Меню сайта
Категории раздела
Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
|
Ҷавонон |
Сиёсат |
Иқтисод |
Ид ва Чорабиниҳо |
Адабиёт ва Фарҳанг |
Илм ва Дониш |
Фарҳанг
Фарҳанг
|
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
|
Мухочирон |
Ҷомеа
Ҷомеа
|
Варзиш |
Минтақа
Минтақа
|
Ҷаҳон
Ҷаҳон
|
Новости |
Спорт |
Экономика |
Энергетика и Промышленность |
Политика |
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
|
Проишествия |
Праздники /Мероприятие |
Наука
Образование
|
Международные
Отношения
|
Мигранты |
Hi-Tech |
Транспорт |
Здравоохранения |
Образование |
Культура |
Безопасность |
Новости Сайта
Новости и Поздравления
|
Мини-чат
Наш опрос
Cообщения c Форума
(22.05.2016 в 13:41)
(17.03.2016 в 13:56)
(31.01.2015 в 16:02)
(10.12.2014 в 14:32)
(04.11.2014 в 20:35)
(03.11.2014 в 20:15)
(09.10.2014 в 13:38)
(02.09.2014 в 11:56)
(07.08.2014 в 09:13)
(12.07.2014 в 18:03)
Новые Поступления
»Mike van Fabio & Alex van ReeVe - S... |
»Sunset & Alpha Force feat. Robin Va... |
»Sunset & Alpha Force feat. Robin Va... |
»Allen Watts - Blackout (Radio Edit) |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Bakha 84 & Shabnam - Ин Ошик,и (New... |
Реклама!
Форма входа
Турецкие Сериалы
Турецкий сериал Прилив - Med Cezir 77 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Прилив - Med Cezir 76 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Месть - Возмездие - Intikam 44 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Месть - Возмездие - Intikam 43 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Курт Сеит и Шура - Kurt Seyit ve Şura 21 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Курт Сеит и Шура - Kurt Seyit ve Şura 20 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал В ожидании солнца - Güneşi Beklerken 9 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал В ожидании солнца - Güneşi Beklerken 54 серия на русском онлайн |
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????
18.119.108.233
Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
18.119.108.233
Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС
Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:
Гостей:
Пользователей:
Смотрят: материалов
Скорость: kb/s
Статистика материалов
Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757
Гостей:
Пользователей:
Смотрят: материалов
Скорость: kb/s
Статистика материалов
Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757
Зарег. на сайте
Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0
Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0
10-mp3 Закачек!
Bakha 84 & Шахроми Абубакр - Дили Девона (2012) |
Bakha 84 & Shabnam - Ин Ошик,и (New 2013) |
Садриддин Начмиддин (Sadriddin Najmiddinov) - Дилт... |
Нигина Амонкулова - Гар Дуст Медори Маро (New 2012... |
Манижа Давлатова - Ватан (2010) |
Садриддин Начмидин - Дар рузи шоди |
Шабнами Собири - Джони ширин (Dj-DiGu remix) |
Садриддин Начмидин - Аз гаматай нозанин (Dj - DiGu... |
Шабнами Сурайё feat. Dj - DiGu - Нести (New 2012) |
Максим на радио Волнах (Ты моих совсем не стоишь с... |
Главная » 2011 Ноябрь 14 » ҲДТ ва ҲНИТ: “Муҳоҷирон набояд қурбонии манфиатҳо шаванд”
14:46 ҲДТ ва ҲНИТ: “Муҳоҷирон набояд қурбонии манфиатҳо шаванд” | |
ҲДТ ва ҲНИТ: "Муҳоҷирон набояд қурбонии манфиатҳо шаванд”Ҳизбҳои демократ ва наҳзати исломии Тоҷикистон аз боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кардаанд.
Ҳизби демократи Тоҷикистон бо пахши баёнияе аз нерӯҳои сиёсии Русия
хостааст, ки аз ҳамагуна шарҳу тавзеҳоти ноҷо, ки ба равобити Душанбеву
Маскав халал ворид хоҳад кард, худдорӣ намоянд.
Зеро ба бовари масъулони ин ҳизб ҳамагуна тавзеҳот ва мавзеъгириҳои ноҷо ба зиндагии миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳад гузошт, ки як гурӯҳи онҳо танҳо барои таъмини зиндагии худу пайвандонашон муҳоҷират дар Русияро ихтиёр кардаанд. Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд, изҳороти онҳо дар ҳоле пахш мешавад, ки намояндаи ин ҳизб аз сафар дар Екатеринбург ба кишвар бозгашта ва вазъи муҳоҷирони тоҷик дар минтақаҳои мухталифи Русияро вахим арзёбӣ кардааст. Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон
Оқои Собиров мегӯяд, муҳоҷирони кории тоҷик ҳоло қурбонии сӯитафоҳумҳо
миёни мақомоти Душанбеву Маскав шудаанд, ки дар пайи ҳукми зиндони ду
халабони ширкати русӣ рӯ задааст. "Намешавад, ки як мардуми
бечораву бепуштибонро дар ғарибӣ таҳқир кард ва ё зери лату кӯб қаро дод
ва ё дигар роҳ надиҳанд, ки ба ҷои кори худ рафта, ба фаъолияташон
идома бидиҳанд”,-афзуд ӯ.Дар ҳамин ҳол, Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ низ бо пахши изҳороте аз мақомоти порлумони Тоҷикистон тақозо кардааст, ки дар наздиктарин ҷаласаи худ мавзӯи боздошту ихроҷи муҳоҷиронро баррасӣ карда, ҳайате аз вакилонро барои ошноӣ бо вазъи муҳоҷирон ва ҳалли мушкили онҳо ба Русия бифиристад. ҲНИТ дар изҳороти худ боздошт ва ихроҷи гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷикро дар пайи маҳкумияти ду халабони ширкати русии "Ролкан Инвестмент ЛТД” амали нодуруст номидааст. Дар ин баёнияи ҲНИТ омадааст: "Идома ёфтани ин раванд натанҳо ба муносибати таърихан дӯстонаи ду кишвар, балки ба ҳаёти миллионҳо ҳамватанони мо таъсири манфӣ гузошта, дар ниҳоят ба бад шудани вазъи иқтисодии кишвар оварда мерасонад. Сиёсӣ ва печида гардидани қазияи ду халабон баёнгари он аст, ки механизмҳои ҳалли дидгоҳ ва назарҳо дар муносибати ду кишвар заиф гаштаанд ва зарурат ба таҳкиму гардонидани онҳо пеш омадааст.” Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳамин шабу рӯз эҳтимоли ихроҷи садҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия вуҷуд дорад. Дар ҳоле ки ба қавли масъулони ин ҳизб муҳоҷирон на танҳо дар нигаҳдошти суботи кишвари худ, балки дар ободонии кишвари Русия низ нақш доранд: "Ин мардуми бе ин ҳам азияткашида ва дур аз сиёсат, ки ҷуз меҳнати пурмашаққату дурӣ аз ватану наздикони худ чизи дигареро намедонанд, набояд қурбонии сӯитафоҳумҳо ва ҳисоббаробаркунии мақомот ва масъулини ду кишвар гарданд." Ин аст, ки ҳам Ҳизби демократ ва ҳам Ҳизби наҳзати исломӣ дар баёнияҳои худ амалкарди мақомоти расмии Тоҷикистон дар мавриди ҳимоят аз муҳоҷирони кории тоҷикро нокофӣ хондаанд. Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, ҳанӯз имкони баррасии шикояти ду халабони маҳкумшуда дар додгоҳҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад ва ин масъала дар чаҳорчӯби қонунҳои кишвар ҳалли худро хоҳад ёфт. "Бинобар ин, Шӯрои сиёсии ҲНИТ умедвор аст, ки масъулини кишвари дӯст – Русия низ аз боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик ҳамчун амали ҷавобӣ ба қазияи халабонҳо даст мекашад”,- гуфта шудааст дар изҳороти ҲНИТ. Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳам мегӯяд, миёни ҳукми додгоҳ ва ҳаёҳуи Маскав як сирреро мебинад ва мехоҳад ба зудӣ мӯйро аз хамир ҷудо намояд. Аз ин рӯ, оқои Собиров гуфт, аз вакили мудофеи Владимир Садовничий ва Алексей Руденко хоҳад хост, ки як нусха аз парванда ва ҳалномаи додгоҳро ба онҳо бидиҳанд, то ин ҳизб қазияро аз наздик баррасӣ намояд. Берунорӣ Ҳукми зиндони ду халабони ширкати русӣ дар рӯзи ҳафтуми ноябр хашми Маскавро барангехт ва мақомоти ин кишвар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки Садовничий ва Руденкоро аз боздошт раҳо карда, ба кишварашон бозпас бифиристанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин ду халабон бо ҷурми убури ғайриқонунии марз ва қочоқу нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз зиндонӣ шудаанд ва ин айби онҳо исботи худро ёфтааст. Онҳо мутмаинанд, ки ин қазия як баҳси оддии додгоҳист, на сиёсӣ. Вале ахиран дар пайи афзоиши фишор болои муҳоҷирон ва ихроҷи як гурӯҳи онҳо аз Маскав хабаргузориҳои русӣ навиштанд, ки қазияи халабонҳоро худи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таҳти назорат гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Интерфакс" навиштааст, ки Тоҷикистон барои "ҳалли созанда”-и қазияи ҳукми халабонҳои рус розӣ аст ва хостори он шудааст, ки Русия аз азияти муҳоҷирони корӣ даст бардорад. Дар ин бора як манбаи дипломатии Русия ба хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ додаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, айни ҳол барои Тоҷикистон авлотар аз ҳама – ҳифзи робитаҳои ҳампаймонӣ бо Русия аст. Дар ҳоле ки Хадамоти муҳоҷирати Русия аз боздошти 300 муҳоҷири тоҷик гузориш медиҳад, дақиқ нест, ки чӣ теъдод аз муҳоҷирон бозошт шудаанд. Каримҷон Ёров, раиси созмони ғайридавлатии Этмос дар Маскав, ки рӯзи якшанбе аз боздоштгоҳи муҳоҷирон дар шаҳраки Севернаяи Маскав дидан мекард, гуфт, боздоштшудагон ба андозае зиёданд, ки дар боздоштгоҳҳо барояшон ҷой намерасад. Вай таъкид кард, ки амалиёт танҳо зидди тоҷикон равона шуда, полис муҳоҷиреро, ки шаҳрванди Тоҷикистон, аммо намояндаи миллати қирғиз буд, озод кард, аммо тоҷиконеро, ки ҳатто дорои ҳама гуна асноди қонунӣ буданд, ба ҳабс гирифт. Дар ҳамин мусоҳибааш ҷаноби Ёров афзуд, Дар Чеченистон ва Челябинск низ зидди муҳоҷирони тоҷик иқдомоте сурат гирифтааст. | |
|
Всего комментариев: 0 | |