Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

18.189.22.136

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Март » 9 » Тағйири иқлим дар Тоҷикистон: "Зимистон гармтар мешавад, тобистон сардтар"
17:54
Тағйири иқлим дар Тоҷикистон: "Зимистон гармтар мешавад, тобистон сардтар"

Тағйири иқлим дар Тоҷикистон: "Зимистон гармтар мешавад, тобистон сардтар"

Мақбулшо Яқиншоев мисли дигар ҳамдеҳагони кишоварзаш аз рустои дурафтодаи Барчид дар сояи кӯҳҳои Помир, доир ба газҳои гӯлхонаӣ ва ё тағйири иқлим чизи зиёде намедонад. Аммо ин кишоварзи 65-солаи тоҷик, тайи солҳо дидааст ва медонад, ки бо ақибнишинии пиряхи пушти ҳавлиашон, ҳосили зироати онҳо низ кам мешавад. 

Тайи солҳои гузашта, Мақбулшо Яқиншоев, шоҳиди тағйироти зиёде дар рустои Барчид шудааст, ки ин русто дар сатҳи 3000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда ва манбаъи оби нӯшиданиву обёриаш ҳам пиряхи ҳамноми Барчид аст. Вай мегӯяд, "чунин ба назар меояд, фасли сармо гармтар ва моҳҳои тобистон кӯтоҳтару сардтар мешавад.” Ба гуфтаи Мақбулшо Яқиншоев, пеш аз расидани помидорҳои коштаи вай тобистон поён меёбад ва норасоии об ҳосили картошкаашро камтар мекунад.

Аммо танҳо Мақбулшо Яқиншоев нест, ки ин чизро фаҳмидааст. Ҳам донишмандони Тоҷикистон ва ҳам хориҷ аз он камбуди об, тобистонҳои сардтар ва зимистонҳои ба таври афзоянда гарм дар кишварро ба тағйироти иқлим иртибот медиҳанд. Яке аз онҳо Ҳақназар Оқоназаров, мудири Пажӯҳишгоҳи биологии Помир аст, ки мегӯяд, дар гузашта "таъсири гармоиши курраи Замин пештар дар водиҳо аёнтар буд, аммо ҳоло нишонаҳои рӯшани он дар кӯҳистонҳои ҳазорон метр баландтар аз сатҳи баҳр, ба чашм мерасанд.»




Агар ба омор бингарем, Тоҷикистон, саҳми чандоне дар гармоиши курраи Замин надорад. Масалан, бино ба гузориши тозаи муассисаи имдодии Оксфам, Тоҷикистон аз назари ихроҷи газҳои гӯлхонаӣ дар ҷаҳон дар зинаи 109-ум аст ва аз ҷиҳати ихроҷи тамоми анвоъи газ дар мақоми 129. Бо ин ҳол, ба гуфтаи муассисаҳои имдодии байналмилалӣ, Тоҷикистон дар радифи он кишварҳоест, ки бештар аз дигарон аз тағйироти иқлимӣ ранҷ мекашад. Чанде пеш муассисаи имдодии Оксфам, ки ба масъалаи коҳиши камбизоатӣ таваҷҷӯҳ мекунад, дар гузориши тозае доир ба Тоҷикистон гуфт, ақибнишинии пиряхҳо ва шароити ғайримаъмулии табиӣ то чиҳил соли оянда, вазъи амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистонро табоҳ хоҳад кард. Ба гуфтаи Оксфам, дар сурати наандешидани тадобири зарурӣ ва чунин ранг гирифтани ҳол Тоҷикистон шоҳиди вайронии олами набототу ҳайвонот, муҳоҷирати зиёд ва ҳатто бесуботӣ дар минтақа хоҳад шуд. Оксфам, гуфтааст, ки ҳарорат дар Тоҷикистон аз соли 1940 то 2000 аз як то 1,2 дарсад афзудааст, 20 дарсади бештар аз 8 ҳазор пиряхи кишвар ақибнишинӣ карда ва ё баъзеашон комилан нопадид шудаанд. Гузашта аз ин, хушксолӣ дар солҳои ахир гиребони Тоҷикистонро зуд-зуд мегирад, ки сеяки киштзорҳояш пойбанди шабакаҳои обёрист. Танҳо соли гузаштаи 2009 буд, боронрезиҳои зиёд деҳқонони тоҷикро аз чанголи хушксолиҳои пай дар пайи се сола раҳо кард. Дар он солҳо, пиряхҳои обшуда то 80 дарсад дарёҳоро пур карданд, агарчӣ дар мавсими маъмулӣ оби пиряхҳо рӯдхонаҳоро аз 10 то 20 дарсад таъмин мекунад.

Табиат ҳамчунин соли 2008 тобоварии мардуми Тоҷикистон ба сарморо низ озмоиш кард. Дар он сол зимистони қаҳратуне кишварро фаро гирифт ва ҳарорат дар баъзе аз маҳалҳо то 40 дараҷа сард шуда ва ба зироату боғзорҳои мардум зиёни бисёре расонд.

Донишмандон пешбинӣ мекунанд, ки хушксолиҳо дар Тоҷикистон солҳои оянда зуд-зуд такрор хоҳанд шуд ва то аз болоравии ҳарорат дар чиҳил соли оянда, 30 дар сади пиряхҳои кишвар коҳиш ёфта ва баъзеашон комилан бухор хоҳанд шуд. Пиряхи Федченко аз дарозтарин пиряхҳои хориҷ аз қутби шимол намунаи барҷаста ва нигаронкунда аст. Ин пиряхи воқеъ дар 80 километрии деҳаи Барчид, бо масоҳати 700 километри мураббаъ солона аз 16 то 20 метр ақибнишинӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Ҳақназар Оқоназаров, донишманди тоҷик, "пиряхҳо, ин ганҷинаҳои об батадриҷ тунуктар ва хурдтар мешаванд.”

Бо назардошти он ки пиряхҳои Тоҷикистон 50 дарсади рӯдхонаҳои тамоми Осиёи Марказиро таъмин мекунанд, як зарра коҳиш ёфтани маҷрои об мушкили фаровоне дар тамоми минтақа эҷод хоҳад кард. Аз ҳамин ҳоло захираҳои об боиси ихтилофоти назар миёни кишварҳои болооб Тоҷикистону Қирғизистон ва поёноб Ӯзбакистон шудааст. Коҳиши маҷрои об ба самти кишварҳои поёноб метавонад сабаби бесуботӣ дар минтақа шавад. Дигар ин ки сарнавишти ояндаи иқтисоди Тоҷикистон ҳам ба сарнавишти пиряхҳо вобаста аст. Таври маълум кишвар умедвор аст, ки бо бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, нерӯи барқи кофӣ барои худ ва харидорони хориҷӣ ҳосил хоҳад кард. Аммо як зарра коҳиши маҷрои об ҳам метавонад, ин барномаҳои Тоҷикистонро ба хатар рӯ ба рӯ кунад. Аммо, бар асари тағйири иқлим, танҳо мардум ранҷ нахоҳанд кашид, балки баъзе аз ҷонварҳо ва рустаниҳои нодири кишвар ҳам нобуд хоҳанд шуд. Ҳақназар Оқоназаров, мудири Пажӯҳишгоҳи биологии Помир мегӯяд, анвоъи рустаниҳои ин минтақа солҳои ахир ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст.

Тоҷикистон даҳҳо донишманди кишварро ба Бадахшон фиристодааст, то таъсироти тағйири иқлим ба олами набототу ҳайвоноти минтақаро таҳқиқ кунанд. Ин муҳаққиқон танҳо ба таҳқиқи обшавии пиряхҳо машғуланд ва маълум аст, ки наметавонанд, суръати обшавиро коҳиш ва иқлимро тағйир диҳанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Ҳақназар Оқоназаров, ягона роҳе боқӣ мемонад, ки он ҳам мутобиқ шудан ба тағйироти иқлимист. Вай мегӯяд, донишмандон саъй доранд, то барои кишоварзон зироатҳои алтернативие пайдо намоянд, ки оби кам бихоҳад ва ё дар камобӣ хушк нашаванд.

Ба гуфтаи ӯ, Пажӯҳишгоҳи биологии Помир як дастури наве барои кишоварзон таҳия мекунад, ки дар он шеваҳои мутобиқат ба тағйири иқлим нишон дода шудааст. Аммо ин кори осон нест, мегӯяд Ҳақназар Оқоназаров. Дар ин миён захираҳои маводии ғизоии Мақбулшо Яқиншоев, кишоварзи деҳаи дурдасти Барчид камтар мешавад ва ӯ нигарон аст, ки мавсими имсоларо то ҳосили оянда чӣ гуна пушти сар мекунад. Ӯ мехоҳад, барои таъмини беҳтари зиндагӣ кори дигаре пайдо кунад, аммо дуредгари собиқи 65 сола умеди зиёде надорад, ки бо ин бекории густурда дар Тоҷикистон, ҷойи кори дигаре пайдо хоҳад кард.
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1745 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: город Вахдат, : Зимистон гармтар мешавад, 2010, ахборот, Taj, новости, Тағйири иқлим дар Тоҷикистон, хабархо, ta, тобистон сардтар | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar