Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.133.12.92

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Апрель » 24 » САҲА ба мардум хонасозиро меомӯзонад
14:48
САҲА ба мардум хонасозиро меомӯзонад

САҲА ба мардум хонасозиро меомӯзонад

Бунёди Оғохон бо кӯмаки молии САҲА ва созмони «HOPE-87» барномаеро барои устуворсозии манзилҳои истиқоматӣ ва беҳсозии шароити зисти мардуми Бадахшон рӯи даст гирифтааст.

Масъули ин барнома Хуҷамёр Хумориков мегӯяд, дар бештари мавридҳо манзилҳои истиқоматӣ дар Бадахшон, ки аз сангу гил ва бидуни лоиҳа сохта мешавад, бар асари намнокӣ, заминларза ва дигар равандҳои табиӣ зуд тарқиш пайдо мекунанд ва барои зист хатарноканд.

Вай афзуд, тибқи барнома, онҳо мардумро ба риояти талаботи ҳозиразамон ҳангоми сохтмони манзил ташвиқ хоҳанд кард. Масъулини барномаи Бунёди Оғохон нақша доранд, ки дар маҳаллоти Бадахшон дар сохтмони хонаҳои анъанавӣ ширкат кунанд ва ба сокинони маҳаллӣ усули тартиб додани лоиҳаи сохтмон, мустақкам кардани зербино, сохтани тасмаҳои зиддизилзила, оташдонҳо ва дару тирезаҳои дуқабатаро омӯзонанд.




Ин дар ҳолест, ки ахиран бар асари заминларзаи шадид дар ноҳияи Ванҷ зиёда аз 134 манзили истиқоматӣ пурра ва ё қисман хароб гардид. Мутахассисон, риоя нашудани меъёрҳои бехатарӣ ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматиро яке аз сабабҳои хисороти зиёди ин зилзила меноманд.

Сардори шӯъбаи ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Давлат Саидмиров мегӯяд, бештари манзилҳои зарардида бе таҳкурсии мустаҳкам ва аз сангу гил сохта шудаанд ва дар пайи заминларза зарари ҷиддӣ дидаанд.

Давлатшо Муаллимшоев, устои хонасоз, мегӯяд, хонаҳои анъанавӣ бинобар набуди имконоти молӣ фақат аз сангу гил сохта мешавад ва сифати сохтмон танҳо аз маҳорату малакаи деворгар вобаста аст. Вай меафзояд, пас аз чанд сол бештари хонаҳо тарқиш пайдо мекунанд, зеро на ҳар як деворгар қодир аст, ки сангҳои гуногуншакли кӯҳистонро бо сифати баланд ва мустаҳкаму рост болои ҳам чида, манзил бунёд кунад.

Дастандакорони барномаи САҲА ва созмони «HOPE-87» мутмаинанд, ки бо бехатар кардани манзилҳо ҳаҷми зиёни расида аз офатҳои табииро камтар мекунад.
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 945 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: САҲА ба мардум, 2010, ахборот, jurnal-vahdat, новости, хабархо, хонасозиро меомӯзонад, таджикистан | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar