Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.15.203.242

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Январь » 6 » Фурӯши саҳмияҳои «Роғун» оғоз шуд
11:28
Фурӯши саҳмияҳои «Роғун» оғоз шуд

Фурӯши саҳмияҳои «Роғун» оғоз шуд

Субҳи барвақти имрӯз маросими фурӯши саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар саросари кишвар оғоз гардид.

Ба гуфтаи Нарзулло Ҳабибуллоев, сардори Департаменти буҷаи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар саросари кишвар 583 нуқтаи фурӯши саҳмияҳо фаъол аст ва куллия кормандони ин вазорат ва Бонки давлатии «Амонатбонк» барои иҷрои ин тарҳ сафарбар шудаанд. Вай гуфт, танҳо дар шаҳри Душанбе 47 нуқтаи фурӯши саҳмияҳо ташкил шуда ва дар чаҳор ноҳияи пойтахти Тоҷикистон марказҳои вижаи фурӯши саҳмия роҳандозӣ гардидааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон авохири соли 2009 саҳмияҳои манзуриро бо арзиши номиналии 100, 500, 1000, 5 000 сомонӣ ва ҳамчунин сертификати саҳмияҳои номӣ, ки барои маблағи беш аз 5 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, дар дохили кишвар чоп кардааст. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 5 миллион адад саҳмияҳои манзурӣ ва сертификати саҳмияҳои номӣ бо маблағи 6 миллиард сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Зеро давлати Тоҷикистон нархи оиномавии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» -ро низ ҳамин миқдор маблағ арзёбӣ кардааст.

Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе дар охири соли гузашта 6-уми январро ба унвони Рӯзи ҳамраъии сокинони пойтахт барои бунёди неругоҳи «Роғун» эълом кард, ки ба ин муносибат дар чаҳор ноҳияи пойтахти Тоҷикистон чорабиниҳои идона баргузор гардид. Расонаҳо, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии шаҳрдорӣ ва давлати Тоҷикистон низ дар ташвиқи сокинон барои ширкат ва саҳм гирифтан дар харидории саҳмияҳои неругоҳи «Роғун» фаъоланд ва ҷараёни фурӯши саҳмияҳо тавассути бархе аз шабакаҳои телевизионӣ ба таври мустақим пахш мешавад.


Фурӯши саҳмияҳои «Роғун» оғоз шуд
Тибқи муқаррарот хариди саҳмияҳо ихтиёрӣ буда ва ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ сурат мегирад. Аммо бархе аз сокинон мегӯянд, масъулони корхонаҳо ва донишгоҳҳо коргарон ва донишҷӯёнро барои харидории иҷбории саҳмияҳо ташвиқ кардаанд ва ҳатто аз маоши моҳонаи онҳо маблағҳоро баргардондаанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, низ бо судури фармоне дар бораи ҳифзи ҳуқуқии саҳмдорон хариди саҳмияҳои неругоҳи «Роғун» -ро ихтиёрӣ унвон кардааст. Аммо шаби гузашта аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ муроҷиатномаи президент Раҳмон ба ҳама шаҳрвандон пахш гардид, ки бунёди неругоҳи «Роғун» -ро ормони миллӣ унвон кард ва аз ҳама қишрҳои ҷомиа ва ҳамин тавр аз тоҷиконе, ки дар хориҷ кору зиндагӣ мекунанд, даъват кард, ки дар харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи «Роғун» фаъолона ширкат варзанд.

Дар остонаи фурӯши ин саҳмияҳо бисёре аз шахсиятҳои номдори Тоҷикистон харидории саҳмияҳо ва бунёди неругоҳи Роғунро кори нангу номуси миллӣ арзёбӣ карданд.

Темуралӣ Афғонов, раиси Департаменти қарзи давлатӣ ва захоири молии Вазорати молия гуфт, таҳлилҳо ҳокист, ки куллия саҳмияҳои неругоҳи «Роғун» тавассути шаҳрвандон ва корхонаҳо харидорӣ хоҳанд шуд. Зеро, ба таъкиди вай, то оғози фурӯши саҳмияҳо даҳҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандон ба ҳадафи харидории саҳмияҳо ба Вазорати молия ва «Амонатбонк» муроҷиат кардаанд. Давлат низ бар кафолати саҳмияҳо ва суди онҳо бо фаъол шудани ин неругоҳ таъкид дорад. Ин дар ҳолест, ки саҳмияҳо тавассути Вазорати молия бароварда шуда, Бонки «Амонатбонк» масъулияти фурӯши онро бар ӯҳда дорад, вале зери саҳмияҳо имзои мақомоти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи неругоҳи барқи обии «Роғун» гузошта шудааст.

Дар муддати беш аз 10 соли ахир ин барои бори дуввум аст, ки дар Тоҷкистон саҳмияҳо чоп ва мавриди фурӯш қарор мегирад. Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 1996 ба хотири бунёди неругоҳи «Сангтуда» дар ҷануби ин кишвар саҳмияҳоеро баровард ва аксари шаҳрвандон аз ин коғазҳои қимматдор харидорӣ кардаанд. Бо он ки ҳанӯз ҳам шаҳрвандон ин коғазҳоро дар даст доранд, вале бо вуҷуди фаъол шудани неругоҳи «Сангтуда-1» аз ҳудуди ду соле пеш касе суди онро дарёфт накардааст. Темуралӣ Афғонов, раиси Департаменти қарзи давлатӣ ва захоири молии Вазорати молия, мегӯяд, ин мавзӯъ дар ҳоли баррасӣ аст ва дар ояндаи наздик ҳалли ниҳоиро пайдо хоҳад кард.
Категория: Иқтисод | Просмотров: 1753 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: Осиё, город Вахдат, 2010, ахборот, Фурӯши саҳмияҳои «Роғун» оғоз шуд, хабархои Точикистон, новости, Азия, Рогун, таджикистан | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar