Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.149.254.25

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Февраль » 2 » Мурофиаи нашрияҳои мустақил мавқуф гузошта шуд
16:54
Мурофиаи нашрияҳои мустақил мавқуф гузошта шуд
Мурофиаи нашрияҳои мустақил мавқуф гузошта шуд

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии нашрияҳои мустақили "Азия-плюс", "Фараж" ва "Озодагон"-ро то рӯзи 23 феврали соли ҷорӣ мавқуф гузошт.

Амриддин Сафоев, додраси додгоҳи ноҳияи Сино ва додгустари парвандаи мазкур, ба ҳарду ҷониб машварат дод, ки то 23-юми феврал асноди лозимаро барои мурофиа пешниҳод кунанд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки даъвогарон ва ҷавобгарони парванда метавонанд дар чаҳорчӯби қонун бо роҳи муросо масъаларо ҳал кунанд.

Ду қозии Додгоҳи олӣ ва як додраси додгоҳи шаҳри Душанбе ахиран нашрияҳои "Фараж", "Озодагон" ва "Азия-плюс"-ро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашиданд ва барои ҷуброни маънавӣ аз онҳо 5,5 миллион сомонӣ товон талаб карданд.

Мӯҳтавои шикояти додрасҳо ба изҳороти ахири Солеҳҷон Ҷӯраев, як тан аз вакилони мудофеъ, бастагӣ дорад, ки дар шумораҳои ҳафтаи гузаштаи нашрияҳои "Озодагон", "Фараж" ва "Азия-плюс" мунташир шуд. Дар ин матолиб адвокат Ҷӯраев, бо овардани далелҳои ба гуфтаи худаш мӯътамад, бархе аз додрасҳоро дар баррасии ғайримунсифонаи парвандаҳо, ба хусус парвандаи гурӯҳи 33-нафарии мансуб ба Низомхон Ҷӯраев, соҳиби пешинаи корхонаҳои спирт ва кимиёи Исфара, мутаҳҳам донистааст.

Сардабирони нашрияҳо мегӯянд, нашри ин матолиб бо риояи қавонини кишвар сурат гирифтааст. Онҳо дар ҷавоб ба даъвои додрасҳо бо пахши як муроҷиатномаи расмӣ аз созмонҳои журналистии маҳаллӣ кӯмаки маънавӣ ва ҳуқуқӣ хостаанд.

ВОКУНИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Зафари Суфӣ, сармуҳаррири "Озодагон", мегӯяд, изҳороти вакили мудофеъ дар ҳафтаномаи ӯ бо риояи қавонини кишвар нашр шудааст
Дар вокуниш ба баҳси додгоҳии нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон ахиран созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз бо нашри як баёния аз мақомоти ин кишвар хост, ки фишор бар матбуоти мустақилро аз тариқи додгоҳҳоро хотима диҳанд.

Дар изҳороти ин созмони ҳомии матбуот гуфта шудааст, ки дар баробари қонуни номукаммали матбуот силсилаи даъвоҳои додгоҳӣ алайҳи ҳафтаномаҳо ғайривоқеист ва эҳтимол дорад, чунин кор ба як "анъана” табдил ёбад.

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дархости ҷубронҳои азими молиро бемаънӣ хонда ва гуфтааст, ки "чунин ҷаримаҳои ҳангуфт мавҷудияти расонаҳо ва ҳамон гуногунандешии маҳдуд дар матбуоти Тоҷикистонро низ зери суол мебарад".

НИГАРОНИИ СОЗМОНҲОИ РӮЗНОМАНИГОРӢ

Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон низ фишори мақомот бар матбуоти мустақилро ба боди интиқод гирифтаанд.

Субҳи имрӯз Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, Анҷумани милиии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Шӯрои васоити ахбори умумии Тоҷикистон, Бунёди дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, Маркази таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, Созмони "Журналист" ва Мактаби мустақили рӯзноманигорӣ бо пахши изҳороти дастаҷамъӣ аз кашондани се нашрияи мустақил ба додгоҳ ибрози нигаронӣ кардаанд.

Дар ин изҳорот омадааст, ки намояндагони мақомоти иҷроия ва додгоҳӣ бо чунин рафтори худ нисбат ба расонаҳои мустақил ба эътибори матбуот латма ворид мекунанд ва ба онҳо зарари равонӣ мерасонанд.

Мурофиаи додгоҳии нашрияҳои "Фараж", "Озодагон" ва "Азия-плюс" дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран ҳафтаномаи дигари бонуфузи кишвар – "Миллат" низ ба чунин як мушкил рӯ ба рӯ шудааст. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар робита ба як матлаби интиқодии ин нашрия ба додгоҳ шикоят бурда, пардохти 1 миллион сомонӣ товонро тақозо кардааст.

Бархе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки чанд ҳафта пеш аз интихоботи парлумонӣ мақомоти расмӣ бо чунин бархурд ба матбуоти мустақил саъй доранд, то худсонсуриро дар расонаҳои кишвар ташвиқ кунанд.
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1384 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: город Вахдат, 2010, tj, ахборот, Taj, новости, news, таджикистан, Мурофиаи нашрияҳои мустақил мавқуф | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar