Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.145.74.54

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Январь » 23 » Сӯхтор дар театри Маяковский
22:43
Сӯхтор дар театри Маяковский

Сӯхтор дар театри Маяковский

Даҳҳо ҷомаву пероҳан ва кафшу ороишоти саҳна, ки ҳангоми иҷрои намоишнома дар театри русии Маяковскийи пойтахт истифода мешуд, дар дили шаби 21-ум ба 22-юми январ ба коми оташ рафта, нобуд шудаанд.

Ба гуфтаи кормандони театри Маяковский, сӯхтор соати 3-4-и шаб дар анбори либосҳои театр ба амал омадааст. Кормандони театр мегӯянд, агар мошинҳои сӯхторхомушкунй зуд ба ҷои ҳодиса мерасиданд, шояд як қисми либосу ороишоти саҳна ҳифз мешуд.

Суҳроб Мирзоев, мудири театри Маяковский, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, азбаски, феълан, кормандони мақомоти интизомӣ дар театр тафтишот мебаранд, додани маълумотро ба хабарнигорон манъ кардаанд. Оқои Мирзоев гуфт, ҳамин гуна фарзияе ҳаст, ки оташсӯзии ҳуҷраи либосҳои театр дар натиҷаи ба ҳам расидани симҳои барқгузар рух додаст. Сарвари театри Маяковский гуфт, ин сӯхтор дар барномаҳои театр таъсире нахоҳад дошт ва тамошобинон метавонанд 23-юми январ як барномаи консертиро тамошо кунанд.

Аммо чанде аз ҳунармандон зарари оташсӯзиро дар театр андак намешуморанд ва гуфтанд, вақте либосу ороишот нобуд шудааст, ин
ҳатман ба саҳнаҳои намоишномаҳо бетаъсир нахоҳад буд. Зеро, вақте ки либоси лозим барои иҷрои нақши лозим нест, чӣ гуна мешавад ба саҳна баромад?


Додситонии шаҳри Душанбе ва кормандони Вазорати корҳои дохила сабабҳои рух додани сӯхторро омӯхта истодаанд. Гуфта мешавад, театри драммавии ба номи Маяковкий, ҳамсоли худи театр дар Тоҷикистон буда, ҳануз соли 1929 бунёд ёфтааст ва нахустин театри русӣ дар кишвар мебошад.

Авохири моҳи декабри соли 2007 оташсӯзии бузургтарин дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба амал омад, ки куллан бинои ин донишгоҳро тахриб кард. Чанде қабл оташсӯзӣ дар тарабхонаи «Аргилӣ», воқеъ дар яке аз маҳаллаҳои атрофи Душанбе рух дод. Моҳи гузашта дар бинои Маркази стратегии Тоҷикистон як сӯхтор ба амал омад. Дар пайи як сӯхтори шадиде, ки моҳи январи соли 2006 дар парваришгоҳи кӯдакони маъюб воқеъ дар хиёбони Шевченкои шаҳри Душанбе вуқӯъ афтода буд, 13 кӯдаки маълул ҷони худро аз даст доданд. Тайи 3-4 соли оташсӯзиҳо дар бозорҳои калонтарини Душанбе» - Корвон ва Шоҳмансур хисороти зиёди молиро ба дунбол доштанд.







Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1585 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: город Вахдат, tajik, 2010, ахборот, точикистон, tj, Taj, новости, Сӯхтор дар театри Маяковский, news | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar