Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.145.108.9

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2012 » Январь » 1 » Паёми телевизионии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави 2012-уми мелод
19:11
Паёми телевизионии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави 2012-уми мелод

Паёми телевизионии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави 2012-уми мелод

Паёми телевизионии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави 2012-уми мелод

Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави 2012-уми мелодӣ,    ш. Душанбе, 
 31 декабри соли 2011

Ҳамватанони азиз!
Мувофиқи солшумории мелодӣ баъди чанд лаҳза соли нави 2012-ум фаро мерасад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – азизон ва кулли ҳамватанонамонро, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон зиндагиву фаъолият доранд, самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо тандурустиву саодатмандӣ, бахту иқболи нек, ба хонадонатон рўзгори хушу осуда, файзу баракат ва барори кор орзу менамоям.
Соли рафтаистода барои мардуми кишвари мо аз ҷумлаи солҳои бисёр муҳиму хотирмон мебошад. Бахусус таҷлили бошукўҳи ҷашни бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Ватанамон, ки он барои ҳар як фарди бонангу номус бисёр азизу муқаддас аст, аз рўйдодҳои муҳимтарини ҳамин сол маҳсуб мегардад. Ба шарофати заҳмати созандаву фидокоронаи мардуми шарифи Тоҷикистон мо ин санаи бузурги таърихиро бо дастовардҳои арзанда ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол намудем.
Дар соли куҳан мо ҳамчунин дар аксари соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидем ва муҳимтар аз ҳама, дар қалби мардумамон эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстиву ватандорӣ, рўҳияи созандагиву бунёдкорӣ ва хушбинӣ ба ояндаи нек густариши бесобиқа пайдо кард, азму талоши ободкории Ватан боз ҳам вусъат ёфта, ин ҳама ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳои истиқлолият ва амалӣ гардидани ормонҳои деринаи халқи Тоҷикистон мусоидат намуд.
Яъне мардуми шарифи Тоҷикистон тамоми ғайрату имконияти худро дар ин соли таърихӣ ба хотири истиқболи сазовори ҷашни соҳибихтиёрии Ватан ва ба номи ин санаи сарнавиштсози миллӣ сафарбар карданд  ва ҳар як фарди бонангу номус дар ин кори хайри умумимиллӣ бо азму иродаи матин шарик гардид.
Аз ин лиҳоз, бо истифода аз фурсати муносиби идона бори дигар ба хурду бузурги мамлакат ва ҳар як фарди заҳматкашу олиҳиммати тоҷик барои саҳми софдилонаву ватандўстонаашон дар ин маъракаи умумимиллӣ самимона изҳори сипос менамоям.
Итминон дорам, ки мардуми сарбаланди кишварамон дар соли нав низ бо саъю талоши дучанд заҳмат кашида, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат  ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд.
Зеро соли нави 2012 низ аз бисёр ҷиҳат барои мардуми озодандешу фарҳангдўсти  мо ҳамчун соли муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар ин сол ба санаи тақдирсози миллӣ - баргузории иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Тоҷикистон, ки оғози раванди барқарор гардидани  сохти конститутсионӣ, таҳкими давлату давлатдории навини тоҷикон ва пойдор шудани суботу оромии ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, бист сол пур мешавад.
Инчунин Рўзи ваҳдати миллӣ, ки соли оянда понздаҳсолагии онро таҷлил хоҳем кард, аз ҷумлаи санаҳои муҳимтарини ҳаёти давлати соҳибихтиёри мо мебошад.
Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки вазифаи аввалиндараҷаи мо дар соли нав, пеш аз ҳама, идома бахшидан ба раванди таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, вусъат додани корҳои бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон, ҳамчунин тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рўҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои неки умумибашарист.
Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки фарзандонамон ҳамчун насли бомаърифату соҳибфарҳанг, бонангу номус, ҷўяндаву эҷодкор, хулоса чун номбардорони халқи куҳанбунёди тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба камол расанд.
Мутмаинам, ки соли нави 2012 барои тамоми мардуми кишварамон соли таҳкими дастовардҳо, рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ ва соли пурфайзу бобарор дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти мамлакатамон мегардад.
Бо камоли итминон изҳор медорам, ки мардуми солору таҳаммулгарои мо минбаъд низ ба шукронаи Ватани озоду давлати соҳибихтиёри худ барои боз ҳам ободу зебо шудани сарзамини аҷдодӣ ва болоравии нуфузу обрўи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кору фаъолият карда, бо дарназардошти шароити ҳассоси ҷаҳони муосир ифтихори ватандориву ватандўстӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими бештар мебахшанд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳар яки шумо – ҳамватанони азиз ва ҳамдиёрони бурунмарзиамонро бо фарорасии соли нави мелодии 2012 табрик мегўям.
Бигзор соли нав барои Тоҷикистони азизи мо ва мардуми шарифу сарбаланди он соли бобарор, пурфайзу баракат ва соли амалӣ гардидани орзуву ҳадафҳои созандаи ҳамватанонамон гардад! 
 Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Категория: Праздники /Мероприятие | Просмотров: 1306 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: новости, news 2012, Паёми телевизионии Эмомалӣ Раҳмон б, точикистон, jurnal-vahdat, tajikistan 2012 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar