Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.136.23.43

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2012 » Март » 30 » Интихоби раисони нави Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ
14:24
Интихоби раисони нави Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ
Интихоби раисони нави Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ

JURNAL-VAHDAT | 30.03.2012 | Дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Абдуллоев, ки раиси шаҳри Истаравшан аст, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ доир ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ интихоб гардид. Инчунин, Саидумрон Абдураҳмонов /раиси ноҳияи Рашт/ ба узвияти Кумитаи мазкур пазируфта шуд.

Ҳамзамон дар иҷлосияи ҳаштуми палатаи болоии парлумони мамлакат тибқи қарори марбутаи Маҷлиси миллӣ Саидмурод Тағоев (раиси ноҳияи Рӯдакӣ) раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ доир ба иқтисодиёт ва коммуникатсия ва Абдуҷон Таваккалов /раиси ноҳияи Панҷ/ узви Кумитаи Маҷлиси миллӣ доир ба масъалаҳои аграрӣ , шуғли аҳолӣ ва экология интихоб гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки ин шахсон 25 феврали соли равон зимни баргузории интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои аъзои хориҷшуда аз ҳавзаҳои интихоботии Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби вакилони Маҷлисҳои халқи вилояту ноҳияҳо узви Маҷлиси миллӣ интихоб гардида буданд.

Маҷлиси миллӣ- палатаи болоии парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 узв дошта, 8 нафараш бо Фармони Президент ва боқимонда дар асоси интихобот аз ҷониби вакилони маҷлисҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои кишвар интихоб мегардад.

Президенти нахустини Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов узви доимии Маҷлиси миллӣ мебошад.
Категория: Сиёсат | Просмотров: 1008 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: Кумитаҳои, нави, Маҷлиси, Интихоби, Милли, раисони | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar