Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

18.221.90.184

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2012 » Апрель » 19 » Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ёвари дабири кулли СММ
11:36
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ёвари дабири кулли СММ

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ёвари дабири кулли СММ

Душанбе, 19 апрел. JURNAL-VAHDAT . - Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ёвари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари ҳайати Комиссияи олии СММ оид ба татбиқи ташаббуси «Энергияи устувор барои ҳама» Луис Горатсио Гомес Ечеверри-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону СММ, пеш аз ҳама дар соҳаи обу энергетика ва таъмини рушди устувор, баррасӣ шуд.


Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иқдоми Дабири кулли СММ – ро доир ба «Энергияи устувор барои ҳама» «идомаи мантиқии саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт» номида, аз пазируфта шудани Тоҷикистон чун яке аз 5 кишвари пилотӣ (озмоишӣ) дар ин барнома изҳори хушнудӣ намуд.

Хотиррасон гардид, ки тибқи иқдоми «Энергияи устувор барои ҳама» ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд то соли 2030 ба 3 ҳадафи асосӣ дастёб шавад. Инҳо дастрасии умумӣ ба энергия, ду баробар зиёд шудани фоида аз самарабахшии энергетикӣ ва ду баробар афзун намудани истеҳсоли энергияи таҷдидшаванда дар ҷаҳон мебошанд. Дар ин муддат бояд дастрасӣ ба нерӯи барқ барои 1,3 миллиард нафар ва ба сӯзишворӣ барои 2,7 миллиард кас аз аҳолии сайёра, ки ҳоло аз ин неъматҳои моддӣ маҳруманд, таъмин гардад.


Луис Горатсио Гомес Ечеверри ба иқдомҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу энергетика ва дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ ин кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ фаъолу ташаббускор хоҳад буд.


Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон чун кишвари пилотӣ (озмоишӣ) дар татбиқи иқдоми «Энергияи устувор барои ҳама» дар амалӣ намудани барномаҳои энергетикии худ аз кумакҳои фаровони ҷомеаи ҷаҳонӣ бархӯрдор хоҳад буд, зеро мардуми кишвар ба нерӯи устувори барқ дар ҳамаи фаслҳои сол дастрасӣ надоранд.


Мусоҳибон ба дурнамои рушди соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки он яке аз манбаъҳои асосии энергияи таҷдидшаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар мебошад.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваччуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Дар ин бора ба JURNAL-VAHDAT аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Категория: Сиёсат | Просмотров: 975 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: Ёвари, кулли, дабири, Бо, Alan Connor vs. Mike Melange, Мулоқоти, СММ, Раҳмон | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar