Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

18.224.95.38

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Март » 25 » Натиҷаҳои аввалини интихоботи Маҷлиси миллӣ
11:48
Натиҷаҳои аввалини интихоботи Маҷлиси миллӣ

Натиҷаҳои аввалини интихоботи Маҷлиси миллӣ

Комиссиёни марказии интихоботи Тоҷикистон натоиҷи интихоботи Маҷлиси Миллӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказро эълон кард.

Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссиюни марказии интихобот, ба радиои Озодӣ гуфт, Асоев Хайрулло, сардори иттиҳодияи генералии сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», Гулмаҳмадов Давлатшо, раиси ноҳияи Турсунзода, Солеҳов Баҳриддин, раиси ноҳияи Ҳисор, Фозилов Махсум, раиси ноҳияи Тоҷикобод ва Қодиров Масъуд, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, вакилони Маҷлис дар ноҳияҳои тобеи марказ интихоб шудаанд.

Ҳамзамон дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар додааст, ки аз ҳавзаи пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, Мамадшо Илолов, раиси Академияи улуми Тоҷикистон, Махмадсаид Зувайдов, раиси ширкати «Тоҷиксемент», Нуриддин Саидов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Гулчеҳра Ғаниева, раҳбари мактаби миёнаи № 28, курсии вакилии Маҷлиси миллиро ба даст овардаанд.

Дар Бадахшон раиси вилоят Қодири Қосим, раиси ноҳияи Рушон Қобиламоҳ Ғуломшоева, ректори Донишгоҳи Хоруғ Гулхоҷа Ҷангибеков, сардори муассисаи давлатии роҳҳои Бадахшон Шамсмуҳаммад Назриев ва мудири бемористони вилоятӣ Шодихон Гулаёзов ба палатаи болоии парлумон роҳ ёфтаанд. Интихоботи Маҷлиси миллӣ дар Бадахшон бидуни рақобат сурат гирифтааст.

Натоиҷи интихобот дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон то ин лаҳза эълон нашудааст.

Маҷлиси миллӣ - палатаи болоии парлумон на ба тариқи раъйдиҳии мардум, балки аз сӯи маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб мешавад. Ин палатаи парлумонро 5-вакилӣ аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон ва ҳамчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагӣ хоҳанд кард.

Маҷлиси миллӣ дар канори Маҷлиси намояндагон пас аз баргузории референдуми Сарқонуни кишвар дар соли 1999 мелодӣ таъсис шудааст. Дар тӯли фаъолияти палатаи болоии парлумон раёсати онро Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, бар ӯҳда дошт.

Маҷлиси миллии парлумони Тоҷикистон аз 33 курсӣ иборат аст ва 25 вакили он аз вилоятҳо ва шаҳрҳову ноҳияҳо интихоб мешавад. Тибқи қонун, 8 нафар аз аъзои Маҷлиси миллиро раисиҷумҳур таъин мекунад.



Президентони собиқи Тоҷикистон низ аз ҳаққи умрбоди узвият дар Маҷлиси миллӣ баҳраманд ҳастанд ва Қаҳҳор Маҳкамов ду давр инҷониб яке аз курсиҳои Маҷлиси миллиро дар ихтиёр дорад. Дар даври охирини Маҷлис Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, аз раҳбарони собиқ Иттиҳоди мухолифин ва рӯҳонии саршинос, бо фармони раисиҷумҳур ба узвияти он таъин гардида буд.
Категория: Сиёсат | Просмотров: 2110 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: город Вахдат, Маджлиси Милли, 2010, tj, ахборот, Натиҷаҳои аввалини, интихоботи Маҷлиси миллӣ, tajikistan, taj-news, news | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar