Категории раздела
Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.133.156.54

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » Статьи » Статьи » Ситорахо

Фарзонаи Хуршед. Аз саҳна то маҳбас

Фарзонаи Хуршед. Аз саҳна то маҳбас

Фарзонаи Хуршед дар маҳбас

Фарзонаи Хуршед дар маҳбас

Дидоре дар маҳбас бо шахсе, ки дар ин муддат хеле иваз шудааст, пушаймон аст ва дар орзуи озодист.

Вақте роҳ сӯи маҳбаси занонаи Норакро дар пеш гирифтем, ҳадафи асосии ман дидори ситораи ҷавонҳои имрӯзаи тоҷик, овозхони саршинос -- Фарзонаи Хуршед буд. Ҳарчанд маҳбас ҷои ғамангез ва нохушоянд аст, дари онҳро ба рӯи мо раҳбарони ин муассиса бо лабханд ва ибораи «Хуш омадед!» боз карданд. Хуш омадед ба зиндон?

Шояд ман пештар аз ҳамроҳонам ҳанӯз баробари боз 
Ҳамаи ин хато аст. Ватани ман гуноҳ надорад бигузор гадо бошам ва дар хоки ватан бошам. Ба ман хуб нигоҳубин мекунанд...

шудани дар ба ҳавлии маҳбасхона чашм давондам. Бошитоб ва ба хотири дидори Фарзона, сарояндае ки ҷомеа ва бахусус ҷавонон мехоҳанд, дар бораи вазъи имрӯзаи ӯ иттилои бештар пайдо кунанд.

Қадами аввал ба даруни маҳбас

Ҷӯёву интизори ин дидор будам, аммо роҳбаладони мо аввал мехостанд моро бо шароити моддии маҳбасхона ошно кунанд. Дар руйи ҳавлӣ ягон-ягон зани маҳбус пайи корҳои худ буданд. Аммо ман бо 

ҳар роҳ талоши кунҷковӣ мекардам ва ба ҳар тарафи зиндон нигоҳ меандохтам, ба ҳар чеҳра нигоҳи бодиққат, то бошад, ки ӯ ҳамон яке аз зиндониён бошад, ки ман ҷустуҷӯ мекунам. Ҳатто, чанд нафарро ҳам тахмин кардам, ки дар зоҳир монанди Фарзона буданд. Шиору гулбоғи саҳни маҳбасхона ба чашми ман наменамуд.

Аммо Фарзона дар ҳеҷ куҷо ба чашм наменамуд. Метарсидам, ки ӯро нашинохта, чунин мулоқотро аз даст бидиҳам. Агар моро ба толори маҳбасхона намебурданд ва издиҳоми зиндониёнро он ҷо намедидам, шояд бетоқатӣ кардаву ҳатман пз роҳбаладонамон Фарзонаро пурсон мешудам. Мегуфтам, ӯро бароям пайдо кунед.

Дидори деринтизор

Ниҳоят, бо гузашти дақиқаҳое, ки мисли сол тӯл мекашиданд, вақти дидор замоне расид, ки моро ба толори шиносоӣ бо маҳбусон бурданд. Даҳҳо нафар он ҷо нишаста буданд. Ҳамаи онҳо тақрибан ба як ранг намудор мешуданд. Махсусан, ки сарулибоси якхела ва рӯймолҳои сафед доштанд.

Аммо чеҳраҳо, синну сол ва қадду басти зиндониён аз ҳам фарқ дошт. Боз ҳам нигоҳам аз чеҳра ба чеҳра меҷаҳид, то хатту холи ошноро пайдо кунам. Боз ҳам дар ҷустуҷӯи Фарзона будам.

Баъд аз муаррифии мо роҳбари муассиса ҳам гӯё, ки мақсади моро фаҳмид, ки гуфт: -- Шумо хабарнигорон, ба фикрам, як ҳадаф доред, Фарзонаи Хуршедро дидан...

Фарзона аз байни даҳҳо зани маҳбус, шармида, хест ва ба тарафи мо омад. Фикр кардем, ки аз сӯҳбат худдорӣ мекунад. Аммо, на. Даст пеши бар ҳамчун одати эҳтироми суннатии мо ба наздамон барои салом кардан омад.

Аммо Фарзонае, ки ҳоло мо медидем, аз Фарзонаи Хуршеди якуним сол қабли озод ба куллӣ фарқ дошт. Хеле иваз шуда буд. Мисли ҳамаи маҳбусон сару либос ва пойафзоли якхелаи резинӣ дошт.Акнун ман Фарзонаи рӯйи саҳнаро дар маҳбас, пушти панҷара медидам.

Гуфтугӯи мушкил

Дар ҳоле,  ки дар саҳна боре Фарзонаро бо абрӯвони пайваста ва бе ғозаву пардоз надида будам. Акнун дар хотири ман абрӯвони наққошишудаи ӯ дар як барномаи калони консертиаш дар «Кохи Борбад» ва либосҳои мӯди аврпуоӣ ва ҳиндуяш пеши назар меомад. Он Фарзона куҷову ин Фарзона куҷо!

Оҳанги ӯ ҳам аз куҷое ба гӯшам мерасид:

«Дарди ниҳон дорам, бар кас намегӯям,
  Ин аст рамзи ишқ, дилшикаста мегӯям.
.."

Шояд Фарзона ин матнҳоро аз қавли Мавлоно хондааст,  аммо ба зиндагӣ ва ишқаш тавъам будааст. Рамзи ишқаш дар зиндагӣ дилшикастагӣ. Баъди даст дароз кардани Фарзона барои салом аз хотираҳо берун мешавам.

Фарзона бо табаассум, салому алейк мекунад ва мегӯяд, ки шукронаи Худованд аз вазъаш дар маҳбасхона қонеъ аст. Мушкили махсусе надорад. Рӯзаш мегузарад.

Аммо дафъатан гиря гӯлуяшро мегирад ва бо душворӣ ба саволҳои мо посух медиҳад.

Озодӣ: Чӣ ҳол дорӣ, Фарзона? 

Фарзона: Ташаккур. Фарзонаи Хуршед бо моддаи 365 қисми 1 -- мӯҳлати ҷазо 2 сол. Аз кардаи худ беҳад  пушаймонам, хубам, гуноҳ кардам, ҷазояшро мебинам.

Озодӣ: Ягон суруд мехонед ё омода кардед?

Фарзона: Не, намехонам, агар зиқ бошам, намехонам, дар хурсандӣ мехонам...

Озодӣ: Ба дил шояд замзама кунед?

Фарзона: Не, вақте ғамгин бошам, хонда наметавонам,  дар хурсандӣ суруд мехонам.

Боз ҳам гиря гулӯяшро мегирад. Аз ӯ мепурсем, ки рост аст, ки баъди баромадан аз маҳбас тарки ватан мекунӣ?

Рад мекунад, мегӯяд, инҳо овозаҳоянд, не, ватан гуноҳ надорад, ман гуноҳ дорам. Намедонам хабарнигрон ин гапҳоро аз куҷо мебофанд ва илова мекунад:

«Ҳамаи ин хато аст. Ватани ман гуноҳ надорад бигузор гадо бошам ва дар хоки ватан бошам. Ба ман хуб нигоҳубин мекунанд. Аз кормандони ин ҷо минатдорам ба хотири он ки ҳамаро бо як чашм нигоҳ мекунанд.»

Сӯҳбат кардан барояш осон нест. Чашмони пури об ва нигоҳи маҳзунаш аз даҳҳо розҳои ниҳон ва аламҳои намакин дарак медиҳад.

Нигоҳе пинҳон ба зоҳири ӯ

Дигар чашмонаш сурма надоранд, вале бе сурма ҳам хуморӣ ҳастанд. Нохунҳои дасту пояш дигар ранг надоранд. Аз пӯсти дастонаш маълум, ки офтобхӯрда аст ва кор мекунад. Аз маникюр дигар 
Фарзона (аз рост) ва ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова

дар нохунҳояш осоре нест. Нохунҳои дарози маникюркардаи базми Солинавии чанд сол пешаш ба ёдам меомад, ки ҷавондухтарон бо ибрат аз ӯ нохунҳои худро мисли Фарзонаи Хуршед мекарданд.

Нигоҳамро ба ҳамтоёнаш мегурезонам, зеро чашмони маро ҳам ашк мегирад ва сухан гуфтан дар мавриди нақшаҳои душвортаҳияшаванда дар ин муҳит бароям гаронӣ мекунад. Аммо боз Фарзонаро дилбардорӣ карда сӯҳбатро идома медиҳем. Аз шароити маҳбас ва муносибати масъулон пурсон мешавам.

Даст пеши бар мебарад, мегӯяд, ки «Шукрона, хуб нигоҳубин мекунанд.»

Мепурсам, ки мухлисонатон интизори созу навоҳои нави Шумо ва ошноӣ аз ҳаёти маҳбасии Шумо ҳастанд.  Боз ҳам ашк дар чашмонаш ҳалқа мезанад ва лабонашро аз шиддати дарди ботин мегазад ва мегӯяд, ки рӯзҳои башумор мондааст ва ҳатман ба назди мардум ва хидмати ватан бармегардад.  Дар ҳоле ки ҳафтае пеш расонаҳо аз мазҳабӣ шудани ӯ ва албоми наваш иттилоъ доданд, вай ин ҳамаро рад кард.

Фарзонаи дигар

Агар касе ӯро ҳоло бинад, нахоҳад шиинохт. Зеро ҳаводоронаш одат кардаанд, ки ӯро ҳамеша бо либосҳои рангаву пурҷило ва ороиши аврӯпоиву тибқи мӯди охирин бубинад.

Аз ӯ мепурсам, ки маҳбусони дигар ӯро мешиносанд, кӣ будани ӯро медонанд? Табассум мекунад ва мегӯяд, ки «албатта, мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.»

Вақти сӯҳбати мо бо Фарзона ба охир мерасад аммо мо ҳарфҳое барои задан бисёр дорем, лек ба гуфтани онҳо душворӣ мекашем.

Мегӯяд,  бештар ба тавбаву надомат ва хондани намоз машғул аст. Аз қазияи ба сараш омада 

шунидан намехоҳад. Ҳатто аз он дӯстписар ҳам ва танҳо аз худованд озодиро талаб дорад. Сарашро паст гирифта, бо овози гирён  ва ларзон мегӯяд:  «Аз маҳбас бароям аввалин коре, ки мекунам аёдати модарам ва хидмат ба мардуму ватан аст. Ҳоло дар бораи ягон шоубизнес ё барномаи консертӣ фикр намекунам ва таронаи нав гӯш н...ак...ар....да....ам......»

Баъди шунидани он ки дар ин муҳити ғамангез барояш шунидан ва хондани суруд осон нест, чандин саволҳоям алакай посухи худро мегиранд.

Тағйир дар хислатҳо

Вохӯрие ки ҳар як нафасаш ва ҳарфаш олудаи дуди ғам ва ашк аст, ба зӯр аз даҳон як калима мебарояд, сангинтарин рӯз будааст дар ҳаёт, хулоса мекунам.

Зиндон ӯро низ духтари ҳалиму хоксор кардааст. Боре дар як маърака Фарзона дохили хона шуд, аммо саломи моро алейк нагирифта буд, танҳо бо чанд нафар салом дода ба хонаи дигар гузашт ва сару либосаш ҳам, ба истилоҳ, "замонавӣ” буд.

Акнун боварам намеояд, ки он он Фарзона аст. Ҳатто бо мо хоҳиши хайру хуш кардан надошт. Гӯё ки шиноси чандсола бошем. Муносибаташ далели он буд ки самимӣ шудааст ва аз он занони маҳбуси ба куллӣ фарқ дорад. Зеро ӯро қурбонии ишқаш  шуд. На  мисли аксарияти ҳамтақдиронаш дар қаллобӣ ё ҳамкорӣ бо гуррӯҳҳои ҷиноятпеша.

То дидор, дар озодӣ!

Мо ҳам бо Фарзона хайрухуш карем. Аммо бо чеҳраи бозу хуш ва ба умеди он ки боз ба назди Фарзона хоҳем баргашт. Ва бо орзуи ин ки дар озодӣ ӯро бубинем ва сӯҳбат кунем.

Вай дурудароз ба тарафи мо, онҳое, ки аз дарвозе берун, ба озодӣ меравем, даст меафшонад.

Дари зиндон баста мешавад Фарзона он ҷо мемонад, то рӯзе ба озодӣ барояд. Ва ман боз рӯзҳову ҳафтаҳо аз ин мулоқот ба худ нахоҳам омад.
Категория: Ситорахо | Добавил: DIGU1991 (11.06.2011)
Просмотров: 5000 | Теги: Дидоре дар, дар маҳбас, Фарзонаи Хуршед, ки дар ин муддат, маҳбас бо шахсе, Аз саҳна то маҳбас, хеле иваз шудааст, Фарзонаи, пушаймон аст ва дар ор, Хуршед | Рейтинг: 4.5/2
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar