Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.148.117.237

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Март » 2 » Манбаи аслии оби Тоҷикистон дар хатар аст
16:08
Манбаи аслии оби Тоҷикистон дар хатар аст

Манбаи аслии оби Тоҷикистон дар хатар аст

Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ба омода кардани барномаи 20–солаи ҳифз ва омӯзиши пиряхҳои кишвар шурӯъ кардааст.

Каримҷон Абдулалимов, муовини ин марказ, мегӯяд, ҳадафи ин барнома ҳифзи пиряхҳои кишвар аст, ки манбаъи аслии оби Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд. Вай афзуд, солҳои ахир обшавии босуръати пиряхҳо ба назар мерасад:
«Масалан, пиряхи Федченко аз соли 1937 то соли 2007 ба дарозии 1,5 километр ва ба баландии 800 метр об шудааст. Сабаби обшавӣ гармшавии иқлим ва бетаваҷҷӯҳӣ ба пиряхҳо аст. Агар боз эътибор надиҳем, суръати обшавӣ боз меафзояд»

Тибқи иттилоъи маркази ҳавосанҷӣ, дар Тоҷикистон 8 ҳазор пирях ҳаст, ки 8 дарсади ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд. Пиряхҳо манбаъи аслии оби Тоҷикистон, яъне 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд. Тайи 60 соли ахир ҳарорати ҳаво 1 дараҷа аз рӯи Селсия боло рафта, сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои Тоҷикистон об шудаанд. Тибқи ин манбаъ, хатари нобуд шудани беш аз 1, 6 ҳазор пиряхи хурду миёна вуҷуд дорад.

Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон бо роҳандозии барномаи ҳифзу омӯзиши пиряхҳо, ки солҳои 2010 то 2030–ро дарбар мегирад, ҳадаф
Пиряхи Федченко аз соли 1937 то соли 2007 ба дарозии 1,5 километр ва ба баландии 800 метр об шудааст.
дорад, ки раванди обшавии пиряхҳоро на фақат омӯзад, балки аз он ҷилавгирӣ кунад. Каримҷон Абдулалимов мегӯяд, таъсиси як Маркази миллии яхшиносӣ зарур аст, ки ин барномаро амалӣ кунад ва қабл аз ҳама як рӯйхати ҷадиди пиряхҳоро тартиб диҳад, қабатҳои ях тариқи моҳвораро таҳқиқ, захираҳои обро таҳлил ва дар кул бархӯрди илмӣ ба коҳиши обшавии пиряхҳоро роҳандозӣ кунад.



Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки дербоз барои ҳифзи пиряхҳояш мекӯшад, то таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кунад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар моҳи сентябри соли гузашта дар Конфронси саввуми ҷаҳонии иқлим дар Женева пешниҳод кард, ки як Бунёди байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Анвар Ҳомидов, аз мутахассисони маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, мегӯяд, вақте як кишвар дар сатҳи байнулмилал ин гуна пешниҳод мекунад, бояд худ барнома ҳам дошта бошад. Вай афзуд, ҳифзи пиряхҳо ба коҳиши фақр ва рушди иқтисоди Тоҷикистону минтақа низ рабт мегирад.

Яраш Пӯлодов, аз коршиносони масоили об, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир тасвири илмие аз вазъи захираҳои оби минтақа вуҷуд надорад ва
Пиряхҳо манбаъи аслии оби Тоҷикистон, яъне 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд.
зарурати воқеии як барномаи ҳифзи пиряхҳо ба вуҷуд омадааст.

Коршиносон ҳамчунин бар ҳамкориҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақаву осиёӣ ишора мекунанд. Ба қавли онҳо, қабл аз ҳама ҳамкорӣ бояд бо Созмони омӯзиши кӯҳсор, ки аъзояш кишварҳои Непал, Бутан, Афғонистон, Покистону ва Чину Ҳиндустон мебошанд ва ҳадафаш ҳифзи захираҳои обии Ҳимолой аст, ба роҳ монда шавад.

Иддае дигаре ҳам таъкид мекунанд, вақте ин барнома аз обанборҳо дар манотиқи кӯҳистон пуштибонӣ мекунад, бар ҳассосияти кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ - Ӯзбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон хоҳад афзуд. Онҳо мегӯянд, аз ин хотир ба кӯшишҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо онҳо бо шак хоҳанд нигарист.
Категория: Илм ва Дониш | Просмотров: 3208 | Добавил: DIGU1991 | Теги: город Вахдат, Манбаи аслии, выборах, 2010, Тоҷикистон, Манбаи аслии оби Тоҷикистон дар хат, оби Тоҷикистон, Taj, дар хатар аст, news | Рейтинг: 4.5/2
Всего комментариев: 1
avatar
0
1 ELah • 07:28, 19.09.2012
This does look promising. I'll keep cmiong back for more.
ComForm">
avatar