Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.137.181.52

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Февраль » 22 » Ҳукми Фарзонаи Хуршед фардо эълон мешавад
18:00
Ҳукми Фарзонаи Хуршед фардо эълон мешавад

Ҳукми Фарзонаи Хуршед фардо эълон мешавад

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе субҳи имрӯз тайи панҷ дақиқа сухани охирини овозхон Фарзонаи Хуршедро шунид ва гуфт, ҳукми парвандаи ӯро фардо эълон хоҳад кард.

Фарзона дар сухани охирини худ гуфт, "ман аз додгоҳ мехоҳам, ки дар баробари ман на ҳамчун Фарзонаи Хуршед - сарояндаи шинохта, балки ҳамчун як шаҳрванди оддӣ ҳукм барорад". Қаблан Фарзона иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо рад карда буд.

Фарзона бо кумак ба фирори айбдоршаванда аз толори додгоҳ муттаҳам дониста мешавад. Додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ин парвандаро баррасӣ мекунад, хостори 2,5 соли зиндон барои Фарзонаи Хуршед шудааст.

Додгоҳ мегӯяд, ду ҳафта пеш Фарзона номзадаш Фаррух Рӯзиевро, ки ба гуноҳи қаллобӣ айбдор мешавад, аз толори додгоҳ берун овардааст ва ҳар ду ба сӯи Варзоб роҳ пеш гирифтаанд. Дар посгоҳи Чаҳорбоғи Варзоб онҳо дастгир шудаанд. Фарзона дар ин қазия баъд аз як боздошти кӯтоҳ раҳо шуд, вале баъдтар додгоҳ ӯро барои муҳокима даъват кардааст.

Вакили дифои ӯ Лутфия Сафаралиева ва модараш Сурайё Қоисмова бар ин назаранд, ки Фарзона дар ин қазия бегуноҳ аст. Хонум Сафаралиева мегӯяд, ширкати Фарзона дар ин воқеа тасодуфӣ ва ноогоҳона будааст.

Фарзона, модараш Сурайё Қосимова ва хоҳари бузургаш Шабнами Сурайё аз овозхонҳои серхаридортарини ҷумҳурӣ ба шумор мераванд.

Овозхони шинохта Фарзона ҳамроҳ бо Шабнам ҳанӯз дар авоили соли 2000-ум вориди саҳнаи эстрадии Тоҷикистон шудааст. Вай бо оҳангҳои «Модар», "Ҷӯраҷон, хона биё" ва «Эй, ошиқони бедил» маъруф гаштааст.
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 7639 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: город Вахдат, Фарзонаи Хуршед, 2010, ахборот, tj, фардо, звезды, Taj, эълон мешавад, Ҳукми | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar