Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.137.162.21

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Январь » 7 » Фурӯши саҳмия дар як рӯз ба $92 млн расид
16:48
Фурӯши саҳмия дар як рӯз ба $92 млн расид

Фурӯши саҳмия дар як рӯз ба $92 млн расид

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар нахустин рӯзи маъракаи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун мардуми кишвар бо маблағи 400 миллион сомонӣ ё муодили 92 миллион доллар саҳмия харидорӣ кардаанд.

Ба гуфтаи ин сарчашма, дар ҳоли ҳозир иттилоъ дар бораи натоиҷи рӯзи аввали маърака дар минтақаҳо ҷамъоварӣ мешавад ва  ҳаҷми умумии фурӯши саҳмияҳо дар кишвар баъдан эълон хоҳад шуд. 

Маросими фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун дирӯз, 6-уми январ, оғоз шуд. Дар ин рӯз 583 нуқтаи фурӯши саҳмияҳо дар саросари кишвар, аз ҷумла 47 нуқта дар шаҳри Душанбе, ба кор шурӯъ кард, ки дар бисёре аз онҳо тӯдаҳои зиёди мардум мушоҳида мешуд.

Саҳмияҳои Роғун дар охирҳои соли 2009 бо арзишҳои номиналии 100, 500, 1000, 5 000-сомонӣ дар дохили кишвар чоп шудаанд. Дар маҷмӯъ зиёда аз 5 миллион адад саҳмия бо маблағи 6 миллиард сомонӣ, муодили 1,3 миллиард доллар, барои фурӯш омода шудааст. Ба гуфтаи мақомот, харидории саҳмияҳо маҷбурӣ набуда ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад. 

Мавзуи нерӯгоҳи Роғун ахиран ба як маъракаи умумимиллӣ ва тарғибу ташвиқи расонаҳои давлатии ин кишвар табдил ёфтааст. Бархе аз соҳибназарон сабаби аслии ширкати фаъоли мардум дар маросими фурӯши саҳмияҳои Роғунро ба ҳамин фазои тарғиботӣ рабт медиҳанд. Иддаи дигар бар ин назаранд, ки дар рӯзи аввали фурӯши саҳмияҳо бештар корхона ва муассисаҳо бо ҷамъоварии маҷбурии маблағҳои кормандони худ саҳм гузоштаанд. 

Дар тӯли бештар аз 10 соли ахир ин барои бори дуввум будааст, ки дар Тоҷикистон саҳмияҳоро чоп ва мавриди фурӯш қарор медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 1996 ба хотири бунёди нерӯгоҳи "Сангтӯда-1” дар ҷануби ин кишвар саҳмияҳоеро баровард ва аксари шаҳрвандон аз ин коғазҳои қимматдор харидорӣ кардаанд. Бо вуҷуди фаъол шудани ин нерӯгоҳ касе суди онро дарёфт накардааст.
Категория: Иқтисод | Просмотров: 1452 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: город Вахдат, 2010, nwes, Taj, Фурӯши саҳмия дар як рӯз ба $92 млн, Таджикиистан | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar