»Mike van Fabio & Alex van ReeVe - S...![]() |
»Sunset & Alpha Force feat. Robin Va...![]() |
»Sunset & Alpha Force feat. Robin Va...![]() |
»Allen Watts - Blackout (Radio Edit)![]() |
»Armin van Buuren - A State of Tranc...![]() |
»Armin van Buuren - A State of Tranc...![]() |
»Armin van Buuren - A State of Tranc...![]() |
»Armin van Buuren - A State of Tranc...![]() |
»Bakha 84 & Shabnam - Ин Ошик,и (New...![]() |
Турецкий сериал Прилив - Med Cezir 77 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Прилив - Med Cezir 76 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Месть - Возмездие - Intikam 44 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Месть - Возмездие - Intikam 43 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Курт Сеит и Шура - Kurt Seyit ve Şura 21 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Курт Сеит и Шура - Kurt Seyit ve Şura 20 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал В ожидании солнца - Güneşi Beklerken 9 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал В ожидании солнца - Güneşi Beklerken 54 серия на русском онлайн |
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день

216.73.216.114
Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС
Гостей:
Пользователей:
Смотрят: материалов
Скорость: kb/s
Статистика материалов
Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 67/665
Коментариев: 1757
Всего: 5922
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0

Bakha 84 & Шахроми Абубакр - Дили Девона (2012) |
Bakha 84 & Shabnam - Ин Ошик,и (New 2013) |
Садриддин Начмиддин (Sadriddin Najmiddinov) - Дилт... |
Нигина Амонкулова - Гар Дуст Медори Маро (New 2012... |
Садриддин Начмидин - Дар рузи шоди |
Манижа Давлатова - Ватан (2010) |
Шабнами Собири - Джони ширин (Dj-DiGu remix) |
Садриддин Начмидин - Аз гаматай нозанин (Dj - DiGu... |
Шабнами Сурайё feat. Dj - DiGu - Нести (New 2012) |
Максим на радио Волнах (Ты моих совсем не стоишь с... |
15:30 Далелҳои раднашавандаи раиси Суди шаҳри Қурғонтеппа (сӯҳбати ихтисосӣ) | |
Далелҳои раднашавандаи раиси Суди шаҳри Қурғонтеппа (сӯҳбати ихтисосӣ)
- Мӯҳтарам Темур Гулбоевич, асли қисса кадом аст? Оё сарнишинҳо Владимир Садовничий ва Алексей Руденко ҳангоми мурофиаи судӣ ба гуноҳи худ иқрор шуданд? - Ҳаминро мебояд гуфт, ки халабонҳо аз фурӯдгоҳи шаҳри Кобул бе ягон иҷозатнома парвоз карданд. Онҳо инро нағз медонистанд, зеро шартномаи онҳо бо яке аз ширкатҳои афғонистонӣ бо номи «Сулрим фуд сервис», ки ба кашонидани бор дар дохили Афғонистон машғул буд, ҳанӯз дар моҳи феврал анҷом шуда буд. Аз ғайриқонунӣ фаъолият доштани тайёраҳои муттаалиқ ба ширкати «Ролкан Инвесменс ЛТД», давлати қонунии Афғонистон огаҳӣ ёфта буд ва онҳоро пайгирӣ доштанд. Дар рафти мурофиаҳои судӣ, ки кушода мегузаштанд, онҳо талош карданд, ки гуноҳҳои содиркардаашонро рӯйпӯш карда, амалҳояшонро ба тарзи дигар шарҳ бидиҳанд, вале дар асоси далелҳои шайъӣ Садовничий Владимир Владимирович шаҳрванди давлати Русия ва Руденко Александр Виктрович шаҳрванди Эстония мувофиқи талаботи моддаҳои 218, 289, қисми 3, бандҳои «г» ва 335 қисми «д» ба мӯҳлати 10 солу 6 моҳӣ аз озодӣ маҳрум гаштанд. Бо назардошти қонуни авфи умум аз 20 - уми августи соли 2011 бошад, 2 солии мӯҳлати ҳабс кам карда шуд. Гуноҳи онҳо исботшуда аст. -Шояд онҳо умед доштанд, ки аз кишвари дӯсти Тоҷикистон ба осонӣ раҳоӣ меёбанд?
- Оё онҳо иҷозати фурӯд омадан ба фурӯдгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаро дарёфт накарда буданд? - Ҳақиқати кор ин аст, ки сарнишини тайёраи АН -72 4 NAS Садовничий Владимир, ки роҳбарии ҳарду тайёраро ба ӯҳда дошт, бо «Душанбе - контрол» дар алоқа шуда, иҷозати фурӯд омаданро мепурсад. «Душанбе - контрол» иҷозати фурӯд омаданро намедиҳад ва талаб мекунад, ки ҳар ду тайёра, ба Кобул бозгарданд. Ин талаби «Душанбе - контрол» қонунӣ аст, зеро ин тайёраҳо аз ҷониби маъмури системаи ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ- КВД «Тоҷикнавигатсия»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд. Баъди ин, Садовничий В. В. ба «Душанбе - контрол» хабар медиҳад, ки тайора нуқси техникӣ дорад ва боз иҷозати фурӯд омаданро мепурсад. Дар ин ҳолат «Душанбе-контрол» ғайр аз додани иҷозати фурӯд омадан дигар чорае надошт. Садовничий В. В. тариқи телефони дохилӣ ба Руденко А. В. тамос гирифта, ба ӯ маслиҳати дар тамос шудан бо «Душанбе -контрол» ва пеш овардани баҳонаи навбатиро медиҳад. Руденко А.В. бо баҳонаи надоштани сӯзишворӣ иҷозати фурӯд омаданро мепурсад. Дар натиҷа, тайёраҳо дар фурудгоҳи Қурғонтеппа фуруд омаданд ва ба ҳабси муваққатӣ гирифта мешаванд. - Ҷониби Русия тавассути ВАО изҳор медорад, ки фурудоии тайёраҳо, бинобар нокифоя будани сӯзишворӣ маҷбурӣ буд ва тибқи қонунгузории байнулмилалӣ бояд қабул мешуданд. Санҷишҳои судӣ чӣ натиҷа доданд? - Санҷишҳо дар ин самт ду моҳ идома ёфтанд. Мушахасс шуд, ки сарнишинони тайёраҳо бе доштани иҷозатнома ва бо додани маълумоти бардурӯғ ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро рахна кардаанд. Санҷиш ва хулосаи техникӣ дақиқ кард, тайёраи Владимир Садовничий ягон нуқси техникӣ надоштааст. Сӯзишвории он 2 тоннаю 900 литр ва тайёраи Алексей Руденко 4 тоннаю 500 литрро ташкил медоданд, ки барои бозгашт ба Афғонистон басанда буданд. Онҳо даъво доштанд, ки иҷозатномаи парвозро доранд, вале он тасдиқи худро наёфт. Онҳо иҷозатномаро пешниҳод карда натавонистанд.
- Банда, дар якчанд мурофиаҳои судӣ иштирок доштам. Адвокати гумонбаршудагон даъвои онро дошт, ки дохили тайёраҳо мансуб ба Тоҷикистон нестанд ва пурсидани ҳаргуна ҳуҷҷат дар ин маврид ғайриқонунӣ будааст. Шумо ба ин чӣ мегӯед? -Даъвоҳои адвокат асоси қонунӣ надоранд. Мувофиқи қонун, бо ворид шудани хоҳ қатора бошад, хоҳ тайёра ба қаламрави як давлати дигар, он мавриди санҷиши кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти марбута қарор гирифта метавонад. -Темур Гулбоевич, дар қисме аз судҳо, ки моҳияти амниятӣ надоранд судяҳо акс бардоштану навор гирифтанро иҷоза намедиҳанд. Қисме то баромадани қарори суд пахш кардани ҳаргуна хабару гузоришҳоро халалрасонӣ ба рафти мурофиаи судӣ медонанд. Дар ин мурофиаи судӣ ба қавле «журналист» борида буд. Мурофиаи кушод хостаи шумо буд, ё чизи дигар? - Банда ин парвандаи судиро маҳз худам ба душ гирифтам ва медонистам, ки баррасии судӣ намудану дайн кардани ҷинояти содирнамудаи шаҳрвандони дигар давлатҳо кори саҳл нест. Ба ҳамаи журналистон иҷозати иштирок дар мурофиаҳои судиро додем, то ки дар дохилу хориҷ бубинад, шунаванд, ки ягон кори мо ғайриқонунӣ нест ва буда ҳам наметавонад. Мутаассифона, қисме аз намояндагони расонаҳои хабарӣ хабару гузоришҳояшонро тарзе омода мекарданд, ки гуё мо ҳуқуқҳои халабонҳоро нодида мегирем. Инро ба виҷдони онҳо ҳавола мекунем. -Ҳар чӣ ҳам набошад, ба ин қазияи судӣ пироҳани сиёсӣ пӯшонида шуд. Андешаи шумо ҳамчун содиркунандаи ҳукм дар ин маврид чист? - Ҳангоми барраси парвандаи ҷиноятӣ мо ба гумонбаршудагон ҳамчун гумонбаршуда муносибат кардем ва дар охир қарори худро баровардем. Шахсе, ки ҷиноят содир кардааст дар куҷое набошад, мебояд мувофиқи ҷинояти содиркардааш ҷазо бигирад. Ҳақиқату адолати судӣ низ ҳамин аст. Омехтани ин парвандаи ҷиноятӣ бо сиёсат мутлақо хато аст. Онҳое, ки имону виҷдон доранд, маро мебояд дуруст дарк намоянд, ки ин ҳукми суд аз сиёсат фарсахҳо дур буд ва омезиши он ба сиёсат оқибатҳои ногувор дорад. -Темур Гулбоевич, сару садоҳое, низ ба гӯш мерасанд, ки гуё ду тайёраи мусодиранамудаи суд ба кадом як мансабдори болои Тоҷикистон зарур шудаанд. Ин фарзияи боваркарданӣ менамояд. Шумо ба ин чӣ мегӯед? - Ин мутлақо хато ва тӯҳмати маҳз аст. Ба рафти мурофиаи суди ягон мансабдори тоҷик дахолат накардааст ва мусодираи тайёраҳо дар ёду хаёли касе ҳам набуд. Тайёраҳо мусодира шудаанд, агар соҳиб дошта бошанд, даъво пеш биёранд, бо роҳи қонунӣ ҳамааш ҳалу фасл шавад. - Баррасии ин парванда бароятон вазнинӣ накарда истодааст, чун ВАО-и Русия, дишаб тӯҳматҳоеро ҳам нисбататон раво диданд? - Ба ростӣ, 27 сол боз дар мақомоти судӣ кор мекунам, ки аз ин 18 сол вазифаи судягиро ба душ дорам, вале бори нахуст буд, ки чунин парвандаи серсарусадоро мавриди баррасӣ қарор додам. Бо назардошти воқеъиятҳои рӯз ин парванда чӣ мешавад, вақт муайян мекунад, вале ман мувофиқи қонун ҳукм содир кардаам ва инро дар назди ҷомеа бо сари баланд мегӯям ва дар назди виҷдону Парвардигорам ҳам пок боқӣ мондаам. Ин муҳимтар аст. - Ташаккур, ба шумо муваффақият хоҳонам. -Саломат бошед. Сӯҳбати Давлати ШОҲЭЪТИБОР | |
|
Всего комментариев: 0 | |