Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.15.239.0

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Апрель » 30 » Таҳсили 12-сола дар мактаб ҳатмӣ мешавад
15:58
Таҳсили 12-сола дар мактаб ҳатмӣ мешавад
Таҳсили 12-сола дар мактаб ҳатмӣ мешавад

Бо ҳадафи боло бурдани сифати таълим дар макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон парлумони кишвар тарҳи иловаҳо ба қонун дар мавриди гузариш ба низоми таълими 12-соларо қабул кард.

Интизор меравад, ки низоми нави таълим дар кишвар марҳила ба марҳила ҷорӣ шавад ва аз моҳи сентябри соли равон мӯҳлати таҳсил дар тамоми макотиби миёнаи 9-сола як соли дигар тамдид ёбад. Солҳои 2014-2015 қабули хонандаҳо ба мактаб аз синни 6 шурӯъ хоҳад шуд ва дар солҳои 2016-2017 мактабҳои Тоҷикистон бояд пурра ба низмои таълими 12-сола хоҳанд гузашт.

Баҳси низоми нави таҳсил 2 соли пеш шурӯъ шуда буд ва дар пайёми ахири худ президенти кишвар аз он ҷонибдорӣ кард. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, низ дар ҷаласаи ахири парлумони кишвар гуфт, барои мутобиқ кардани сатҳи таълим ба меъёрҳои ҷаҳонӣ низоми таҳсили 12-сола зарур астд. Ба гуфтаи ӯ, ин навъи тадрис метавонад ба падидаи тарки таҳсил кардани хонандагон хотима гузорад.

Ба гуфтаи бархеи коршиносон, бартарии дигари низоми 12-сола дар он аст, ки хонанда имкон пайдо мекунад, барномаи соли аввали донишгоҳро дар мактаби миёна омӯхта, барои таҳсил дар мактаби олӣ омода шавад.




Аксари таҳлилгарони ҷавон ҳам таълимоти 12-соларо беҳтари низоми тадрис медонанд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба вазъи феълии соҳаи маориф ва мушкилоти фаровони он, аз ҷумла камбуди омӯзгорон ва ҷои нишасту мактаб, аз тасмими гузариш ба низоми 12-сола истиқбол намекунанд. Ба ақидаи онҳо, дар ҳоли ҳозир ҷалби омӯзгорони ҳирфаӣ ва беҳтар кардани шароити молии макотиби миёна муҳимтар аст.

Бо ҷорӣ шудани низоми нав то соли 2016 дар макотиби кишвар шумори хонандагон ба беш аз 2 миллион хоҳад расид ва зарурати ифтитоҳи беш аз 12 ҳазор синфхонаҳои нав пеш хоҳад омад. Аммо ба гуфтаи вазири моариф, дар ҳамдастӣ ва ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ҳукуматӣ метавон то соли 2017 низоми 12 соларо дар кишвар ҷорӣ кард. Ба қавли ӯ барои ба пуррагӣ гузаштан ба низоми нави таълимӣ вазорати маориф ба 356 миллион сомонӣ ниёз дорад.

Вале ин ҳама гуфтугузорҳо дар мавриди ҳатмӣ кардани таҳсил то синфи 10-ум ва баъдан ҷорӣ шудани таҳсили 12- сола дар ҳолест, ки аксари хонандагони макотиби миёна аз он ҷонибдорӣ намекунанд. Онҳо боз як соли дигар тамдид кардани таҳсилро сарфаи беҳудаи вақт меноманд.

Тибқи иттилои Бунёди атфоли СММ, 25 дарсади духтарони тоҷик аз синфи 7 ва 8 таҳсилро тарк мекунанд. Ҳонгвей Гао, раҳбари Бунёди атфоли СММ, гуфт, илова кардани боз як сол ба таҳсил наметавонад барои ҷалби кӯдакон ба мактаб мусоидат кунад.

Хонуми Ҳангвей Гао мегӯяд, муҳим на мӯҳлат ва сол, балки сифати таҳсил аст. Вале ӯ аз тасмими ҷалби хонандаҳо аз синни 6-солагӣ ба мактаб дастгирӣ мекунад, зеро хонанда дар синнй 5 ва 6-солагӣ ҳофизаву қобилияти беҳтари омӯхтану аз худ карданро дорад.

Аммо хонандагону бархе аз омӯзгорони макотиби миёнаи Тоҷикистон дар шароити феълӣ бозгашт ба таҳсили 10-солаи таҷрибаи замони шӯравиро беҳтару муассиртар мехонанд, низомеро, ки замоне худи онҳо мувофиқи он таҳсил ва хатми мактаб карданд.
Категория: Илм ва Дониш | Просмотров: 3141 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: Таҳсили 12-сола, 2010, ахборот, tj, 12, Taj, новости, дар мактаб ҳатмӣ мешавад, news, таджикистан | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar