Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.16.29.209

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Март » 19 » Наврӯзи Хуршед, наврӯзи Меҳр, Наврӯзи Бузург…
10:57
Наврӯзи Хуршед, наврӯзи Меҳр, Наврӯзи Бузург…

Наврӯзи Хуршед, наврӯзи Меҳр, Наврӯзи Бузург…

Ба гуфтаи тақвимшиносон, имсол Наврӯзи Хуршед ё Наврӯзи Бузургро истиқбол мегирем, ки субҳи рӯзи якшанбеи 21 – уми март бо сар кашидани офтоб фаро мерасад.

Наим Ҳакимов, донишманди тақвимшиноси тоҷик, раҳбари «Маркази фарҳангию маърифатии Суғд» гуфт, Наврӯзеро, ки рӯзи якшанбе фаро мерасад, Наврӯзи Меҳр ё Наврӯзи Бузург меноманд. Рӯзи якшанбе дар солшумории бостонии шамсӣ рӯзи аввали ҳафта ҳисобида мешавад ва дар 7 сол як бор гирд мегардад. Ба гуфтаи ин фарҳангшинос, рамзи имсолаи Наврӯз аз ҳайвонот Шер ва Асп, аз гулҳо – Ёсуман ва ранги наврӯзӣ - зарди моил ба сурхӣ мебошад.

Тоҷикон дар бостон Наврӯзи Хуршедро дар бар пироҳанҳои зард вақти тулӯъи офтоб истиқбол мегирифтанд. Ба гуфтаи сокинони Хуҷанд, дар маҳали Пулчуқур, канори рӯди Сир, Наврӯзгоҳе калоне буд, ки то замони Шӯравӣ таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ бо иштироки зиёди хосу ом сурат мегирифт. Вале дар рӯзҳои мо бештари маросимҳои қадимии наврӯзӣ ба фаромӯшӣ супурда шуда, таҷлили ин ҷашни миллӣ бо намоиши ҳунарнамоиву маросимҳои саҳнавӣ ва бо рангу бӯи замонавӣ таҷлил мегардад.




Бойчечакгардонӣ
Нахуст кӯдакони Хуҷанд ва бархе маҳалҳои Суғд нахустин гулҳои аз зери барф руста, навшукуфтаи бойчечакро ҷамъ меоранд ва қабл аз Наврӯз дари манзилҳои сокинонро куфта, тарона мехонанд:
Бойчечаку бойчечак,
Духтари бобо – келинчак,
Рамзи баҳор – бойчечак,
Бӯйи баҳор – бойчечак!
Мететоно намететон – як пули пуччак?!

Дар маҳалҳои гуногуни Суғд ин таронаи халқиро ба шаклҳои дигар мехонанд:
Бойчечак, Бойчечак !
Бойчечак омад луччак,
Тамошо кун, келинчак.
Келинчак ароз кард,
Як сомон дароз кард.
Таги даратон тахтача,
Худо диҳад писарча!

Ба гуфтаи фарҳангшиносон, гул рамзи офариниш ва зебоӣ аст, ки аз як донаи хурд шоху барг ва шукуфа пайдо мешавад. Ва рамзи баҳору сабзишу шукуфоӣ. Фарҳангшинос Наим Ҳакимов мегӯяд, дар гузашта дар Хуҷанд як ҷашни вижае бо номи «Гулгардонӣ» ё «Гули Сурх» ҳам вуҷуд дошт, ки сокинон бо адои маросимҳои хосе аз он таҷлил мекардаанд. Ин ҷашнвора дар замони шукуфтани гули лола, ки аз рӯи ақидаи мардумӣ, рамзи хуни Сиёвуш, қаҳрамони асотири бостонии мардуми эрониасл ва нишони ишқи поку беолоиш маҳсуб меёбад, баргузор мегашт.

Хонатаконӣ ё хонаафшонӣ
Ин роиҷтарин расми наврӯзӣ миёни сокинони Суғд аст. Занону духтарон дар арафаи Наврӯз курпаву дигар ҷиҳози хонаҳоро берун бароварда, меафшонанд ва аз чангу ғубори зимистон тоза мекунанд. Холаи Мавлуда, як сокини 60-солаи Хуҷанд гуфт, дар гузаштаи на чандон дур, ки хонаҳо бомпӯш набуд, сокинон аз ҳама аввал болои боми манзилро меруфтанд, сипас даруни хонаҳо ва боғу кӯчаҳоро. Вай нақл кард, ки замони кӯдакиаш хору хаси кӯчаҳоро рӯфта, гулхан меафрӯхтанд ва бачаҳову калонсолон аз болои он меҷаҳиданд. Ба гуфтаи холаи Мавлуда, тозаву покиза кардани хонаҳо ба он хотир буд, ки бо фарорасии гармӣ ҳар гуна ҳашароти зарароварро аз хона дур кунанд.

Нуралии Нурзод, шоири ҷавон, мегӯяд, вале дар гузашта покиза кардани манзилҳо ба ҷуз маънии заминӣ, маънии динӣ ҳам дошт. Бино бар ҳарфи ӯ, ақидаи қадимии мардуми тоҷик ин буд, ки субҳи Рӯзи Нав фариштаҳо аз осмон ба замин фуруд меоянд ва покиза кардани манзилҳо ба истиқболи фариштагон буд. Мардум кинаҳоро мебахшиданд ва кудуратҳоро ба фаромӯшӣ месупурданд ва ба ин маънӣ, хонаи дилҳоро низ ба пешвози фариштаҳо тоза мекарданд. Чунки аз рӯи бовари мардум, ба қалбе, ки аз кинаву адоват ва душманӣ холӣ нест, фариштаҳо фуруд намеомадаанд.

Хони Наврӯзӣ
Оростани хони Наврӯзӣ, бо сабзаву гулҳову меваю асал, «ҳафт син» - у «ҳафт шин» ва суманаку самбӯсаҳои алафӣ ва дигар нозу неъматҳо ва гирди он дастҷамъона таҷлил кардани ҷашни Наврӯз дар рӯзҳои мо маросими аз ҳама асосии таҷлили ин ҷашни ниёгон ба шумор меояд. Дар деҳоти Суғд сокинони маҳаллаҳо дастҷамъона дастархонҳои наврӯзӣ меороянд ва гирди он маросими асосии таҷлил аз ин ҷашни ниёгон бо рангу бӯи замонавӣ, бо рақсу суруду тарона ва мусобиқаҳо баргузор мегардад. Насиба Шарифова, як сокини Мастчоҳ, гуфт, дар наврӯзгоҳ духтарон арғунчак мепаранд, мардон гуштигириву арғамчинкашӣ ва дигар навъ мусобиқаҳо мекунанд.

Маросими таҷлил аз ҷашни Наврӯзи Бузург бо қироати порае аз Қуръон ва дуъои неки мусафедон оғоз мегирад, ки аз Худо то Наврӯзи дигар соли амониву ободӣ, пурфайзу баракат, серобиву серҳосилӣ талаб мекунанд.
Категория: Ид ва Чорабиниҳо | Просмотров: 3458 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: город Вахдат, 2010, ид, праздники, новости, наврӯзи Меҳр, хабархо, Наврӯзи Хуршед, таджикистан, Наврӯзи Бузург | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar