Категории раздела

Мирзо Турсунзода [3]
Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ [0]
Абдуррахманони Джоми [0]
Лоик Шерали [0]
Лоиқ Шералӣ
Мумин Каноат [2]
Мӯъмин Қаноат
Достонҳо [0]
Садриддин Айни [0]
Основоположник таджикской советской литературы
Бадриддини Ҳилолй [0]

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

18.118.144.98

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5916
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » Статьи » Шоирони Точик » Мирзо Турсунзода

ДАСТИ МОДАР (Мирзо Турсунсозода)
ДАСТИ МОДАР

Бо ҳамон дасте, ки чодар сўхтӣ,
Гулхани шаъну шараф афрўхтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки боғ оростӣ,
Кишвари гул-гул шукуфон хостӣ,
Бо ҳамон дасте, ки манзил сохтӣ,
Қасрҳову кўшкҳо андохтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки дар рўи замин
Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин,
Бо ҳамон дасте, ки кардӣ интихоб
Дилпурона давлати олиҷаноб,
Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз,
Аллагўён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки ширам додаӣ,
Сўям оғўшат калон бикшодаӣ,
Бо ҳамон дасте, ки дастам доштӣ,
Дасти шафқат бар сарам бигзоштӣ,
Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо
Пок кардӣ ашки чашмони маро,
Бо ҳамон дасте, ки гул бў кардаӣ,
Шонаро бар кокулу мў кардаӣ,
Сўи фатҳи тоза кун аз сидқи дил
Кафзанон фарзандҳоятро гусел!


Мирзо Турсунзода 1967
Категория: Мирзо Турсунзода | Добавил: DIGU1991 (15.12.2011)
Просмотров: 21034 | Комментарии: 1 | Теги: шеърхо, Стихи, Мирзо Турсунсозода, шеърхои точики, Вахдат, бо забони точики, 2011, ДАСТИ МОДАР | Рейтинг: 3.6/16
Всего комментариев: 1
avatar
0
1 Мансур • 15:13, 27.12.2012
Бо ҳамон дасте, ки чодар сўхтӣ,

Гулхани шаъну шараф афрўхтӣ,

Бо ҳамон дасте, ки боғ оростӣ,

Кишвари гул-гул шукуфон хостӣ,

Бо ҳамон дасте, ки манзил сохтӣ,

Қасрҳову кўшкҳо андохтӣ,

Бо ҳамон дасте, ки дар рўи замин

Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин,

Бо ҳамон дасте, ки кардӣ интихоб

Дилпурона давлати олиҷаноб,

Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз

Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз,

Аллагўён тифлро хобондаӣ,

То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ.

Бо ҳамон дасте, ки ширам додаӣ,

Сўям оғўшат калон бикшодаӣ,

Бо ҳамон дасте, ки дастам доштӣ,

Дасти шафқат бар сарам бигзоштӣ,

Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо

Пок кардӣ ашки чашмони маро,

Бо ҳамон дасте, ки гул бў кардаӣ,

Шонаро бар кокулу мў кардаӣ,

Сўи фатҳи тоза кун аз сидқи дил

Кафзанон фарзандҳоятро гусел!
ComForm">
avatar