Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
|
Ҷавонон |
Сиёсат |
Иқтисод |
Ид ва Чорабиниҳо |
Адабиёт ва Фарҳанг |
Илм ва Дониш |
Фарҳанг
Фарҳанг
|
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
|
Мухочирон |
Ҷомеа
Ҷомеа
|
Варзиш |
Минтақа
Минтақа
|
Ҷаҳон
Ҷаҳон
|
Новости |
Спорт |
Экономика |
Энергетика и Промышленность |
Политика |
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
|
Проишествия |
Праздники /Мероприятие |
Наука
Образование
|
Международные
Отношения
|
Мигранты |
Hi-Tech |
Транспорт |
Здравоохранения |
Образование |
Культура |
Безопасность |
Новости Сайта
Новости и Поздравления
|
»Mike van Fabio & Alex van ReeVe - S... |
»Sunset & Alpha Force feat. Robin Va... |
»Sunset & Alpha Force feat. Robin Va... |
»Allen Watts - Blackout (Radio Edit) |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Armin van Buuren - A State of Tranc... |
»Bakha 84 & Shabnam - Ин Ошик,и (New... |
Турецкий сериал Прилив - Med Cezir 77 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Прилив - Med Cezir 76 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Месть - Возмездие - Intikam 44 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Месть - Возмездие - Intikam 43 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Курт Сеит и Шура - Kurt Seyit ve Şura 21 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал Курт Сеит и Шура - Kurt Seyit ve Şura 20 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал В ожидании солнца - Güneşi Beklerken 9 серия на русском онлайн |
Турецкий сериал В ожидании солнца - Güneşi Beklerken 54 серия на русском онлайн |
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
18.191.165.192
Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС
Гостей:
Пользователей:
Смотрят: материалов
Скорость: kb/s
Статистика материалов
Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757
Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0
Bakha 84 & Шахроми Абубакр - Дили Девона (2012) |
Bakha 84 & Shabnam - Ин Ошик,и (New 2013) |
Садриддин Начмиддин (Sadriddin Najmiddinov) - Дилт... |
Нигина Амонкулова - Гар Дуст Медори Маро (New 2012... |
Манижа Давлатова - Ватан (2010) |
Садриддин Начмидин - Дар рузи шоди |
Шабнами Собири - Джони ширин (Dj-DiGu remix) |
Садриддин Начмидин - Аз гаматай нозанин (Dj - DiGu... |
Шабнами Сурайё feat. Dj - DiGu - Нести (New 2012) |
Максим на радио Волнах (Ты моих совсем не стоишь с... |
11:40 Ҷанг барои шавҳар | |
Ҷанг барои шавҳар
ва ё чаро барои гирифтани зани дуюм иҷозат надиҳем? JURNAL-VAHDAT | 19.04.2012 | Дар хона нишаста будам, ки садои ҳақорат ва ҷанҷоли занона ба гӯш расид. Аз тиреза ба берун нигоҳ кардам. Дар кӯча якчанд зан занеро таҳдидкунон ҳақорат мекарданду гоҳ-гоҳ ба сару рӯи ӯ заданӣ ҳам мешуданд. Аз рафти ҷанҷол маълум шуд, ки ҷанг асосан миёни зани якум ва дуюми марде мерафту падару модари мард келини якумро пуштибонӣ мекарданд. Мард новобаста ба он, ки аз оилаи якум 4 фарзанд доштааст, ба таври пинҳонӣ оилаи нав бунёд карда будааст. Дертар баъди зангҳои зиёд худи мард ҳозир шуд. Падари мард дар ҳузури ҳама ба писар таҳдидкунон гуфт: - Ё аз баҳри ин зан мегузарӣ ё аз баҳри мову фарзандонат. Ту бо зани дуюм намемонӣ! Агар ту аз баҳри зану фарзандонат гузарӣ, ман аз баҳри чун ту фарзанд мегузарам. Ҳама дар ҷои худ шах шуда, интизори ҷавоб буданд. Гумон мерафт, ки мард аз баҳри зани дуюмаш гузашта, сухани падарро ба замин намегузорад, аммо ин тавр нашуд. Ғайри чашмдошти ҳама, мард дар ҳузури ҳама зани якумро барои рафтори имрӯзааш талоқ дод. Модари марди дузана ба замин афтода, беҳуш шуд. Дигарон ҳам мард ва ҳам зани дуввумро ҳақораткунон аз он ҷо рафтанд. Падараш «ту дигар ба ман фарзанд нестӣ. Ман туро оқ кардам» гуфта, дуои баде карду он маконро тарк кард. Садои зани якум шунида мешуд, ки ҳангоми видоъ таҳдидкунон мегуфт: - Ҳам худам ва ҳам фарзандонатро алав мемонам! Баъди дидани ин ҳама дар назди худ чанд суол гузоштам: «Воқеан, чаро оилаҳо вайрон мешаванд? Чаро баъзеҳо аз оилаашон даст мекашанд ва ҳатто аз баҳри фарзандон мегузаранд? Чаро баъзе мардҳо ба зани дигар рӯ меоранд ва гоҳо баръакс занҳо аз зиндагии якҷоя даст мекашанд? Чаро чунин хушунатҳо ва вайроншавии оилаҳо дар кишвар сол ба сол ба ҷои кам шудан зиёдтар мешаванд? То чӣ андоза таҳдидҳо дар бораи худсӯзӣ ва ҳатто сӯзондани фарзандон воқеиянд? Оё вазъияти имрӯза, ки зиёда аз 2 млн. муҳоҷир дорему шумораи мардон дар кишвар кам аст, тақозо намекунад, ки барои гирифтани зани дуввум расман иҷозат дода шавад? Оё мумкин аст, ки бе вайрон шудани як оила оилаи дигар бунёд карда шавад?». Пеш аз он, ки ба ин суолҳо посух ёбам, хеле кӯшиш ба харҷ додам, то бо зани якуми мард, ки дар ҳузури шоҳидони зиёде талоқ гирифт, дар тамос шавам. Инчунин бо якчанд нафар марде вохӯрдам, ки оилаи дуввуми худро доранду хеле тифоқона зиндагӣ мекунанд. Аз сӯҳбат бо Маҳина маълум шуд, ки онҳо асосан дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ доранду шавҳараш дар Душанбе кор мекардааст. Шавҳараш бо баҳонаи он, ки ба рафтуо маблағи зиёд сарф мешавад, дар Душанбе ҳуҷраеро иҷора гирифтааст. Вале баъдтар маълум шуд, ки ӯ ин хуҷраро ба он хотир иҷора гирифта будааст, ки ба таври пинҳонӣ оилаи нав бунёд кардааст. Ин аст, ки аз паси ӯ шуда, ниҳоят асрори ӯро фош кардаанд. Вале мутаассифона кӯшиши онҳо барои баргардонидани шавҳар бо роҳи таҳдид ба зани якум натиҷаи баръакс дода, боиси вайрон шудани оила гардидааст. Ӯ ба саволи ман «оё Шумо аз болои шавҳаратон ба суд муроҷиат карда, асрори дузанагии ӯро фош мекунед ё не?» чунин посух дод: - Не! Ба Худо месупорамаш. Бе ин ҳам ҳама аз ӯ рӯй гардонд ва ҳоло ӯ дар ҳолати вазнин қарор дорад. Агарчи ӯ маро талоқ дод, вале мо ҳанӯз расман ҷудо нашудаем ва умед аст, ки рӯзе ӯ ақалан ба назди фарзандонаш бармегардад. Ӯро падараш оқ кард ва ман гумон мекунам, ки барои мард ин аз ҳама ҷазову ҳама гуна маҳбас сахттар аст. То ҳанӯз ман хусурамро илтимос мекунам, ки гуноҳи ӯро бахшад. Дар охир хеле афсӯсхурона суханашро чунин ҷамъбаст кард: Ростӣ аз шунидани таърихи ғамангези зан ба шигифт афтодам. Зеро аз нақли Маҳина маълум шуд, ки онҳо ҳатто хонаву дари худро надоранд ва дар хонаи волидайни шавҳар зиндагӣ мекунанд. Аз таҷриба ва дидаву шунидаҳоям медонам, ки танҳо онҳое оилаи дуввум бунёд мекунанд, ки имконияти молиявии хуб доранд. Барои шахсе, ки хонаву дари худро надораду чор фарзанд дорад, магар ин мукин аст? Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар се моҳи авввали соли равон танҳо дар вилояти Суғд ҳамагӣ наздик ба 300 аҳдномаи ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, ақди никоҳи 100 оила бекор карда шудааст. Ин худ аллакай далел бар он аст, ки ҳар сеюмин оила дар ин вилоят вайрон мешавад ва дар ҳудуди кишвар низ ин омор ташвишовар боқӣ мемонад. Ва аз ҳама аҷиб он аст, ки омор нишон медиҳад, бахши асосии оилаҳои вайроншударо на ҷавонони нав оиладоршуда ва ба қавле синну солашон хурд, балки баръакс, аз сисола боло дар бар мегирад. Яъне қонуни маҳудукунии синну сол дар ин ҷо самарае надодааст. Сабаб чист? Коршиносон сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳо ва зиёд бекор шудани ақди ниқоҳро асосан дар вазъи пасти зиндагӣ, дараҷаи баланди бекорӣ, маоши ночизе, ки барои таъмини оила намерасад ва муҳоҷират медонанд. Бахши хурди вайроншавии оилаҳоро таҳлилгарон дар фош шудани оилаи дуюм низ медонанд, вале ин кам аст. Зеро ҷавонон асосан пеш аз он, ки оилаи дигар барпо кунанд, нахуст аз оилаи аввал расман даст мекашанд. Ин аз чӣ гувоҳӣ медиҳад? Инак чанд омилро дар алоҳидагӣ таҳлил мекунем. Муҳоҷират Имрӯз, аз рӯи маълумоти оморӣ, зиёда аз якуним миллион шаҳрвандони мо дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Баъзе маълумотҳои дигар ин шумораро аз 2 млн. ҳам зиёд тахмин мезананд. Агар баъзе аз таҳлилгарон яке аз сабабҳои зиёди вайроншавии оилаҳоро аз муҳоҷират донанд, бархеи дигар баръакс муҳоҷиратро ягона воситаи таъминӣ ва пойдории оила медонанд. Бархе ҳатто бар он андешаанд, ки муҳоҷират на танҳо боиси пойдории оила, балки яке аз омилҳои асосии ба танзим дароварандаи ҳам иқтисод ва ҳам сиёсати давлат аст. Маҳз муҳоҷирати меҳнатӣ аст, ки имрӯз воситаи асосии паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар гашта, имконият медиҳад фарзандони сокинони кишвар дар мактабҳои олӣ таҳсил кунанду литсейҳо ва мактабҳои гуногуни пулакӣ фаъол бошанд. Бархе бар он андешаанд, ки қисми зиёди муҳоҷирон дар Русия оилаи дувум бунёд карда, ба оилаи якум ва фарзандони худ кам таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Вале факту далелҳо нишон медиҳанд, ки мақсади асосии бунёди оилаи дувум дар Русия - ин соҳиб шудани шаҳрвандии Русия аст, ки метавонад заминаи хуб барои дарёфти кор ва баъзе имтиёзҳои дигар гардад. Банда оилаҳои зиёдеро медонам, ки ба хотири қабули шаҳрвандии Русия дар кишвари худ бо маслиҳат бо ҳамсаронашон никоҳи худро расман бекор карда, хати талоқ гирифа, ба Русия баргашта, бо шаҳрвандони Русия ақди никоҳ бастаанд, вале муттасил бо зану фарзандони худ равуо доранд, ҳамеша маблағ мефиристанд, фарзандонашон аз ҳисоби онҳо дар мактабҳои гуногун таҳсил мекунанд ва амалан зиндагии якҷоя доранд. Мутахассисон ба он андешаанд, ки ҳар як муҳоҷир на камтар аз се нафарро дар Тоҷикистон хӯрондаву мепӯшонад. Зани дувум Новобаста
ба он, ки айни замон қонунгузории Тоҷикистон бисёрзаниро манъ мекунад,
вале ҳолат онро нишон медиҳад, ки дар кишвари мо имрӯз мардони зиёде
мавҷуданд, ки ду ва ҳатто зиёда аз ду оила доранд ва чунин оилаҳо ҳатто
миёни мансабдорони ҳукуматӣ ва вакилони мардумӣ, вакилоне, ки худ хилофи
бисёрзанагӣ овоз доданд, низ хеле зиёданд. Ҳатто оилаҳое мавҷуданд, ки
зани якум бо дуввум равуо дошта, бо ҳам муросо доранд. Дар хотир дорам,
боре бо як нафар мансабдори давлатӣ дар муҳити ғайрирасмӣ нишасте
доштем. Сухан дар бораи мансабдороне рафт, ки ду ва ҳатто се зан доранд.
Мавсуф ба ман бо шавқ дар бораи онҳо нақл мекард ва мегуфт: Баъди сӯҳбати тӯлонӣ ман шӯхиомез гуфтам: - Ман тарафдори онам, ки дузанагиро дар кишвар он гуна, ки дини мубини ислом иҷоза медиҳад, иҷоза диҳанд. Бигзор ҳар марде, ки имконияти нигоҳ доштани оилаи дувумро дорад, аз имконияти хеш истифода барад. Зеро ин баръакс ба фоидаи кор аст. Нахуст ин имконият медиҳад, ки занон камтар ба хитоиҳо оиладор шаванд. Дувум, магар бад аст, вақте мансабдорони мо оилаи наве бунёд карда, таъминоти онҳоро ба ӯҳда мегиранд? Шояд ин ягона кори савобе бошад, ки онҳо барои миллат мекунанд. Зеро онҳо бе ин ҳам танҳо ба худ машғуланд. Депутат хеле баланд хандиду гуфт: Хушунати оилавӣ Бахши дигар сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳоро дар хушунатҳои оилавӣ мебинанд. Ҷанги зану шавҳар, ҷанҷоли хушдоман, муросо накардан бо ҳоҳарарӯсон ва дигару дигар. Хушунати оилавӣ, номуросоиву ҷангу ҷанҷол на танҳо ба ҷудошавӣ, ҳатто ба худкушиҳо ҳам оварда мерасонад. Хушунат ва бемеҳрӣ ба он оварда мерасонад, ки мардон ба зани дигар рӯ меоранд ва ё занон худ ба хушунат тоб наоварда, аз зиндагии якҷоя даст мекашанд ва баъзан аз зиндагии бемаънӣ, яъне аз зиндагие, ки ояндаи рӯшан надорад, хаста мешаванд ва авлотар медонанд, ки танҳо бошанд. Чунки ин дар ҳолати эмотсионалӣ ва баъдан дар ҳолати раҳоӣ наёфтан аз ҳолати ба миён омада содир карда мешавад. Ба марг маҳкум кардани худ ва чор фарзанд аз тарафи Чориева Муҳаббат - сокини Хатлон ҳанӯз фаромӯш нашудааст. Ӯ аз алами шавҳар ба ин кор даст зад ва фарзандонашро дар таҳхонае маҳкам карда, дар ҳолати ташнагиву гурӯснагӣ чунон нигоҳ дошт, ки ҳам худ ва ҳам фарзандонаш ба ҳалокат расиданд. Куштори
фарзанд ҳамчун қассос дар Турсунзода низ натиҷаи иҷрои чунин
таҳдидҳост, ки хушунати оилавӣ ба он оварда расонид. Чунин мисолҳо кам
нестанд. Барои оилаҳои имрӯза хеле душвор аст. Зеро солҳои пеш агар
марду зан кор мекарданд, ҳатман дар навбат истодаву соҳиби хонаву манзил
мешуданд. Ҳозир бошад, ҳама имтиёзҳо барҳам хӯрд ва ҷуз кор кардаву
хона харидан чораи дигар нест. Пештар оилаҳо умед доштанд, ки давлат ба
онҳо кӯмак мекунад, ҳозир танҳо ба Худо умед доранд. Бархе бар он андешаанд, ки оилаи дуюм дар асоси ишқу муҳаббат бунёд мешавад, чунки оилаи якум бештар бо хоҳиши волидайн интихоб мешавад ва мард бо мурури замон онеро меёбад, ки воқеан хамнафаси ӯст. Бархе бо ёфтани ҷуфти муносиби худ бинобар вайрон накардани қонун ба таври пинҳонӣ зиндагии якҷояро оғоз мекунанду бархеи дигар рӯирост зани дувум мегиранд ва дар ҳолати ба созиш наомадани занҳо ҳатман оилавайронӣ чун мисоли боло ба миён меояд. Давлат бояд дар баробари додани имтиёз ба оилаҳои ҷавон ба онҳо кӯмаки молӣ расонад. Ин аст, ки бояд барои барҳам нахӯрдани оилаҳо пеш аз ҳама дар қонунгузорӣ низ тағйирот ворид шуда, ҳуқуқи оилаҳо дифоъ карда шавад. Тавре маълум аст, маҳуд кардани синну сол барои издивоҷ шумораи талоқро кам накард. Ин аст, ки бояд ин маҳдудият бекор карда шавад ва қонун дар бораи бисёрзанагӣ низ бекор карда шуда, дар кишвар барои бунёди оилаи дувум расман иҷозат дода шавад. Зеро аксар вақт мардон пинҳонӣ аз зани якум оилаи дувум барқарор мекунанд ва то охир кӯшиш мекунанд онҳоро пинҳон доранд. Ва ин корро аслан онҳо на ба хотири тарс аз аҳли оила ва зани якум, балки бо тарс аз қонун мекунанд. Бигзор духтарон арӯси дуюм шаванд ва тибқи қонун фарзанди қонунӣ ба дунё оранд. Албатта ҳар зан вақте барои зани дувум шудан розӣ мешавад, ҳатман вазъият ва имкноияти шавҳари интихоб мекардаашро ҳаматарафа ба инобат мегирад. Вазъияти имрӯза, ки ҳар сеюмин шаҳрванд дар муҳоҷират аст ва бахши асосии онҳоро ҷавонони аз 20 то 40-сола ташкил медиҳад, тақозо мекунад, ки мо ба дузанагӣ иҷозат диҳем. Имрӯз танҳо ба хотири он, ки қонунгузории кишвар дузанагиро манъ мекунад, зани дуюм маҷбур аст ному насаби падари фарзанди худро пинҳон нигоҳ дорад ва чун оилаи танҳо худрову фарзандро ба расмият дарорад. Ман дар чунин фикрам. Шумо чӣ? | |
|
Всего комментариев: 0 | |