Ҷанг барои шавҳар
ва ё чаро барои гирифтани зани дуюм иҷозат надиҳем?
JURNAL-VAHDAT | 19.04.2012 | Дар
хона нишаста будам, ки садои ҳақорат ва ҷанҷоли занона ба гӯш расид. Аз
тиреза ба берун нигоҳ кардам. Дар кӯча якчанд зан занеро таҳдидкунон
ҳақорат мекарданду гоҳ-гоҳ ба сару рӯи ӯ заданӣ ҳам мешуданд. Аз рафти
ҷанҷол маълум шуд, ки ҷанг асосан миёни зани якум ва дуюми марде мерафту
падару модари мард келини якумро пуштибонӣ мекарданд.
Мард
новобаста ба он, ки аз оилаи якум 4 фарзанд доштааст, ба таври пинҳон
...
Читать дальше »
|
Талаботи аҳолии Тоҷикистон ба орд
JURNAL-VAHDAT | Душанбе,
5 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати
растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, талаботи солонаи аҳолӣ бо орд 1
млн. 500 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ёдовар мешавем, ки соли 2011 дар
ҷумҳурӣ беш аз 600 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ гардид. Тибқи
маълумоти Раёсати растанипарварии ин вазорат соли ҷорӣ аз ҳисоби зиёд
кардани замини кишт ҳаҷми истеҳсоли ғалла, аз ҷумла гандум зиёд карда
мешавад. Барномаи ғизо ва кишоварзӣ (ҒАО)-и СММ дар гузориши семоҳаи
аввали соли 2012 –и худ ҷамъоварии ғалларо дар соли 2012 дар саросари
дунё беш аз 690 млн. тонна пешгӯӣ кардааст. Аммо номусоидии обу ҳаво
нишон медиҳад, ки соли ҷорӣ як қатор давлатҳои Аврупо шояд ба гирифтани
ҳосили пешбинишуда муваффақ нашаванд. Аз ин рӯ нархи гандум дар бозори
ҷаҳонӣ бетағйир мемонад. Со
...
Читать дальше »
|
Таъмини сокинони деҳот бо оби тозаи нӯшокӣ
JURNAL-VAHDAT | Душанбе,
5 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). - Дар доираи татбиқи Қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 «Дар бораи тасдиқи
барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии кишвар бо оби поки нӯшокӣ барои
солҳои 2008-2020» сокинони маҳаллаи Хоҷаи Ҳалвоии ҷамоати деҳоти Ёрии
шаҳри Панҷакент бо оби поки нӯшокӣ таъмин гаштанд.
Аз хадамоти
матбуоти раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки
68 хоҷагии маҳаллаи мазкур то ин дам оби нӯшокиро аз масофаи 2 км роҳ
мекашониданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва
бо маблағгузории ташкилоти башардӯстонаи «Глобалпартнерс» ва
хизматрасонии аҳолии маҳалла аз масофаи 2 ҳазору 30 метр, аз мавзеи
чашмаи Калламардак ба маҳаллаи Хоҷаи Ҳалвоӣ хати оби нӯшокӣ кашида шуд.
|
Нафақахӯрон миннатдоранд
Душанбе,
10 феврал. JURNAL-VAHDAT .- Тибқи маълумоти Бонки
давлатии «Амонатбонк»-и ҶТ, маблағи аз Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ
ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба нафақахӯрон пардохтшуда 859 млн.147 ҳазор сомониро ташкил дод, ки
20 млн. 402 ҳазори он бақияи пардохтнашудаи аввали соли 2011 мебошад. Шумораи
нафақахӯрон то 1-уми январи соли 2012 (бе назардошти шумораи
нфақахӯрони корманд) 554 ҳазору 445 нафарро ташкил дод. Доир ба пардохти
нафақаю ёрдампулӣ аз ҳисоби маблағи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ
ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ тавассути
муассисаҳои «Амонатбонк» соли 2011 дар ВМКБ ба нафақахӯрон 53 млн. 201
ҳазор сомонӣ, дар вилояти Суғд -251 млн. 839, Хатлон – 291 млн. 523,
шаҳри Душанбе – 88 млн. 465 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба андозаи
1
...
Читать дальше »
|
|