Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.128.79.88

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » Хабарҳо бо забони тоҷики
« 1 2 3 4 5 6 7 »

Разница во времени между Душанбе и Москвой составит один час

Душанбе. 27 марта. «Азия-Плюс» - К переходу на «летнее» время готовятся в России. Сегодня ночью во многих регионах РФ стрелки часов переведут на час вперед.

Таким образом, с 2 часов 28 марта 2010 года разница во времени у Душанбе с Москвой составит 1 час.

Республика Таджикистан, начиная с 1991 года, перестала переходить на летнее время.

Напомним, что от перехода на летнее время вместе с Таджикистаном отказались Япония, Китай, Индия, Сингапур, Узбекистан, Туркменистан, Грузия, Казахстан и Кыргызстан.

Между тем, не исключено, что, в перспективе, Росс ... Читать дальше »

Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1424 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 27.03.2010 | Комментарии (0)

Шабнам: "Орзу дорам, Фарзонаро озод бубинам"

Шабнами Сурайё, сарояндаи саршиноси тоҷик, дар як гуфтугуи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ Наврӯзро барои мардуми Тоҷикистон табрик гуфт. Шабнам дар ин сӯҳбат аз сафарҳои муваффақи соли гузаштааш ёдовар шуд ва ҳамчунин шунавандаҳои Радиои Озодиро аз барномаҳои имсолааш огоҳ кард. Аз ҷумла, ӯ гуфт, дар рӯзҳои ҷашни наврӯзӣ қарор аст, ки албоми наваш ба фурӯш барояд.

Чун Шабнамро аз орзуи наврӯзияш пурсон шудем, бо садои гирён гуфт, орзу
дорад, ки хоҳари маҳбусаш Фарзонаи Хуршед ба назди падару модар
баргардад ва ҳамаи оила боз сарҷамъ шаванд.


Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 5653 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 24.03.2010 | Комментарии (2)

Таркиш дар шаҳри Душанбе

Як корманди Вазорати корҳои дохилӣ субҳи имрӯз, 24-уми март, аз сӯиқасд ба ҷонаш ҳангоми тарконидани мошинаш ҷон ба саломат бурд.

Соати тақрибан ҳашти субҳ дар наздикии бозори Саховати шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Фирдавсӣ 27, таркиш ба вуқӯъ пайваст. Таркиш дар мошини тамғаи Жигулӣ-07-и корманди ВКД Сафаралӣ Ҳамдамов рух медиҳад ва хушбахтона, ронандаи он осеб намебинад.

Дар мошини ин корманди ВКД маводи таркандаи тротил гузошта будаанд ва замоне, ки субҳ ҷаноби Ҳамдамов роҳии кор мешавад, ҳамагӣ пас аз чанд дақиқаи мошинронӣ бо шунидани садои баланди таркиш худро аз мошин берун мегирад. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, садои таркишро дар маҳаллоти гирду атроф шунидаанд ва дидаанд, ки аз зери мошин дуди сиёҳ баромадааст. Мошин зарар дидааст.

Феълан, м ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 2768 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 24.03.2010 | Комментарии (0)

Тармарезӣ дар Майхура ҷони 5 нафарро гирифт

Бар асари тармарезӣ дар минтақаи Майхураи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 5 нафар ба ҳалокат расида, якчанд нафари дигар беному нишон шудаанд.

Ҷумъабой Толибов, сардабири ҳафтаномаи "Пайкон", яке аз шоҳидони ҳодиса, ба радиои Озодӣ чунин иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, тармарезӣ зуҳри имрӯз рух дода, беш аз даҳ нафар мусофирро ба коми худ кашидааст.

Ҷаноби Толибов ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Айнӣ ба шаҳри Душанбе дар мавзеи миёни тунели Анзоб то Майхура шоҳиди ин ҳодиса шудааст. Вай гуфт, "ду мошине, ки аз паси меомаданд, ҳангоми канда шудани тарма дар они воҳид нопадид шуданд. Ва дар ин мошинҳо чанд мусофир буд, равшан нест".

Вай мегӯяд, пас аз ин ҳодиса бо талошҳои мусофирони наҷотёфта ва сокинони маҳаллӣ се нафар аз з ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1068 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 17.03.2010 | Комментарии (0)

Додгоҳ 56 узви Ҷамоаи таблиғро маҳкум кард

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми 56 нафар аъзои Ҷамоаи таблиғро содир карда, даҳҳо нафари онҳоро ба солҳои гуногун равонаи зиндон намуд.

Фаррух Малахов, сухангӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аъзои ин гурӯҳ бо айби таъсиси Ҷамоаи таблиғ гунаҳкор ва маҳкум шудаанд.

Вай афзуд, 23 узви ин гурӯҳ бо мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шуданд ва нисбати боқӣ 33 нафар ҳукми додгоҳ бо намуди ҷарима содир гардид.

Гурӯҳи 56-нафарии таблиғиҳо соли гузашта боздошт шуда буданд в ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 773 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 10.03.2010 | Комментарии (0)

Тағйири иқлим дар Тоҷикистон: "Зимистон гармтар мешавад, тобистон сардтар"

Мақбулшо Яқиншоев мисли дигар ҳамдеҳагони кишоварзаш аз рустои дурафтодаи Барчид дар сояи кӯҳҳои Помир, доир ба газҳои гӯлхонаӣ ва ё тағйири иқлим чизи зиёде намедонад. Аммо ин кишоварзи 65-солаи тоҷик, тайи солҳо дидааст ва медонад, ки бо ақибнишинии пиряхи пушти ҳавлиашон, ҳосили зироати онҳо низ кам мешавад. 

Тайи солҳои гузашта, Мақбулшо Яқиншоев, шоҳиди тағйироти зиёде дар рустои Барчид шудааст, ки ин русто дар сатҳи 3000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда ва манбаъи оби нӯшиданиву обёриаш ҳам пиряхи ҳамноми Барчид аст. Вай мегӯяд, "чунин ба назар меояд, фасли сармо гармтар ва моҳҳои тобистон кӯтоҳтару сардтар мешавад.” Ба гуфтаи Мақбулшо Яқиншоев, пеш аз расидани помидорҳ ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1744 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 09.03.2010 | Комментарии (0)

"Аватар” ҷоизаи Оскарро бохт

Бар хилофи интизори аксар, филми "Аватар”-и Ҷеймс Кемеронро, ки муддаии аслии Оскар дониста мешуд, ин ҷоизаро набурд. Филми завҷаи собиқи ӯ Катрин Бигеллов бо номи "Майдони хатар”-ро беҳтарин филми сол донистанд.

Хонум Бигелов ҳамин тавр ҳамчун беҳтарин коргардони сол як ҷоизаи дигари Оскарро низ ба даст овард. "Маҳлака” ба сурати умум имсол 6 ҷоизаи Оскарро ба худ ихтисос дод.

Ин дар ҳолест, ки "Аватар”, ки дар толорҳои синамоии дунё беш аз дувуним миллиард доллар ҷамъ овард, соҳиби ҳамагӣ се "Оскар” шуд ва он ҳам дар риштаҳои начандон муҳим.

Барои нахустин бор дар 82 соли таърихи ҷоизаҳои "Оскар”, имсол ду ҷоизаи асосӣ - барои беҳтарин филм ва беҳтарин коргардон - насиби як коргардони зан шуд.

Аз оғоз маълум буд, ки ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1342 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 09.03.2010 | Комментарии (0)

Садҳо мусофир дар панҷаи тармаҳои Майхура

Даҳҳо мошин бо садҳо мусофир, ки бо роҳи мошингард аз шимол ба Душанбе меомаданд, дар наздикиҳои деҳаи Майхураи гарданаи Анзоб дар банди тарма мондаанд.

Тибқи иттилоъи Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, шаби гузашта дар километри 65-уми роҳи мошингари Душанбе-Хуҷанд дар наздикиҳои деҳаи Майхура тарма фаромадааст. Ба қавли шоҳидони ҳол, баландии ин тарма, ки роҳро банд кардааст, тақрибан 10 метр ва дарозияш 30 метр будааст. Пас ронандагон ва мусофирони дар банд монда дар чи ҳоланд ва оё барои раҳоии онҳо иқдомоте анҷом мешавад?

Ҳангома Музафарова, як масъули бахши фаврии ин вазорат ба радиои Озодӣ гуфт, «дар километри 65 тарма фаромадааст. ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1461 | Добавил: DIGU1991 | Дата: 05.03.2010 | Комментарии (0)

Фарзонаи Хуршед ду сол ҳукм гирифт

Додгоҳ Фарзонаи Хуршедро дар ёрӣ ба фирори Фаррух Рӯзиев аз боздошти муваққат муҷрим шинохт ва ӯро ба ду соли зиндон маҳкум кард.
Додгоҳи ноҳияи Сино ҳамчунин Фаррух Рӯзиевро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ду корманди пулис, ки дар саҳлангорӣ ба ҳангоми фирори Фаррух муттаҳам мешуданд, яке ба 1,5 сол ва дигаре ба 2 соли ҳабс маҳкум шуданд.

Вакили дифоъи Фарзона гуфтааст, аз болои ин ҳукм ба додгоҳи истинофӣ шикоят хоҳад бурд. Вакили дифои ӯ Лутфия Сафаралиева ва модараш Сурайё Қоисмова бар ин назаранд, ки Фарзона дар ин қазия бегуноҳ аст. Хонум Сафаралиева мегӯяд, ширкати Фарзона дар ин воқеа тасодуфӣ ва ноогоҳона будааст.

... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 3475 | Добавил: DIGU1991 | Дата: 24.02.2010 | Комментарии (0)


Ҳукми Фарзонаи Хуршед фардо эълон мешавад

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе субҳи имрӯз тайи панҷ дақиқа сухани охирини овозхон Фарзонаи Хуршедро шунид ва гуфт, ҳукми парвандаи ӯро фардо эълон хоҳад кард.

Фарзона дар сухани охирини худ гуфт, "ман аз додгоҳ мехоҳам, ки дар баробари ман на ҳамчун Фарзонаи Хуршед - сарояндаи шинохта, балки ҳамчун як шаҳрванди оддӣ ҳукм барорад". Қаблан Фарзона иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо рад карда буд.

Фарзона бо кумак ба фирори айбдоршаванда аз толори додгоҳ муттаҳам дониста мешавад. Додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ин парвандаро баррасӣ мекунад, хостори 2,5 соли зиндон барои Фарзонаи Хуршед шудааст.

Додгоҳ мегӯяд, ду ҳафта пеш Фарзона номзадаш Фаррух Рӯзиевро, ки ба гуноҳи қаллобӣ айбдор мешавад, аз ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 7638 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 22.02.2010 | Комментарии (0)

Тоҷирон нома менависанд

Наздик ба сад тоҷири бозори марказии Хоруғ тайи як нома ба мақомоти шаҳрдорӣ арз карданд, ки дар сурати иҷборан кӯч доданашон ба бозори нав онҳо гуруснанишинӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи тоҷирон, иқдоми мақомот дар мавриди кӯчонданашон ба бозори нав дар шароити мавҷуд набудани бозори иҷтимоӣ дар маркази вилоят ба муфлисшавии тоҷирон сабаб хоҳад шуд. Рустами Содиқиён, намояндаи тоҷирони бозор, гуфт, бинобар адами бозори иҷтимоӣ дар маркази вилоят мардум наметавонанд маҳсулоти кишоварзиашонро дар шароити мусоид ва бо нархи арзон ба фурӯш гузоранд. Вай афзуд, дар кулли шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бозорҳои иҷтимоӣ вуҷуд доранд, ки дар он афроди камбизоати ҷомеа бо нархи иҷораи пасттарин молашонро ба савдо мегузоранд, аммо мақомот дар маркази вилояти Бадахшон ба ҷойи ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1780 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 05.02.2010 | Комментарии (0)

Дархости расмии Русия барои РТР ва ОРТ

Ҳукумати Русия бо ирсоли як нома аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки барои расидагӣ ба мушкилоти пахши амвоҷи шабакаҳои телевизионии ин кишвар дар қаламрави Тоҷикистон мусоидат кунад.

Ба иттиллои манобеъи расмӣ, дар ин нома аз мушкилоти пешомада дар мавриди пахши барномаҳои шабакаи телевизионии РТР-Планетаи ин кишвар дар Тоҷикистон изҳор нигаронӣ шудааст.

Номаи мақомоти Русия дар ҳоле мавриди баррасии мақомоти Тоҷикистон қарор мегирад, ки тайи се моҳи ахир нашри барномаҳои яке дигар аз шабакаҳои телевизионии ин кишвар, ки аз тариқи пойгоҳи низомии ин Русия мустақар дар Тоҷикистон сурат мегирад, бо мушкил рӯбарӯ шудааст.

Масъулони Вазорати н ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1094 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 04.02.2010 | Комментарии (0)

Мурофиаи нашрияҳои мустақил мавқуф гузошта шуд

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии нашрияҳои мустақили "Азия-плюс", "Фараж" ва "Озодагон"-ро то рӯзи 23 феврали соли ҷорӣ мавқуф гузошт.

Амриддин Сафоев, додраси додгоҳи ноҳияи Сино ва додгустари парвандаи мазкур, ба ҳарду ҷониб машварат дод, ки то 23-юми феврал асноди лозимаро барои мурофиа пешниҳод кунанд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки даъвогарон ва ҷавобгарони парванда метавонанд дар чаҳорчӯби қонун бо роҳи муросо масъаларо ҳал кунанд.

Ду қозии Додгоҳи олӣ ва як додраси додгоҳи шаҳри Душанбе ахиран нашрияҳои "Фараж", "Озодагон" ва "Азия-плюс"-ро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашиданд ва барои ҷуброни маънавӣ аз онҳо 5,5 миллион сомонӣ товон талаб карданд.

Мӯҳтавои шикояти додрасҳо ба ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1358 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 02.02.2010 | Комментарии (0)

Вазорати кишоварзӣ "Миллат"-ро ба додгоҳ мекашад

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар робита ба як матлаби ҳафтаномаи «Миллат» ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шикоят бурда, пардохти 1 миллион сомонӣ товонро тақозо кардааст.
Вазорати кишоварзӣ мақолаеро, ки ахиран дар саҳифаи «Миллат» таҳти унвони «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» нашр шудааст, беасос номида, ба сурати умум ин матлабро тӯҳмат дар ҳаққи ин вазорат хондааст.

Ин вазорат аз додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тақозо кардааст, ки аз ҳафтаномаи «Миллат» барои тавҳин ҳудуди 1 миллион сомонӣ ҷарима ситонад.

Вале Зоир Давлат, сармуҳаррири нашрияи «Миллат», дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, то ба ҳол аз додгоҳ ягон номаи расмӣ ба ин ҳафтанома нарасидааст. Вай афзуд, дар шумораи ахири «Миллат» хабари кӯтоҳе да ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1024 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 28.01.2010 | Комментарии (0)

Мизони қабул ба кор дар Тоҷикистон кадом аст?

Раёсати хидмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон бар пояи санҷиш ё худ аттестатсияи сатҳи тахассуси кормандони идороти давлатӣ 384 нафарро сабукдӯш ва ё ба вазифаҳои поинтар пешниҳод кардааст.

Саттор Маҳмудов, сардори шӯъбаи таъминоти кадрии ин раёсат, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ, ҳудуди 2 ҳазору 930 корманди мақомоти ҳукуматӣ таҳти санҷиш қарор гирифтанд:
«Аз 384 нафар 228 нафар барои такмили ихтисос ва 156 нафарро ба вазифаҳои поинтар равона шуданд. Аз 156 нафар бинобар набудани ҷойи кори холӣ 59 нафар бе ҷойи кор монданд»

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар ҳоли ҳозир, дар 37 мақомоти ҷумҳуриявӣ ва 72 мақомоти маҳаллии Тоҷикистон 940 мансаб бесоҳиб мондааст. Маҳмадулло Наимов, сарвари яке аз бах ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1011 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 27.01.2010 | Комментарии (0)