Меню сайта
Категории раздела
Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
|
Ҷавонон |
Сиёсат |
Иқтисод |
Ид ва Чорабиниҳо |
Адабиёт ва Фарҳанг |
Илм ва Дониш |
Фарҳанг
Фарҳанг
|
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
|
Мухочирон |
Ҷомеа
Ҷомеа
|
Варзиш |
Минтақа
Минтақа
|
Ҷаҳон
Ҷаҳон
|
Новости |
Спорт |
Экономика |
Энергетика и Промышленность |
Политика |
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
|
Проишествия |
Праздники /Мероприятие |
Наука
Образование
|
Международные
Отношения
|
Мигранты |
Hi-Tech |
Транспорт |
Здравоохранения |
Образование |
Культура |
Безопасность |
Новости Сайта
Новости и Поздравления
|
Мини-чат
Наш опрос
Cообщения c Форума
(22.05.2016 в 13:41)
(17.03.2016 в 13:56)
(31.01.2015 в 16:02)
(10.12.2014 в 14:32)
(04.11.2014 в 20:35)
(03.11.2014 в 20:15)
(09.10.2014 в 13:38)
(02.09.2014 в 11:56)
(07.08.2014 в 09:13)
(12.07.2014 в 18:03)
Новые Поступления
»Mike van Fabio & Alex van ReeVe - S... |
»Sunset & Alpha Force feat. Robin Va... |
»Sunset & Alpha Force feat. Robin Va... |
»Allen Watts - Blackout (Radio Edit) |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Bakha 84 & Shabnam - Ин Ошик,и (New... |
Реклама!
Форма входа
Турецкие Сериалы
Турецкий сериал Прилив - Med Cezir 77 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Прилив - Med Cezir 76 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Месть - Возмездие - Intikam 44 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Месть - Возмездие - Intikam 43 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Курт Сеит и Шура - Kurt Seyit ve Şura 21 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Курт Сеит и Шура - Kurt Seyit ve Şura 20 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал В ожидании солнца - Güneşi Beklerken 9 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал В ожидании солнца - Güneşi Beklerken 54 серия на русском онлайн |
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????
18.221.238.204
Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
18.221.238.204
Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС
Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:
Гостей:
Пользователей:
Смотрят: материалов
Скорость: kb/s
Статистика материалов
Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757
Гостей:
Пользователей:
Смотрят: материалов
Скорость: kb/s
Статистика материалов
Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757
Зарег. на сайте
Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0
Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0
10-mp3 Закачек!
Bakha 84 & Шахроми Абубакр - Дили Девона (2012) |
Bakha 84 & Shabnam - Ин Ошик,и (New 2013) |
Садриддин Начмиддин (Sadriddin Najmiddinov) - Дилт... |
Нигина Амонкулова - Гар Дуст Медори Маро (New 2012... |
Манижа Давлатова - Ватан (2010) |
Садриддин Начмидин - Дар рузи шоди |
Шабнами Собири - Джони ширин (Dj-DiGu remix) |
Садриддин Начмидин - Аз гаматай нозанин (Dj - DiGu... |
Шабнами Сурайё feat. Dj - DiGu - Нести (New 2012) |
Максим на радио Волнах (Ты моих совсем не стоишь с... |
Главная » 2011 Ноябрь 14 » Русия дарҳояшро ба рӯи тоҷикон мебандад?
21:42 Русия дарҳояшро ба рӯи тоҷикон мебандад? | |
Русия дарҳояшро ба рӯи тоҷикон мебандад?Муҳоҷирони тоҷик дар Русия, зоҳиран ба як аҳруми фишори Маскав дар таниши ахири байни ду кишвар табдил меёбанд. Бино ба маълумоти расмӣ, аз рӯзи 11 ноябр ба ин сӯ фақат дар Маскав беш аз 200 муҳоҷири тоҷикро боздошт кардаанд.
Аммо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев боздошт ва ихроҷи атбоъи Тоҷикистонро "иттифоқ”-е номид, ки рабте ба қазияи халабонҳои рус надорад. Иддаое ки созмонҳои тоҷикони Русия раддаш мекунанд. АЗ ЗАБОНИ ЯК МУҲОҶИРИ КОРӢ... Валиҷон Орзуев, ки бо тақрибан 15 хонаводаи дигар аз Тоҷикистон дар вилояти Твери Русия машғули чорводорист, мегӯяд, ахбори афзояндаи "қапоқап”-и шаҳрвандони тоҷик онҳоро сахт нигарон кардааст: "Ба Худо, ҳамин субҳ вақте дар ин бора гап заданд, ҳатто фишорам баланд шуд. Ҳама гову молу ҳама зиндагии мо ҳаминҷост, мо дар Тоҷикистон хонаву дар надорем. Мо инҷо ягон 15 хоҷагием. Бачаҳо мегӯянд, чӣ кор кунем, ҳамаро пуштиҳам бурда истодаанд? Тарс ҳаст, ба Худо, на шиштан мефораду на хестан. 300-400-ҳазорӣ додем, ин хонаҳоро харидем, ба 25-30-ҳазорӣ гову мол харидем, ин қадар гӯсолаву гӯсфанду картошкаи дунё гирифтем, аммо ҳоло намедонем, ки кадом сӯ равему чӣ кунем?” Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Мурод Бӯрибоев ба Радиои Озодӣ гуфт, сафорат дар пайи афзоиши мавориди боздошту ихроҷ, ё ба таъбири оқои Бӯрибоев, "гирифториҳо”-и атбоъи тоҷик ба хотири ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва созмонҳои муҳоҷирон як ситоди шабонарӯзӣ таъсис дод: "Фақат аз 11 то 13 ноябр ва фақат дар боздоштгоҳи рақами яки пулиси Маскав 205 нафар аз Тоҷикистон боздошт шудаанд. Дар бораи рӯзи 14 ноябр ҳанӯз маълумот нест. Аммо то 11 ноябр шумораи тоҷикон дар ин боздоштгоҳ 79 нафар буд.” ИҚДОМИ ТАРҲРЕЗИШУДА Ё ТАСОДУФ? Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Осиёву Уқёнусия дар Ҳонолулу гуфт, дар Русия кадом "маърака”-е алайҳи муҳоҷирони тоҷик роҳандозӣ нашуда ва ихроҷи ахири шаҳрвандони тоҷик аз ин кишвар иттифоқест, ки бо қазияи халабонҳои зиндонӣ рабти мустақим надорад. Аммо Медведев ба дунбол бо изҳори шубҳа ба дурустии 8,5 сол ҳукми зиндони Владимир Садовничий ва Алексей Руденко аз сӯи додгоҳи Қӯрғонтеппа гуфт, ин қазия ба равобити ду кишвар ҳатман асар мекунад ва ӯ умедвор аст, ки ин паёми ӯро дар Душанбе хоҳанд шунид. "ҲАЛВОРО ХӮРАД ҲАКИМУ КАЛТАКРО ЯТИМ" Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия аммо аз оғози як маъракаи "шикор”-и мунтахаби муҳоҷирони тоҷик дар пайи судури ҳукми ин ду халабон ва яқинан дар посух ба ин қазия изҳори нигаронӣ мекунанд. Абдуллоҳ Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикони Русия мегӯяд: "Дар ҳақиқат чунин аст. Чинда-чинда тоҷиконро мебаранд. Аз ҳамон рӯзи аввал, ки сар шуд, аз бозорҳои Тёплий Стан, Юго-Западний, ВДНХ, аз фурӯшгоҳи "Мега” ва аз сохтмонҳо маҳз тоҷикҳоро гулчин карда гирифтанд. Яъне ҳалворо хӯрад ҳакиму калтакро - ятим. Муҳоҷирони тоҷик бозичаи дасти сиёсатмадорони Русия шудаанд. Далели асосии тобиши сиёсӣ гирифтани қазия дар Русия интихоботи парлумонист. Дар асл парвои халабонҳо надоранд, балки ин ҳама бозиҳои пешазинтихоботист.” Ҳамасола то 1 миллион нафар аз шаҳрвандони тоҷик худро ба бозори кори Русия мезанад. Маблағе, ки солона ин мардум ба ватан мефиристанд, беш аз 2 миллиард доллар ё муодили то 40 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баровард мешавад. Соҳибназарони тоҷик аз қабл мегуфтанд, ки ин артиши азими муҳоҷирон ягон рӯз ҳатман ба як қартаи бозӣ дар равобити Маскаву Душанбе табдил хоҳад ёфт. Ва зоҳиран чунин фурсат барои Маскав фаро расид. Маъракаи ахири боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик рӯзи панҷшанбе, дар пайи мулоқоти раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев бо раҳбари Хадамоти муҳоҷират Константин Ромодановский оғоз ёфт. Ромодановский алорағми сӯҳбатҳои қаблиаш, ки муҳоҷирони тоҷикро як тоифаи аксаран аз аъмоли ҷиноӣ парҳезкор таъриф мекард, баъди ин мулоқот гуфт, беш аз ҳар гурӯҳи дигари муҳоҷирон дар Русия маҳз мардикорони тоҷик даст ба ҷиноят мезананд. ОНИШЕНКО БОЗ БА СУХАН ДАРОМАД... Аммо чунин ба назар мерасад, ки Маскав танҳо бо боздошту ихроҷи мардикорони тоҷик иктифо накарда, акнун боз як "тӯпхонаи сақил”-аш – Роспотребнадзорро ба бозӣ медарорад. Раиси ин идора ва сардухтури беҳдоштии Русия Геннадий Онишенко дар сӯҳбат бо Интерфакс бо пешниҳоди бастани дари Русия ба рӯи мардикорони тоҷик гуфтааст, шумори зиёди ин мардум гирифтори амрози сироятие, чун сил ва ҳатто ВИЧ буда, як роҳи илоҷ манъи комили истифодаи нирӯи кори онҳо "то замони эҷоди шароити ҳадди аққали беҳдоштӣ” дар он кишвар аст. "Ибтикор”-ҳои қаблии Онишенко, чун манъи воридоти зираи тоҷикиву шароби сохти Молдоваву оби "Боржомӣ” аз Гурҷистон "иттифоқан” алайҳи он кишварҳои пасошӯравие буд, ки дар он шабу рӯз бо Маскав таниш доштанд. Пешниҳоди ахири ӯ ҳокист, ки Маскав Душанберо аз ҷои ҷонаш, яъне дар масъалаи муҳоҷирон, боз ҳам муҳкамтар аз гулӯ хоҳад гирифт. Ва акнун навбати Душанбест, ки оё чӣ қартаи ҷавобиеро дар идомаи ин бозӣ аз бағал берун хоҳад кашид? | |
|
Всего комментариев: 0 | |