Меню сайта
Категории раздела
Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
|
Ҷавонон |
Сиёсат |
Иқтисод |
Ид ва Чорабиниҳо |
Адабиёт ва Фарҳанг |
Илм ва Дониш |
Фарҳанг
Фарҳанг
|
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
|
Мухочирон |
Ҷомеа
Ҷомеа
|
Варзиш |
Минтақа
Минтақа
|
Ҷаҳон
Ҷаҳон
|
Новости |
Спорт |
Экономика |
Энергетика и Промышленность |
Политика |
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
|
Проишествия |
Праздники /Мероприятие |
Наука
Образование
|
Международные
Отношения
|
Мигранты |
Hi-Tech |
Транспорт |
Здравоохранения |
Образование |
Культура |
Безопасность |
Новости Сайта
Новости и Поздравления
|
Мини-чат
Наш опрос
Cообщения c Форума
(22.05.2016 в 13:41)
(17.03.2016 в 13:56)
(31.01.2015 в 16:02)
(10.12.2014 в 14:32)
(04.11.2014 в 20:35)
(03.11.2014 в 20:15)
(09.10.2014 в 13:38)
(02.09.2014 в 11:56)
(07.08.2014 в 09:13)
(12.07.2014 в 18:03)
Новые Поступления
»Mike van Fabio & Alex van ReeVe - S... |
»Sunset & Alpha Force feat. Robin Va... |
»Sunset & Alpha Force feat. Robin Va... |
»Allen Watts - Blackout (Radio Edit) |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Bakha 84 & Shabnam - Ин Ошик,и (New... |
Реклама!
Форма входа
Турецкие Сериалы
Турецкий сериал Прилив - Med Cezir 77 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Прилив - Med Cezir 76 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Месть - Возмездие - Intikam 44 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Месть - Возмездие - Intikam 43 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Курт Сеит и Шура - Kurt Seyit ve Şura 21 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Курт Сеит и Шура - Kurt Seyit ve Şura 20 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал В ожидании солнца - Güneşi Beklerken 9 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал В ожидании солнца - Güneşi Beklerken 54 серия на русском онлайн |
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????
18.222.20.250
Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
18.222.20.250
Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС
Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:
Гостей:
Пользователей:
Смотрят: материалов
Скорость: kb/s
Статистика материалов
Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757
Гостей:
Пользователей:
Смотрят: материалов
Скорость: kb/s
Статистика материалов
Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757
Зарег. на сайте
Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0
Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0
10-mp3 Закачек!
Bakha 84 & Шахроми Абубакр - Дили Девона (2012) |
Bakha 84 & Shabnam - Ин Ошик,и (New 2013) |
Садриддин Начмиддин (Sadriddin Najmiddinov) - Дилт... |
Нигина Амонкулова - Гар Дуст Медори Маро (New 2012... |
Манижа Давлатова - Ватан (2010) |
Садриддин Начмидин - Дар рузи шоди |
Шабнами Собири - Джони ширин (Dj-DiGu remix) |
Садриддин Начмидин - Аз гаматай нозанин (Dj - DiGu... |
Шабнами Сурайё feat. Dj - DiGu - Нести (New 2012) |
Максим на радио Волнах (Ты моих совсем не стоишь с... |
Главная » 2010 Май 26 » Садҳо вагони манъшудаи НАТО дар Узбакистон
14:02 Садҳо вагони манъшудаи НАТО дар Узбакистон | |
Садҳо вагони манъшудаи НАТО дар УзбакистонСадҳо вагон моли марбут ба нерӯҳои НАТО дар қаламрави Узбакистон дар банд мондааст. Ба гуфтаи оқои Қаландаров, беш сесад вагон моле, ки бояд ба шимоли Афғонистон барои нерӯҳои НАТО фиристода шаванд, дар қаламрави Узбакистон дар банд мондааст. Усмон Қаландаров гуфт, ин вагонҳо ҳомили маводи сӯхти реактивӣ, яъне керосин ва масолеҳи сохтмонӣ барои нерӯҳои Эълтилофи байналмилалии зидди террористӣ дар Афғонистон мебошанд. Ҳоло идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон барои ҳалли қазияи мазкур ба сафоратҳои Афғонистон, Амрико, Ҷопон ва Эрон зимни номае муроҷиъат кардааст. Вале то кунун вокунише аз ин сафоратхонаҳо дарёфт накардааст. Ҳамчунин Роҳи оҳани Тоҷикистон бино ба хароб будани қитъаи роҳи оҳани Тирмиз - Қурғонтеппа аз Узбакистон дархост намудааст, ки вагонҳои НАТО-ро тавассути роҳи оҳани Душанбе интиқол диҳад. Аммо дар ин бора низ то кунун посухе нарасидааст. Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе гуфт, чунин номае аз ҷониби Тоҷикистон дарёфт ва барои баррасӣ ба Кобул мухобира шудааст. Тибқи иттилоъи масъулони ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон, Узбакистон аз таърихи 22 май бори дигар ҳаракати вагонҳои ҳомили бори мухталиф ба қаламрави вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистонро қатъ кардааст. Ин масъулон мегӯянд, ҳамакнун дар қаламрави Узбакситон ҳудуди ҳазор вагон, ки бояд ба самти Хатлон ҳаракат кунанд, боздошт шудаанд. Дар ҳоле, ки ҷониби Узбакситон тахриби қитъаи роҳи қатори Амузанг – Термизро аз иллати аслии ин амр унвон кардаанд, масъулони ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон мегӯянд, кишвари ҳамсоя барои бозсозии ин қитъаи роҳ тавассути ин ширкат ризоят намедиҳад. Ин дар ҳолест, ки вазъи мавҷуд мояи нигаронии соҳибкорону тоҷирони тоҷике шудааст, ки вагонҳои бору колояшон дар марзи Узбакистон дар банд аст. Андрей Тропин, як масъули ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, «аз таърихи 22 май то кунун ҳеҷ як вагон аз тариқи истгоҳи Қурғонтеппа, вориди Тоҷикистон нашудааст ва гумон аст, ки иҷозаи вурудро пайдо кунанд. Далели ин амр рӯшан нест , аммо ба иттилои мо дар марзи Узбакистон 969 адад вагони самти Хатлон, ҳомили бору коло, ба хусус маводи сухт, семент ва дигар таҷҳизоти зарурӣ барои иқтисоди Тоҷикистон дар банд ҳастанд. Вагонҳое, ки тариқи тронзит аз Русия, Қазоқистон, Эрон ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон бояд бирасанд». Аммо ҷониби Узбакистон ҳамоно дар таъхир шудани убури вагонҳои Тоҷикистон аз қаламрави он кишвар сабабҳои техникиро пеш меорад. Узбакистон: Роҳи оҳан дар таъмир аст! Зафар Раҳимҷонов, консули сафорати Узбакистон дар Душанбе мавриди дубораи боздошти қаторҳои Тоҷикистон дар марзи кишварашро таъид кард ва сабаби онро чунин шарҳ дод, «ба иттилои ширкати ширкати роҳи оҳани «Узбекистан темур йулларӣ» ба сабаби ноустувории минтақаи сейсмикӣ, паёмадҳои резиши сел ва набуди захираҳои молӣ ва фаннӣ, ин ширкат наметавонад тармиму бозсозии қитъаи роҳи «Термиз – Амузанг» ро анҷом диҳад. Ин вазъ ба таври мустақим ба ҳаракати қаторҳои самти Қурғонтеппаи вилояти Хатлони Тоҷикистон асар гузоштааст». Ҷаноби Раҳимҷонов, қатъи ҳаракати қаторҳо ба самти Хатлони Тоҷикистонро дар ҷорчӯби муқарароти байналмилалӣ медонад ва мегӯяд, бо вуҷуди дархостҳои мукарари Узбакистон барои тағйири самти ҳаракати қаторҳо ба манзури ҳалли қазияи пешомада, то ҳол ҷониби Тоҷикистон дар ин робита посухе надодааст. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ин масъули сафорати Узбакистон ҳамакнун ширкати роҳи оҳани Узбакистон шароити интиқоли ҳудуди 600 вагон бору колои мавриди ниёз ба самти Душанбе аз тариқи истгоҳи Қудуқлиро омода кардааст. Тоҷикистон омодааст роҳи оҳани Узбакистонро таъмир кунад Аммо ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон дар посух ба ин дархости ҷониби Узбакистон пешниҳод кардааст, ки омодааст, қитъаи роҳи тахрибшудаи «Термиз – Амузанг»-ро, ки 11-км-ро ташкил медиҳад, аз ҳисоби худ тармиму бозсозӣ кунад, то ҳаракати вагонҳо бидуни маҳдудият сурат бигард. Чун ба таъкиди ин масъулон вуруди қаторҳои самти Хатлон аз тариқи истгоҳи Душанбе мушкилоти фаровонеро барои соҳибони бору колоҳо ба миён меорад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон бо он ки соҳибкорону тоҷироне, ки вагонҳои бору колоҳои онҳо дар марзи Узбакистон моҳҳо боз дар банд аст, аз ин вазъ нигаронанд ва ҳамеша бо арзу шикоят ба онҳо муроҷиат мекунанд, аммо дар бароварда кардани ниёзи онҳо дасткӯтоҳ ҳастанд. Зимнан, ҳудуди чаҳор моҳ аст, ки мавзӯъи боздошти беш аз 2 ҳазор қатори ҳомили молу колои Тоҷикистон дар марзи Узбакистон ба мушкили аслӣ дар муносиботи миёни ду кишвар табдил шуда, ангезаҳои сиёсӣ ва иҷтимоъиро касб кардааст. Пас, суоли матраҳ низ ин аст, ки вазирони хориҷии Тоҷикистон ва Узбакистон фаъол кардани кадом муносиботу тамосҳоро дар назар доранд? | |
|
Всего комментариев: 0 | |