Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.133.109.58

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Апрель » 6 » Раҳмон ба Бан Кӣ Мун: "Тарҳҳои мо хатар надоранд"
11:40
Раҳмон ба Бан Кӣ Мун: "Тарҳҳои мо хатар надоранд"

Раҳмон ба Бан Кӣ Мун: "Тарҳҳои мо хатар надоранд"

Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи дабири кулли СММ-ро ба «мушкилоти мардуми қариб 8 миллионнафараи Тоҷикистон, ки соле 6-7 моҳ дар ин 15 сол аз камбуди барқу гармӣ азият мекашанд», ҷалб карда, изҳори умед намуд, ки «сохторҳои ихтисосии СММ дар ҳалли проблемаҳои зикршуда кўмак хоҳанд кард».

Президент Раҳмон дар мулоқоти худ бо дабири кулли СММ хатар доштани тарҳҳои обиву энержии Тоҷикистонро рад карда ва гуфтааст, Душанбе ҳамеша манфиатҳои кишварҳои минтақаро ба эътибор мегирад, бо татбиқи лоиҳаҳои худ метавонад минтақаро бо барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин кунад ва ҳамчунин шароити дастрасӣ ба обро беҳтар созад. Президент Раҳмон ҳамчунин гуфтааст, тарҳҳои Тоҷикистон саддарсад ба созишномаҳои байнулмилалии муҳитзистӣ мувофиқ мебошанд ва татбиқи ин тарҳҳо ба нафъи муҳити зист аст.

Президент Раҳмон сабаби фоҷеаи Аралро дар «обёрии беандоза зиёди заминҳои дашту биёбон дар кишварҳои минтақа» номидааст. Ӯ рақам ҳам овардааст, ки дар давоми 50 соли охир дар Осиёи Марказӣ қариб 6 миллион гектар замин обёрӣ шуд, ки танҳо 600 ҳазор гектараш ба Тоҷикистон рост меояд, ҳол он, ки 60% тамоми дарёҳои Осиёи Марказӣ аз ҳудуди ин кишвар сарчашма мегиранд ва аз ин захира Тоҷикистон танҳо 5-7%-ро истифода мебарад.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад, ки Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди иншооти гидроэнергетикии худ ҳанўз 3 сол пеш ба Бонки умумиҷаҳонӣ, ки ниҳоди махсусгардондашудаи Созмони Милали Муттаҳид аст, муроҷиат карда буд. Чанде пеш байни Ҷумхурии Тоҷикистон ва бонки мазкур ёддошти тафоҳум дар мавзўи гузарондани ташхиси техникӣ-иқтисодӣ ва экологии лоиҳаи нерўгоҳи Роғун ба имзо расид. Эмомалӣ Раҳмон боз ба Созмони Милали Муттаҳид расман муроҷиат намуд, ки «бояд тамоми шабакаҳои истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла обанборҳои сершумори мавҷудаи кишварҳои минтақа, инчунин вазъи экологии он мавриди ташхиси ҷиддии байналмилалӣ қарор дода шавад».



Бино бар хабари дафтари матбуоти раисҷумҳур, дабири кулли СММ аз Эмомалӣ Раҳмон шунидааст, ки монеаҳои ҷиддии сунъии эҷодшуда бар зидди Тоҷикистон дар минтақа дар баробари бўҳрони ҷаҳонии молӣ садди роҳи татбиқи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола ва умуман рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон шудааст. Президенти Тоҷикистон изҳори боварӣ намудааст, ки Созмони Милали Муттаҳид метавонад дар «бартарафсозии мушкилоти комилан сунъӣ эҷодшуда дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидати фаъол намояд».
Категория: Политика | Просмотров: 789 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: tajikistan, новости, хабархо, международные, taj news, Раҳмон ба, news, Бан Кӣ Мун, Тарҳҳои мо хатар надоранд, президент | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar