «тона-тона пиёзу картошкаро тоза мекунем. Қопча мекунем. Аз соати 7 то 5 бегоҳ, 10-20 сомонӣ меёбем. Зиндагиамон аз ҳамин ҳисоб аст...» Манижа иқрор мекунад, ки барои ин корҳо зӯру бозуи мардона зарур аст, вале вай илоҷи дигаре надорад. Вай мегӯяд, бо ҳаққи заҳматаш ҳар рӯз 10 дона нон мехарад ва боқимондаи маблағро то хонаи падараш роҳпулӣ мекунад. Манижа мегӯяд, бо сабаби вазъи бади иҷтимоии хонаводаашон ҳамагӣ то синфи 7 таҳсил кардааст ва ҳоло оиладор нашудааст. Рақобат бо мардҳо Мардикорзани дигар Ҳалима Наботова модари 4 нафар фарзанд аст. Вай мегӯяд, дар бозори мардикорон ҳам байни занон ва мардон рақобат аст. Мардон аз ӯҳдаи корҳои сохтмонӣ бештар мебароянд, вале намехоҳанд, ки занон ҳам дар паҳлӯи онҳо бошанд. Ба мисли Манижа ва хонум Ҳалима занони мардикори тоҷик кам нестанд. Танҳо дар яке аз бозорҳои пойтахт, ки мо дидан кардем, теъдоди занони мардикор ба 60 нафар мерасад. Ба гуфти роҳбарони бархе аз созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, бозори мардикории занон аввал дар Ӯзбакистон рушд пайдо кард ва таъсири ин раванд дар вилояти Суғд бештар ба назар мерасад. Хайриниссо Расулӣ, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, ки бозори кори кирояи занон бештар дар вилояти Суғд рушд кардааст. Занон тариқи оилавӣ ва ё гурӯҳӣ корҳои саҳроиро бештар иҷро мекунанд. Меҳнати сангин ва ҳақмузди ночиз Бо вуҷуди заҳмати сангин занон назар ба мардон музди хеле камтар мегиранд. Ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, дар ивази меҳнати сангин ва соати кории барзиёд ҳамагӣ аз 10 то 20 сомонӣ мегиранд. Ва ин миқдор пул ҳам танҳо бо харидани 1 кг равған ва 10 нон кифоят мекунаду халос. Занҳои мардикор мегӯянд, ки соҳиби маълумоти олӣ ё миёнаи махсус нестанд ва аз сабаби соҳибкасб набудан онҳо маҷбуранд, корҳоеро ки ҳуҷҷат ва ихтисос талаб намекунад, интихоб кунанд. Аксари ин занҳо аз синни 35 то 40-сола ва бештар аз инанд. Аммо духтарони ҷавон, ки низ дар байни кироякорон кам нестанд, мегӯянд, сармояе барои омӯзиши касб надоранд. Биҳоҷал Раҳимова, раиси созмони ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт», мегӯяд, шакл гирифтани падидаи мардикории занон талаботи замон аст. Вале ин тамоюл пайомадҳои манфӣ дорад. Ва бояд ки давлат дар ҷодаи эҳёи корхонаҳои саноат ва беҳдошти вазъи иқтисодӣ ҷиддан тадбирҳо андешад. Кор аз 5-и субҳ то 8-и шаб Бозори занони кироякор дар паҳлӯи бозори мардикорон аст, вале занон худро зиёд намоён намекунанд, ҳарчанд дарёфти кор ба чашмрас будани онҳо бастагӣ дорад. Онҳо тӯда-тӯда интизор мешаванд, то ки савдогарони яклухтфурӯши меваю сабзавот барояшон шуғле диҳанд. Мардони корфармо низ мегӯянд, ки мардикорони зан корҳои сабукро медиҳанд. Яке аз аз онҳо мегӯяд, "бо занҳо кор кардан хуб аст. Аз соати 5 саҳар то 8 шаб кор мекунанд. Чизе намегӯянд. Мо ҳам аз кори онҳо розӣ ҳастем». Мавлавии Муҳаммадалии Файзмуҳҳамад, рӯҳонии маъруфи ҲНИТ мегӯяд, ки бо назардошти он ки 99 дарсади ҷомеаи Тоҷикистон мусулмон аст, ислом иҷрои кори вазнинро барои ҳамсарон манъ кардааст, бахусус мардикории занонро. Вай афзуд, «ноогоҳии занон аз ислом ва ҳуқуқҳяошон аст, ки аз мардон масъулият талаб намекунанд. Ва паҳлӯи дигар, сатҳи пасти иқтисодии кишвар аст, ки занонро низ маҷбур кардааст пайи нони хеш ба бозор ва дигар корҳои вазнин рӯ оваранд». Талошҳои Кумитаи кор бо занон Маърифат Шокирова, корманди Кумитаи кор бо занон мегӯяд, ки аз рушд ёфтани бозорҳои занони мардикор дар Суғд Кумита огоҳӣ дорад. Вале то кунун Кумита теъдоди ин занҳоро расман ба қайд нагирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, Кумитаи кор бо занон дар садади роҳандозии барномаҳо бо касбҳои дузандагӣ ва пазандагӣ барои занҳост. Муҳаммадҷон Набиев, равоншиноси тоҷик, бар ин назар аст, ки рӯ овардани занон ба бозори меҳнати кироя, дур шудани онҳо аз тарбияи фарзанд ва ҳифзи оилаи солим аст. Ин ҳолат аз коста шудани оилаи тоҷик, ки сутуни ҷомеа ва давлат аст, дарак медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукуматро зарур аст, ки барои пешгирии ин тамоюл барномаҳои муҳими давлатиро амалӣ гардонад. Дар акси ҳол занони тоҷик низ роҳи ҳиҷрат ба хориҷи кишварро пеш хоҳанд гирифт. | |
|
Всего комментариев: 0 | |