Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

18.225.209.95

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » Варзиш
1 2 »

Бонувони муштзан ба чемпионати ҷаҳон мераванд

JURNAL-VAHDAT | 03.05.2012 | Мавзуна Чориева ва ҳамкасби ӯ Матлуба Каримова барои ширкат дар чемпионати ҷаҳон доир ба бокс байни бонувон ба кишвари Чин мераванд. Мусобиқа 9-уми май дар шаҳри Синхуандао шурўъ мегардад. Мавзуна Чориева дар вазни 60 кг имконияти хуби ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпиро дорад. Дар чемпионати мазкур аз рӯи 10 вазн баромад мекунанд. Бонувон танҳо дар 3 вазн: 51 кг, 61 кг ва 75 кг имкон доранд, то соҳиби роҳхат шаванд. Дар ин бора Муродалӣ Тешаев котиби мутбуоти КМО ҶТ ба JURNAL-VAHDAT хабар дод.
Категория: Варзиш | Просмотров: 720 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 03.05.2012 | Комментарии (0)

Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон

Душанбе, 10 феврал. JURNAL-VAHDAT - Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз сармураббии нави тими мунтахаби мамлакатро эълон кард. Камол Алиспахичи босниягии 46- сола, ки соҳиби литсензияи дараҷаи PRO мебошад, минбаъд дастаи мунтахаби кишварамонро машқ хоҳад дод.
Дар навбати худ федератсия ба сармураббии пешинаи дастаи мунтахаб Олимҷон Рафиқов барои хизматҳояш изҳори сипос намуд. Олимҷон Рафиқов минбаъд дастаи «Истиқлол»-ро машқ дода, онро ба бозиҳои ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё омода мекунад.
Ба иттилои ноиби президенти ФФТ Валерий Турсунов, Камол Алиспахич ҳамчун бозингар дар дастаҳои «Сараево», «Железничар» (Сараево), «Слобода» (Ужитсе, Сербия), «Дуйсбург» (Олмон), «Кайсериспор» (Туркия) ва «Лозанна-Спорт» (Швейтсария) бозӣ кардааст. Ӯ ҳамчун мур ... Читать дальше »
Категория: Варзиш | Просмотров: 1232 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 10.02.2012 | Комментарии (0)

Байни Кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Украина шартномаи олимпӣ ба имзо расид

Душанбе, 21 декабр.Дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина дар қатори дигар созишномаҳои байнидавлатӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Украина созишнома доир ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳуҷҷати мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби аввали Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ва аз ҷониби Украина Президенти Кумитаи олимпии Украина Сергей Бубко ба имзо расониданд.

Дар доираи шартномаи мазкур ҷонибҳо ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ мемонанд. Аз ҷумла, машқҳои муштарак ва табодули таҷрибаи мураббиёну доварон пешбинӣ гардидааст.Ҷониби Украина баҳри фароҳам сохтани имкониятҳои варзишӣ барои дастаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ... Читать дальше »
Категория: Варзиш | Просмотров: 904 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 21.12.2011 | Комментарии (0)

Вазнбардорӣ. Мусобиқа барои ҷом

Душанбе, 21 декабр. Дар толори варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов мусобиқаи вазнбардорон барои дарёфти Ҷоми Федератсияи вазнбардории ҷумҳурӣ ба анҷом расид. Дар он аз рӯи ҳашт вазн варзишгарон аз шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ваҳдат, ноҳияи Темурмалик ва Донишкадаи варзиш ширкат карданд. Дар ҷамъбаст миёни дастаҳо вазнбардорони Қӯрғонтеппа барандаи ҷои аввал ва соҳиби ҷом гардиданд. Зинаи дуюмро душанбегиҳо ва мақоми сеюмро варзишгарони ноҳияи Темурмалик сазовор гаштанд.
Дар зӯрозмоиҳо аз рӯи вазн варзишгарон Хуршед Тӯраев (69 кг), Азиз Шукуров (94 кг) ва Баҳриддин Нуриддинов (105 кг) аз шаҳри Қӯрғонтеппа, Қурбоналӣ Давлатов (62 кг) ва Фаттоҳ Зиёев (+105 кг) аз шаҳри Душанбе, ҳамчунин, Парви ... Читать дальше »

Категория: Варзиш | Просмотров: 756 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 21.12.2011 | Комментарии (0)

Ғалабаи аввал ва бузурги "Вахш"

Дастаи футболи "Вахш", қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозии нахустинаш дар сабқати интихобии Ҷоми раиси АФК дар шаҳри Янгони Мянмар ба дарвозаи рақибаш аз Шри-Ланка шаш голи бепосух зад.

Қисми аввали бозии "Вахш" бо дастаи "Ренаун Спортс Клаб"-и Шри-Ланка бидуни гол анҷом ёфт. Бозигарони Шри-Ланка дар ҳимояи дарвозаи худ қобил буда, ҳамаи ҳамлаҳои футболбозони тоҷикро бармегардониданд.

Вале дар оғози қисми аввал Рустам Усмонов, ки дар оғоз ширкаташ дар бозӣ ба сабаби шаҳрвандии Қазоқистонро пазируфтанаш зери шубҳа буд, ҳисобро боз кард. Як дақиқа нагузашта Алексей Неъматов голи дуввумро зад. Бозяк дақиқаи дигар дар байн гузашт ва Нӯъмон Ҳакимов, капитани "Вахш", ҳисобро 3:0 кард.

То анҷоми бозӣ Аҳтам Ҳамроқулов я ... Читать дальше »
Категория: Варзиш | Просмотров: 984 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 10.05.2010 | Комментарии (0)

Оғози мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Тоҷикистон

30-юми апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии дзюдо шурӯъ шуд.
Нуруллоҳ Лоиқов, раиси Федеросиюни дзюдои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа, ки дар Қасри тенниси пойтахти кишвар то рӯзи 2-юми май идома хоҳад кард, беш аз 140 варзишгар дар ҳайати 18 даста аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат доранд.

Ҷаноби Лоиқов афзуд, Федеросиюни дзюдои ҷумҳурӣ ин мусобиқаро якҷоя бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ва дар ҳамкорӣ бо Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон таҳти шиори «Варзиш-алайҳи нашъамандӣ» баргузор кардааст.
Ғолибони мусобиқаи соли гузашта - паҳлавонони шаҳри Душанбе Ҷамшед Халилов ( дар вазни то 60 кг), Фаррух Собиров (то 66 кг), Сӯҳроб Раҳимов (то 73 кг), Шералӣ Бозоров (то 81 кг), Муҳаммад ... Читать дальше »
Категория: Варзиш | Просмотров: 905 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 30.04.2010 | Комментарии (0)

37 медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи Осиё

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба таеквон-до ITF дар Қазоқистон 37 медал – 12 тилло, 18 нуқра ва 7 биринҷӣ ба даст оварданд.

Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар сабқати қитъавӣ, ки дар шаҳри Алматӣ баргузор шуд, 14 даста аз 12 кишвари қора ширкат карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз тими Кореяи Шимолӣ дар мақоми дуввум қарор гирифт. Дастаи мизбон – Қазоқистон ҷои севумро касб кард.

Варзишгари тоҷик Алишер Аҳмадов ба унвони қаҳрамони мутлақи Осиё даст ёфт.

Категория: Варзиш | Просмотров: 2059 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 30.04.2010 | Комментарии (0)

Дастаи Бадахшон – қаҳрамони волейболи Тоҷикистон

Дастаи мардонаи волейболи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон қаҳрамони Тоҷикистон гардид.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни мардон, ки дар толори бозиҳои дастии пойтахти кишвар сурат гирифт, ҳашт даста аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат кард.

Дастаи ВМКБ, ки дар сабқати гурӯҳӣ бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуд, дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «Душанбе-1» бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Ба иттилои мураббии дастаи ғолиб Нағзибек Ашӯрмамадов, волейболбозони Бадахшон шурӯъ аз соли 1992 барои бори 12-ум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтанд.

Категория: Варзиш | Просмотров: 2072 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 15.04.2010 | Комментарии (0)

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон 2 зина поин - 130-юм шуд

Город Вахдат. 1 апреля. «Jurnal-Vahdat». Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 2 зина поин шуд ва дар ҷои 130-юм қарор гирифтааст.
Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ мисли пешин дар зинаи 13-ум ҷойгир шудааст. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷои 12-ум мебошад. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 26-ум аст. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 46. ... Читать дальше »
Категория: Варзиш | Просмотров: 889 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 01.04.2010 | Комментарии (0)

"Ҷаҳони варзиш" бахшида ба Иди Наврӯз

Дар барномаи навбатии маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш», ки ба Наврӯз бахшида шудааст, нахуст Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба шунавандагон дар бораи мусобиқоти идона иттилоъ медиҳад.

Дар Иди Наврӯз баргузории сабқати гуштии миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва маъракаҳои идона ҳамеша бо қувваозмоии паҳлавонон сурат мегирад. Дар ин бора сӯҳбате дорем бо паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадшариф Сулаймонов, ҳамчунин, устодони варзидаи гуштии миллӣ Амрисултон Наботов ва Ғиёсиддин Қаюмов.

Мардуми тоҷик дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз ба бузкашиву асптозӣ низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд. Дар бораи сабқати човандозону асптозон довар ва коршиноси соҳа Арбобмирзо Шамсиев нақл мекунад.

Инчунин дар ин барнома ба шунава ... Читать дальше »
Категория: Варзиш | Просмотров: 2458 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 19.03.2010 | Комментарии (0)

«Истиқлол» ба Туркия сафар кард

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2009, субҳи 11-уми март ба Туркия сафар кард. 

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими «Истиқлол», ба радиои Озодӣ гуфт: «Ба ҳайати даста 20 футболбоз шомиланд, ки байни онҳо бозигарони имсол ба «Истиқлол» даъватшуда, ба мисли дарвозабон Абдулазиз Маҳкамов ва ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров, ҳарду аз тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ҳимоятгар Умед Ҳабибуллоев, аз дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ва нимҳимоятгар Анвар Норқулов, аз дастаи «Вахш»-и Қурғонтеппа, ҳастанд. Дар ҷараёни ин ҷамъомади таълимию тамринӣ, ҳамчунин, мо рӯзҳои 14-ум, 18-ум ва 21-уми март бо дастаҳои лигаи аввали Русия се бозии рафиқона анҷом хоҳем дод».
... Читать дальше »
Категория: Варзиш | Просмотров: 1939 | Добавил: DIGU1991 | Дата: 11.03.2010 | Комментарии (0)

Рақибони «Вахш» муайян шуданд

Рӯзи 5-уми март қуръакашии Ҷоми раиси АFC-2010 дар қароргоҳи Конфедеросиюни футболи Осиё - шаҳри Куала-Лумпури Малайзиё - баргузор шуд.

Дар сабқати интихобӣ, ки аз 6-ум то 16-уми май доир хоҳад шуд, дастаҳои қаҳрамони футболи 11 кишвари қора ширкат хоҳанд кард. Дастаҳо бар асоси қуръакашӣ ба се гурӯҳ тақсим шуданд.

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон, дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нагакорп»-и Камбоҷа,
«Ринаун»-и Шри-Ланка ва қаҳрамони Покистон қувваозмоӣ хоҳад кард.

Ба гурӯҳи «А» «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон, «Абахан»-и Бангладеш, «Йоеди»-и Тайван ва қаҳрамони Непал дохил шуданд. Ба гурӯҳи «С» се даста - «Яданабон»-и Мянмар, МТТУ-и Туркманистон ва «Друкстарс»-и Бутан шомил гаштанд.

Макони барг ... Читать дальше »
Категория: Варзиш | Просмотров: 1136 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 05.03.2010 | Комментарии (0)

Се медали тиллои варзишгарони тоҷик дар Укроин

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии зимистонаи Укроин дар навъи гурзандозӣ се медали тилло ба даст оварданд.

Ба иттилоъи Евгений Шумарин, дабири кулли Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров бо натиҷаи 74 метру 18 сантиметр байни мардон ғолиб шуд. Варзишгарони Укроин Алексей Сикорский (71,46) ҷои дуввум ва Артём Рубанко (70,20) ҷои севумро касб карданд.

Галина Митяева бо натиҷаи 57 метру 82 сантиметр дар сабқати духтарон пирӯз гашт. Варзишгарони Укроин Ганна Скидан (56,76) дуввум ва Надя Рачук (49,92) севум шуданд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Абдуқодир Баротов бо натиҷаи 65 метру 75 сантиметр байни наврасон дар ҷои аввал қарор гирифт. Укроиниҳо Богдан Кизяковский (60,88) ҷои дуввум ва Дмитро Филончук (58,32) ҷои севумро азони худ к ... Читать дальше »
Категория: Варзиш | Просмотров: 1101 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 04.03.2010 | Комментарии (0)

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон 20 зина боло шуд

Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 20 зина боло шуд ва дар ҷои 128-ум қарор гирифтааст. Тоҷикистон миёни 15 ҷамоҳири собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ як зина боло - 13-ум шуд. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ як зина боло баромад (ҷои 12-ум). Укроин мисли пешин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 24-ум аст. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 47. Латвия (49-ум буд). 60. Литва (62). 75. Узбакистон (75). 79. Беларус (80). 97. Эстония (104). 100. Молдова (96). 103. Арманистон (102). 109. Озарбойҷон (114). 124. Гурҷистон (122). 127. Қазоқистон (123). 128. Тоҷикистон (148). 130. Туркманистон (134). 161. Қирғизистон (158).

Дастаи миллии Испа ... Читать дальше »
Категория: Варзиш | Просмотров: 984 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 04.03.2010 | Комментарии (0)

Тими Тоҷикистон бо Туркманистон бозӣ хоҳад кард 

Тими Тоҷикистон рӯзи 24 феврал дар даври ниманиҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё дар Шри Ланка бо тими Туркманистон вориди рақобат хоҳад шуд.
Мураббии дастаи миллии Тоҷикистон Пӯлод Қодиров бо изҳори қаноатмандӣ аз бозии футболбозони тоҷик дар мусобиқоти гурӯҳӣ гуфтааст, ки тими ӯ ба хотири пирӯзӣ ба ин мусобиқот омадааст.
Дар бозии дуввуми даври ниманиҳоӣ Кореяи шимолӣ ва Мянмар бозӣ хоҳанд кард. Барандаи Ҷоми даъват ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё –2011 низ роҳхат хоҳад гирифт.

Категория: Варзиш | Просмотров: 830 | Добавил: DIGU1991 | Дата: 22.02.2010 | Комментарии (0)

1-15 16-21