Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.143.4.181

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » Хабарҳо бо забони тоҷики
« 1 2 3 4 5 6 7 »
Маблағҳои барқ на ҳамааш ба буҷа мераванд

Ҳафтае қабл вакилон лоиҳаи Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» - ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд гуфт, ки дар соли 2012 ҳаҷми умумии Буҷаи давлатӣ беш аз10 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод, аз ҷумла даромадҳои ҷории Буҷети давлатӣ – 7 миллиарду 790,0 млн. сомонӣ муқаррар  гардидааст.

Гуфта мешавад, ки ҳаҷми умумии Буҷаи давлатӣ дар соли 2012 нисбат ба соли 2011, бо ҳисоби номиналӣ 1милиарду 868,6 млн.сомонӣ зиёд ба нақша гирифта шудааст.
... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 776 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 14.11.2011 | Комментарии (0)

2 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 13 нафар захмӣ шудааст

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки дар таркиши Маскав 13 шаҳрванди кишвар захмӣ ва ду нафар кушта шудаанд.

Дар баёнияи расмии вазорат гуфта шудааст, ки Ҷабборов Собир Муҳаммадҷонович ва Ҳақназаров Мурод Худойназарович, сокини ноҳияи Ҷиргатол дар миёни қурбониёни таркиши фурудгоҳи шаҳри Маскав будаанд. 

Қаблан Вазорати умури хориҷӣ марги шаҳрвандони Тоҷикистон дар бобмгузорӣ дар фурудгоҳи Домодедоворо таъйид накарда ва гуфта буд, ки ҳанӯз иттилои расмӣ дар ин мавридро ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1111 | Добавил: DIGU1991 | Дата: 25.01.2011 | Комментарии (0)

Соли нави Тоҷикистон ором гузашт

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар арафа ва шаби Соли нави мелодӣ дар саросари кишвар ҷинояти вазнин содир нашудааст. Муҳамадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар қиёс бо соли пеш, дар ҳудуди Тоҷикистон вазъи ҷиноӣ мӯътадил будааст.

Вай афзуд, рӯзи 31-уми декабр ба шаби 1-уми январ дар саросари кишвар 15 ҷиноят рух додааст, ки 13-тои он ба таври фаврӣ ошкор карда шудааст:

«Ин 13 ҷиноят ҳам бештар ба қаллобӣ, ки шаҳрвандон тайи як шабонарӯз ба шӯъбаҳои корҳои дохилӣ муроҷиат кардаанд ва муомилаи ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехника) рабт доранд»

Сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ коҳиш ёфтани ҷиноятҳои вазнин дар шаби Соли навро ба бамаротиб кам шудани маводи тарфгарӣ р ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 3626 | Добавил: DIGU1991 | Дата: 01.01.2011 | Комментарии (0)

Хабари фаврӣ: Таркиш дар бинои Раёсати минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар Хуҷанд
Хабари фаврӣ: Таркиш дар бинои Раёсати минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар ХуҷандДушанбе. 3-юми сентябр. JURNAL-VAHDAT - Соати 8 05 дақиқаи субҳи имрӯз дар саҳни ҳавлии бинои Раёсати минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дихилаи Тоҷикистон, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд мустақар аст, таркиш ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора хабарнигори «JURNAL-VAHDAT», ки феълан дар ҷойи ҳодиса қарор дорад, иттилоъ дод.

Ба гуфти мавсуф, дар натиҷаи таркиши як автомошинаи сабукрав, ки дар саҳни бинои мазкур қарор доштааст, бинои Раёсати минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ... Читать дальше »

Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1761 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 03.09.2010 | Комментарии (0)

Амалиёти махсуси мақомоти қудратии Тоҷикистон ҷиҳати боздошти фирориён дар шаҳри Ваҳдат

Амалиёти махсуси мақомоти қудратии Тоҷикистон ҷиҳати боздошти фирориён дар шаҳри ВаҳдатВахдат
. 2-юми сентябр. JURNAL-VAHDAT - Ин лаҳзаҳо амалиёти махсуси мақомоти қудратии Тоҷикистон дар мавзеи Чуқайшаи шаҳри Ваҳдат, ки дар 21 километрии  шарқи Душанбе ҷойгир аст, идома дорад. Гурӯҳҳои махсуси мақомот хона ба хона, кӯча ба кӯча ба кофтукоби як гурӯҳи маҳбусони фирорӣ, ки эҳтимол меравад он ҷо панаҳ бурдаанду миёнашон шаҳрвандони Русия низ ҳастанд, машғуланд.

 Дар ин бора ба JURNAL-VAHDAT як манбаъи боэътимод аз мақомоти қудратии кишвар иттилоъ дод.

... Читать дальше »

Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 837 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 02.09.2010 | Комментарии (0)

Хабари фаврӣ:Ташкилкунандаи фирори маҳбусон дастгир шуд

Душанбе. 2-юми сентябр. JURNAL-VAHDAT - Собиқ маҳбуси Гуантанамо Иброҳим Насриддинов, ки ташкилкунандагони фирори маҳбусон аз   тавқифгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон шаби 22-юм бар 23-юми соли ҷорӣ панҷ нафар посбононро кушта бо гурӯҳи 25-нафараи маҳбусон фирор карда буд, дар мавзеи Чуқайшаи шаҳри Ваҳдат дастгир шудааст.

Дар ин бора JURNAL-VAHDAT як манбаи боэътимод дар вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ дод.

Бинобар маълумоти мақомоти Тоҷикистон, Иброҳим Насриддинов ҷинояткори махсусан хавфнок ба шумор рафта, дар асоси моддаҳои 104, қ. 2 (Одамкушӣ), 195 қ. 2 (Ғайриқонунӣ соҳиб шуда ... Читать дальше »

Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1775 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 02.09.2010 | Комментарии (0)

Садҳо вагони манъшудаи НАТО дар Узбакистон

Садҳо вагон моли марбут ба нерӯҳои НАТО дар қаламрави Узбакистон дар банд мондааст.

Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон гуфтааст, ки Узбакистон бидуни ягон далел садҳо вагон моли мутааллиқ ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро мутаваққиф кардааст.

Ба гуфтаи оқои Қаландаров, беш сесад вагон моле, ки бояд ба шимоли Афғонистон барои нерӯҳои НАТО фиристода шаванд, дар қаламрави Узбакистон дар банд мондааст.

Усмон Қаландаров гуфт, ин вагонҳо ҳомили маводи сӯхти реактивӣ, яъне керосин ва масолеҳи сохтмонӣ барои нерӯҳои Эълтилофи байналмилалии зидди террористӣ дар Афғонистон мебошанд.

Ҳоло идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон барои ҳалли қазияи мазкур ба ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1308 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 26.05.2010 | Комментарии (0)

Рӯзи чаҳоруми фоҷеа: Ҳанӯзам дар интизори ёрӣ

Бо гузашти 4 рӯз аз фоҷеа ёриҳои башардӯстонаи расида миёни мардуми офатдида ҳанӯзам тақсим нашудааст. Ҷасадҳои ҷонварони хонагӣ дар кӯчаҳо хобидаанд ва кӯчаҳоро бӯ фаро гирифтааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кӯлоб Мӯъмин Аҳмадӣ мегӯяд, танҳо ёрие, ки ба мардум расидааст, хаймаҳое мебошанд, ки созмонҳои байнулмилалӣ ба аҳолӣ тақсим кардаанд. Ва аммо маводи ғизоии расида, ки боя тавассути ҳукумат миёни мардум тақсим шавад, ҳанӯзам ба марудм нарасидааст. Шаҳрдори Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев гуфтааст, мақомот пас аз анҷом додани рӯйхати зарардидаҳо ба тақсими ёриҳои башардӯстона оғоз хоҳанд кард.

Феълан танҳо мардум ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1612 | Добавил: DIGU1991 | Дата: 10.05.2010 | Комментарии (0)

Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1443 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 07.05.2010 | Комментарии (0)

Дарёфти бист ҷасади қурбониёни сел

Бар асари боронгарии шадид оби дарёи канори шаҳри Кӯлоб боло шуда, шаҳрро зери об гузошт. Дар Кӯлоб 15 ҷасад ва дар Шӯробод панҷ ҷасад ёфтаанд ва аз сарнавишти даҳҳо нафари дигар хабаре нест.

Обхезӣ дар соати дуи шаб воқеъ шудааст, дар замоне, ки аксари мардум хоб буд.

Хабарнигори мо Мӯъмин Аҳмадӣ аз шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад, ки феълан вазъ бисёр мудҳиш аст ва обхезӣ пули баромадгоҳи шаҳрро комилан хароб кардааст.

Дар соати 7-и субҳ аз кӯчаи Чармгарон ҷасади ду кӯдак ёфт шудааст. Дертараш ҷасади як нафари миёнсол низ ёфт шудааст. Сарнавишти беш аз даҳ нафари дигар норӯшан аст. Эҳтимол меравад, ки шумори қурбониёни сел бештар бошад. ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1147 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 07.05.2010 | Комментарии (0)

Латукӯби ду пулиси тоҷик дар марз бо Қирғизистон

Ду корманди шӯъбаи корҳои дохилии Исфара ва ронандаи мошини онҳо дар вилояти Ботканти Қирғизистон аз ҷониби ҷавонони маҳаллӣ мавриди латукӯб қарор гирифтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин бора чизе намедонанд.

Хабаргузориҳои қирғизӣ бо такя ба Хадамоти марзбонии худ навиштаанд, ҷавонони маҳаллӣ дар вилояти Боткант ду корманди пулис аз Тоҷикистон ва ронандаи мошини онҳоро латукӯб кардаанд ва танҳо бо дахолати марзбонони қирғиз пароканда шудаанд.

Хабар ҳокӣ аст, ки ду шаҳрванди Қирғизистон ҳангоми овардани семент аз Тоҷикистон дар роҳ ба кормандони БДА-и Тоҷикистон 740 соми қирғизӣ пора додаанд ва ҳангоми давом додани роҳи худ дар назди маҳаллаи Кӯктош ба онҳо кормнадони шӯъбаи корҳои дохилии Исфара бо лисбои мул ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1065 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 06.05.2010 | Комментарии (0)

Вазорати корҳои хориҷӣ ба "Баракат" мекӯчад

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, муовини худ Абдулҳомид Шералиевро муваззаф кардааст, то дар тӯли ду ҳафта соҳибкорони бозори «Баракат»-ро дар бозорҳои дигар бо дӯкон ва нуқтаҳои савдо таъмин бикунад.

Бино бар тарҳи Генплани Душанбе биноҳои бозори "Баракат” ва боздоштгоҳу маҳбаси муваққатии воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе ба зудӣ тахриб хоҳанд шуд.

Дар ин бора қаблан раиси Оҷонси сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов хабар дода буд. Бар пояи нақшаи генералии шаҳр, дар ҷойи бозори "Баракат” театр ва бинои нави Вазорати умури хориҷӣ бунёд хоҳад ёфт.

Барои бозори нави "Баракат” дар кӯчаи Сурхоб 3,7 гектар замин ҷудо шудааст. Тасмим гирифта шудааст, ки боздоштгоҳ ва маҳбаси воқеъ дар к ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1005 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 05.05.2010 | Комментарии (0)

Як саду даҳ кило мусодира, як корманд захмин

Як корманди Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар натиҷаи амалиёти ин Оҷонсӣ бар зидди қочоқбарон захм бардоштааст. Дар ин амалиёт мақомоти Тоҷикистон 110 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд.

Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз ин миён беш аз 61 кило афюн, зиёда аз 26 кило ҳероин ва қариб 22 кило чарси афғонӣ мусодира шудааст.

Дар ҷараёни ин амалиёт дар роҳи автомобилгард дар Кӯлоб аз даруни «Нексия»-и сокини 31-солаи шаҳри Кӯлоб қариб 62 кило афён ва беш аз 2 кило ҳероин дарёфт шудааст. Дар ҷараёни боздошт ронандаи «Нексия» муқовимат нишон дода, як корманди Оҷонсиро захмӣ кардааст.

Оҷонсии мазкур хабар медиҳад, ки ҳамчунин дар рӯзҳои аввали моҳи май ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1016 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 05.05.2010 | Комментарии (0)

Вазорати тандурустӣ: Фалаҷи кӯдак рафъ мешавад

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то 15 рӯзи дигар хатари полиомелит ё фалаҷи кӯдак аз кишвар рафъ хоҳад шуд.

Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, далели чунин итминон ширкати густардаи мардум дар маъракаи эмкунӣ аст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз фалаҷи кӯдак имрӯз дар кишвар шурӯъ шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, маъракаи эмкунии атфол дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он - Рӯдакӣ, Ҳисор, Варзоб ва Ваҳдат идома дорад ва дар бақия навоҳии умдатан ҷанубу ғарби Тоҷикистон идома пайдо хоҳад кард.

Тибқи иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон, 4 миллион ваксине, ки аз Бунёди байнулмилалии атфоли СММ дарёфт шудааст, то 5 июни моҳи оянда ба мардум расонида хоҳад ш ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1202 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 03.05.2010 | Комментарии (0)

Баҳои комиссиюни ИМА ба вазъи озодии дин дар Тоҷикистон

Комиссиюни байнулмилалии озодии дини ИМА Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳое ворид кардааст, ки ҳукуматҳои онҳо дар нақзи шадиди озодиҳои диниву мазҳабӣ даст доранд ва бояд мавриди таваҷҷӯҳи хосса қарор бигиранд.

Дар баробари Тоҷикистон ба ин рӯйхат ҳамчунин Куба, Афғонистон, Белорус, Лаос, Русия, Сомалӣ ва як қатор кишварҳои дигар ворид шудаанд.

Ин комиссиюн дар гузориши солонаи худ навиштааст, тайи солҳои ахир вазъи озодии дин дар Тоҷикистон ба таври назаррас бад шудааст. Гарчанде тибқи сарқонуни Тоҷикистон, ин кишвар дунявист ва озодии дин ва эътиқодро эътироф мекунад, вале қонунҳо ва сиёсати давлати Тоҷикистон дар ин самт маҳдудиятҳои бузург эҷод менамояд.

Маҳдудиятҳои Қонуни ... Читать дальше »
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1412 | Добавил: jurnal-vahdat | Дата: 30.04.2010 | Комментарии (0)