Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.144.161.116

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2012 » Январь » 6 » Тафтиши "амри маъруф". Акнун дар телефони донишҷӯён
21:11
Тафтиши "амри маъруф". Акнун дар телефони донишҷӯён

Тафтиши "амри маъруф". Акнун дар телефони донишҷӯён

Бархе аз масъулони донишгоҳҳои Тоҷикистон гуфтаанд, ки донишомӯзон набояд дар телефонҳои ҳамроҳашон "амри маъруф"-и рӯҳониёнро ҷой диҳанд.


Баъзе аз донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт мегӯянд, раҳбарияти донишгоҳҳо намегузоранд, ки дар телефонҳои мобилашон навори садо ё видеои "амри маъруф"-и рӯҳониён мавҷуд бошад.

Як донишҷӯ, ки худро Мӯъмин, донишомӯзи Донишгоҳи политехникӣ муаррифӣ кард, гуфт, ноибони ректор таъкид кардаанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дар телефонҳояшон "амри маъруф"-и рӯҳониёнро сабт накунанд, вагарна "ҷазо" хоҳанд гирифт.

Ӯ илова кард, ки телефони ҳамроҳи чанде аз ҳамсабақонашро маъмурони донишгоҳ тафтиш карда, навори аудиоии мавъизаи рӯҳониёро дар онҳо пок кардаанд. "Аз роҳбарияти донишгоҳ омаданд, телефонҳои моро тафтиш карданд ва навори "амри маъруф"-ҳоро тоза намуданд. Мегӯянд, ки беҳтараш мусиқӣ ё ягон чизи дигар сабт кунед",-баён дошт ин донишҷӯ. 

Дар яке аз донишгоҳҳои пойтахт мушоҳида кардем, ки ҷавононон тавассути телефони ҳамроҳашон ба якдигар садо ва навори видеоии мавъизаи рӯҳониёни маъруфро табодул мекунанд. 

​​Аммо Сиддиқ Муборак, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, ин ниҳод барои тафтиши телефони ҳамроҳи донишҷӯён ва пок кардани мавъизаҳо ягон супорише надодааст. Ҷаноби Муборак ба Радиои Озодӣ гуфт, "истифода аз телефони мобилӣ ҳангоми дарс барои донишҷӯён ва ҳамроҳ овардани он барои мактаббачагон мамнӯъст. Вале донишҷӯён ҳангоми танаффус метавонанд аз телефони ҳамроҳ истифода баранд. Телефон моли шахсии ҳар фард аст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки дохили онро тафтиш намояд ва чизи дохили он бударо пок кунад."

Сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар бораи ягон ҳодисаи тафтиш шудани телефони мобили донишҷӯён ба онҳо шикоят ё гузорише нарасидааст. 


Ин дар ҳолест, ки бархе аз устодон аз истифодаи бемавқеи телефонҳои ҳамроҳ миёни донишҷӯён шиква мекунанд. Амриддин, яке аз устодони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, воқеан, бархе аз ҷавонон ҳангоми дарс ва танаффус садои телефони ҳамроҳи худро баланд, мекунанд, ки ба кори тадрису таълим ва атрофиён халал мерасонад. Вай мегӯяд,
"мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки занги телефонашон бисёр гӯшхарош асту дигаронро нораҳат месозад, ба рафти дарс халал мерасонад. Шарт нест, ки ин гуна чизҳоро дар ҷойи ҷамъиятӣ шунавад,  метавонад мусиқӣ ё мавъизаи рӯҳониёнро дар манзили худ гӯш бикунад."

Cе сол пеш, пас аз интиқод аз тарафи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Вазорати маориф истифодаи телефонҳои мобил дар мактабу донишгоҳҳои ҷумҳуриро манъ кард.

Вале ин нахустин бор аст, ки донишҷӯён аз мушкили марбут ба сабти амри маъруфи рӯҳониён дар телефонҳои ҳамроҳи худ  хабар медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли охир забт ва шунидани амри маъруф ё мавъизаи рӯҳониёни дохиливу хориҷӣ дар телефонҳои мобили ҷавонон ба як мӯд табдил шудааст. Ҳатто бархе аз онҳо "гудок" ё занги телефонҳояшонро низ бо "амри маъруф"-и рӯҳониён иваз кардаанд.
Категория: Илм ва Дониш | Просмотров: 3188 | Добавил: DIGU1991 | Теги: Тафтиши амри маъруф. Акнун дар теле | Рейтинг: 4.4/5
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar