Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

18.218.196.182

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Март » 18 » Шаш санади ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон
13:44
Шаш санади ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон

Шаш санади ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон

Дар пайи дидору мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистону Туркманистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов шаш санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расид.

Аз ҷумла, миёни ҳукуматҳои ду кишвар созишномаҳо дар бораи иттилоот ва мухобирот ва дар бораи ҳамкорӣ дар заминаи стандартизатсия ва сетификатсия ба имзо расидаааст.

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон барномаи ҳамкориҳои худ дар соли 2010 ва 2011 - ро тасдиқ карданд. Инчунин миёни вазоратҳои адлияи ду кишвар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Дар пайи ин мулоқотҳо миёни Кумитаи миллии олимпии Туркманистон ва Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон ҳам як қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расид.

Интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон аз мавзуоти меҳварии гуфтугӯҳои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе будааст.

Фардо, 19-уми март, раисҷумҳури туркман ҳамчунин дар таҷлили Наврӯз-2010 дар Данғара низ иштирок хоҳад кард.

Дар соли 2009 ҳаҷми табодули мол миёни Тоҷикистону Туркманистон тақрибан 64 миллион долларро ташкил дода ва дар муқоиса ба соли 2008, 92 дарсад зиёдтар шудааст. Тоҷикистон аз Туркманистон умдатан тавлидоти нафтӣ, нерўи барқ ва маводи ғизоӣ ворид мекунад.

Дар ҷустуҷӯи роҳи нав

Интиқоли гази Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Афғонистон низ аз мавзӯъҳои дигари муҳими мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар мебошад. Худойбердӣ Холиқназаров, вазири хориҷаи собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳлилгари Маркази пажӯҳиши стратегии дафтари раёсати ҷумҳурӣ, дар бораи самтҳои ҳамкории Туркманистон ва Тоҷикистон чунин ибрози назар кард:

«Дар ҳоли ҳозир барномаи сохтмони роҳи оҳан аз Ишқобод то Марв ва Мазори шарифи Афғонистон то минтақа Панҷи Поёни Тоҷикистон рӯи кор аст ва дар паҳлӯи ин сохтмони хатти лӯлаи газ аз Туркманистон то Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистон низ матраҳ аст, ки дар сурати иҷрои ин барнома мо метавонем гази Туркманистонро мустақим ба Тоҷикистон ворид кунем».

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар воридоти газ аз Узбакистон ба мушкил рӯбарӯ аст. Мушкили аслии Душанбе ва Тошканд дар мавриди воридоти газ ба пешпардохти пули газ рабт дорад, ки Тоҷикистон тавони онро надорад. Ба ин далел коршиносон баъид медонанд, ки миёни Тоҷикистону Туркманистон дар ин замина тавофуқ ҳосил шавад.

Умед ба кӯмаки Туркманистон

Тоҷикистон метавонад бо Туркманистон дар мавриди саноати газ ва сохтмони хатти интиқоли газ дар дохили кишвар ҳамкории хуб ба роҳ андозад.

Дар ҳоли ҳозир 5 ширкати хориҷӣ, аз ҷумла ширкати «Тетис петролиум»-и амрикоӣ ва ширкати «Газпром»-и Русия ба кашфу истихроҷи газ дар Тоҷикистон машғуланд ва захоири гази табиӣ дар Тоҷикистон то 800 миллиард метри мукааб тахмин зада мешавад.

Қарор буд, дар авоили соли 2010 манбаи гази Комсомолский дар атрофи шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор бигирад ва ин манбаъ ба хатти шабакаҳои гази дохилӣ пайваст шавад. Вале ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон, Вазорати саноат ва энержӣ ба далели надоштани тавони фаннӣ ва молӣ натавонист ин барномаро иҷро кунад.

Вале Туркманистон, ки дар ин ҷода таҷрибаи кофӣ ва тавони моливу фаннӣ дорад, метавонад дар иҷрои ин барнома кумак кунад.




Роғун - мавзӯи доғи музокирот

Мавзӯи дигари матраҳ ҳамоно масъалаи ризоият ва пуштибонии Туркманистон аз нерӯгоҳи Роғун аст ва мақомоти Тоҷикистон талош мекунанд, тарафи Туркманистонро мутақоид созанд, ки сохтмони обанбор ва нерӯгоҳ ба нафъи кишварҳои поёноб, бахусус Туркманистон ва Узбакистон аст.

Туркманистон ва Узбакистон ҳанӯз дар соли 1939 аз давлати вақти Шӯравӣ тақозо карда буданд, ки барои обёрии миллионҳо ҳектор замини бекорхобида дар Туркманистон ва Узбакистон дар мавзеи Роғуни рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон обанбор ва нерӯгоҳ сохта шавад.

Вале ахиран раисиҷумҳури Туркманистон то ҷое дар масъалаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз мавқеи Узбакистон пуштибонӣ карда буд.
Категория: Сиёсат | Просмотров: 2010 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: город Вахдат, ҳамкории, сотрудничество, Тоҷикистон ва Туркманистон, 2010, ахборот, Шаш санади, новости, хабархо, таджикистан | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar