Категории раздела
Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

18.225.31.159

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » Статьи » Статьи » Кувваи барк

Маҳдудияти интиқоли барқ коҳиш меёбад



Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон эълом кард, ки аз якуми феврал маҳдудияти интиқоли неруи барқ ба манотиқи ин кишвар то андозае коҳиш хоҳад ёфт.

Ба нуқтаи баландтарин расидани мизони об дар обанбори Норак дар 19 соли ахир, воридоти нерӯи барқ аз кишварҳои ҳамсоя ва назорати дуруст дар таъмини нерӯи барқ аз сабабҳои беҳбуд шудани вазъи интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон унвон шудааст.

Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, беҳбуд ёфтани вазъи таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар фасли тирамоҳ ва зимистонро аз муҳимтарин дастоварди ин соҳа унвон кард. Ба гуфтаи вазири энергетика ва саноат, то моҳи апрели соли ҷорӣ дар заминаи таъмини кишвар бо неруи барқ мушкиле пеш нахоҳад омад. Ин аст ки Гул Шералӣ мегӯяд, аз аввали моҳи оянда маҳдудияти неруи барқ барои манотиқи Тоҷикистон то андозае коҳиш ва интиқоли неруи барқ ба манозили сокинон боз чанд соати дигар афзоиш хоҳад ёфт. Вай сабаби аслии ин гуна иқдомро чунин шарҳ дод, «ҳоло мизони об дар обанбори неругоҳи Норак, бузургтарин тавлидкунандаи неруи барқ ба нуқтаи баландтарини он яъне 910 метр расидааст, ки сабаби аслии беҳбуди вазъи таъмини неруи барқ аст. Ин рақам дар муқоиса ба соле пеш 20 метр баландтар аст. Чун аз соли 1990 то имрӯз мизони об дар ин обанбор ба нуқтаи аслиаш нарасида буд».

Ҳамакнун, тибқи иттилоъи вазири энергетика ва саноат, бар иловаи шаҳрҳои бузургтарини Тоҷикистон, назири Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Чкаловск ва Қайроққум, ки 24 соат бо барқ таъмин ҳастанд, бақия навоҳӣ дар вилояти Суғд, 9 соат ва ноҳияҳои вилояти Хатлон ва тобеи марказ 8 соат дар шабонарӯз аз неруи барқ бархӯрдор мебошанд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар зимистони соли 2007 ва 2008 ба бӯҳрони шадиди энержӣ мувоҷеҳ шуда буд ва сокинони аксари ноҳияҳои кишвар аз истифодаи неруи барқ маҳрум шуда буданд. Ҳатто зимистони соли гузашта бештари ноҳияҳо, умдатан мардуми деҳот танҳо 3 то 4 соат бо барқ таъмин буданд.

Ҳамакнун, бо он ки дар як соли ахир ҳудуди 16 миллиард киловатт соат неруи барқ дар обанборҳои Тоҷикистон тавлид шудааст, воридоти беш аз 1 миллиарду 200 миллион киловатт соат неруи барқ аз кишварҳои ҳамсоя низ аз дигар сабаби беҳбуди вазъи энержӣ арзёбӣ мешавад. Тибқи иттилоъи вазири энергетика ва саноат, ҳоло Тоҷикистон дар чаҳорчуби қарордодҳои дуҷониба аз Туркманистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон неруи барқ ворид мекунад. Ба гуфтаи Гул Шералӣ, ба се ноҳияи водии Зарафшон – Айнӣ, Панҷакент ва Мастчоҳи Кӯҳӣ, дар шимоли Тоҷикистон неруи барқ аз Узбакистон ворид мешавад. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта хатти баландшиддати неруи барқи мавсум ба «Ҷануб – Шимол» маврид баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аммо вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ба ин назар аст, ки барои пайвастани ин ноҳияҳо ба системаи воҳиди энергетики кишвар бунёди дигар хатҳои интиқоли барқи дохилӣ зарур аст.

Дар ҳамин ҳол, ҳарчанд вазъи таъмини барқ дар Тоҷикистон беҳбуд пайдо кардааст, аммо оморҳо ҳамчунон аз вуҷуди талафоти неруи барқ дарак медиҳад. Зеро, бар асоси гузориши расмӣ, ҳарчанд талафоти неруи барқ дар муқоиса ба соли 2008 ба миқдори 900 миллион киловатт соат коҳиш ёфта бошад, аммо беш аз 13 дарсадро ташкил додааст. Мақомот мегӯянд, дар сурати тармиму бозсозии неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроқум» ва хатҳои барқу зеристгоҳҳо мизони талафи барқ метавонад ба маротиб коҳиш пайдо кунад. Аммо Фирӯз Саидов, иқтисодшиноси тоҷик, бар ин назар аст, ки дар ҳиссаи мизони талафот сирқати неруи барқ низ вуҷуд дорад, «дуздии неруи барқ низ ба мушоҳида мерасад, локин чи қадар, мумкин аз 13 дарсад 2- 3 дарсадаш дуздӣ бошад. То он замоне, ки мо системаи барқро ба системаи ҷаҳонии ҳисоби барқ мутобиқ накунем, чунин ҳолатҳо, аз ҷумла дуздии барқ вуҷуд хоҳад дошт. Аммо дар шаҳри Душанбе, ки ин система ҷорӣ шудааст, дуздии неруи барқ кам шудааст».

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи масъулони вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, танҳо дар шаҳри Душанбе 98 ҳазор ҳисобкунаки барқӣ насб шудааст. Аммо, ин масъулон мегӯянд, барои комилан таҷдиду бозсозии неругоҳҳо ва хатҳову зеристгоҳҳои барқӣ, ки дар даврони Шӯравии пешин сохта шудаанд, сармояи бузурге лозим аст, ки Тоҷикистон чунин тавонеро надорад.
Категория: Кувваи барк | Добавил: DIGU1991 (23.01.2010)
Просмотров: 1882 | Теги: город Вахдат, Маҳдудияти интиқоли барқ коҳиш меёб, 2010, ахборот, кувваи барк, новости, статьи, таджикистан | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar