Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

18.222.239.77

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Февраль » 4 » Дархости расмии Русия барои РТР ва ОРТ
16:37
Дархости расмии Русия барои РТР ва ОРТ

Дархости расмии Русия барои РТР ва ОРТ

Ҳукумати Русия бо ирсоли як нома аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки барои расидагӣ ба мушкилоти пахши амвоҷи шабакаҳои телевизионии ин кишвар дар қаламрави Тоҷикистон мусоидат кунад.

Ба иттиллои манобеъи расмӣ, дар ин нома аз мушкилоти пешомада дар мавриди пахши барномаҳои шабакаи телевизионии РТР-Планетаи ин кишвар дар Тоҷикистон изҳор нигаронӣ шудааст.

Номаи мақомоти Русия дар ҳоле мавриди баррасии мақомоти Тоҷикистон қарор мегирад, ки тайи се моҳи ахир нашри барномаҳои яке дигар аз шабакаҳои телевизионии ин кишвар, ки аз тариқи пойгоҳи низомии ин Русия мустақар дар Тоҷикистон сурат мегирад, бо мушкил рӯбарӯ шудааст.

Масъулони Вазорати нақлиёт ва мухобирот ва Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон таъйид мекунанд, ки аз мӯҳтавои номаи ирсолшуда аз сӯи ҳукумати Русия огоҳ мебошанд ва дар ин робита мавқеъи худро ба ҳукумати кишвар маълум кардаанд.

Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ин нома бо ҳадафи дубора ба роҳ мондани пахши амвоҷи шабакаи РТР-Планета дар қаламрави Тоҷикистон ирсол шудааст. Зеро, пахши амвоҷи ин шабака аз моҳи марти соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон қатъ шудааст, ки иллати он напардохтани маблағ аз сӯи ин шабака мебошад.

Асадулло Раҳмонов гуфт, дар ин нома дар бораи мушкилоти пахши барномаҳои шабакаи ОРТ-и Русия тавассути Маркази пахши амвоҷинет
Ба бовари бархе аз коршиносон, Русия, ки батадриҷ аз бештари фишангҳои фишори худ дар Тоҷикистон маҳрум мешавад, ҳадди ақал мехоҳад бо истифода аз пахши барномаҳои телевизионии худ ҳузури худро ҳифз кунад.
пойгоҳи низомии 201-и ин кишвар мустақар дар Тоҷикистон чизе мушаххас гуфта нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи се моҳи ахир баҳсҳо миёни Симои мустақили Тоҷикистон ва Шабакаи аввали телевизиони Русия – ОРТ, ки тавассути маркази фаннии пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон барномаҳо мунташир мекунад, идома дорад. Ин ду шабакаи телевизионӣ тавассути як басомад барномаҳои худро пахш мекунанд, ки барои бинанда мушкил пеш овардааст. Асадулло Раҳмонов, раиси Кумити телевизион ва радиои Тоҷикистон, гуфт, нашри барномаҳои шабакаи ОРТ аз тариқи амвоҷи пешбинишуда барои СМТ ғайриқонунист. Зеро, ин шабака чунин иҷозаро аз мақомоти марбута дарёфт накардааст. Аз сӯи дигар, дар ҳоле, ки ин шабака тавассути моҳвора барномаҳои худро мунташир мекунад, ҳеҷ зарурате барои иҷозаи нашри он боқӣ намондааст.

Аммо манобеъи Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон ба навъе таъйид мекунанд, ки дар номаи ҳукумати Русия ба мавзӯи пахши барномаҳои ОРТ тавассути маркази фаннии пойгоҳи низомии Русия низ ишора шудааст. Бек Зуҳуров, муовини вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, гуфт, ки ин ё он шабакаи телевизионӣ танҳо баъди гирифтани санади иҷозаи фаъолият аз Кумитаи ТВ ва Радио метавонад ба ин ниҳод ҷиҳати дарёфти басомади амвоҷ муроҷиат кунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари бархе аз коршиносон номаи ҳукумати Русия ба мақомоти Тоҷикистон метавонад ангезаҳои дигар низ дошта бошад. Зеро Русия, ки батадриҷ аз бештарин фишангҳои фишори худ дар Тоҷикистон маҳрум мешавад, ҳадди ақал мехоҳад бо истифода аз пахши барномаҳои телевизионии худ ҳузури худро ҳифз кунад.

Ин ҳама баҳсҳо бар сари азсаргирии пахши барномаҳои шабаҳои русӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле ҷараён мегирад, ки нақш ва ҳузури расонаҳои электронии давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон муассир нест. Аз як сӯ набуди имконоти моливу фаннӣ ва аз сӯи дигар адами кадрҳои мутахассис бар фаъолияти муассири ин расонаҳо мушкил эҷод кардааст. Мӯсо Асозода, раиси Иттиҳоди миллии расонаҳои электронии Тоҷикистон, мегӯяд, дар куллия қаламрави кишвар 25 шабакаҳои радиоиву телевизонӣ дар маҳалҳо амал мекунад, ки ҳамагӣ бо ин мушкилот рӯбарӯ мебошанд.

Нашри амвоҷи шабакаи телевизионии ОРТ-и Русия дар соли 1999 ва РТР-Планетаи ин кишвар дар соли 2009 дар қаламрави Тоҷикистон қатъ шудаанд. Ба таъйиди мақомоти расмии Тоҷикистон, танҳо масъалаи молӣ боис шудааст, ки ин шабакаҳо натавонанд ба нашри барномаҳои худ дар қаламрави Тоҷикистон идома диҳанд.
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1095 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: ахбор, город Вахдат, Дархости расмии Русия барои РТР ва , 2010, новости, taj-news, news, таджикистан | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar