Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.23.127.197

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Сентябрь » 22 » Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ (СКИ) Акмалиддин Эҳсоноғлу
12:54
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ (СКИ) Акмалиддин Эҳсоноғлу

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ (СКИ) Акмалиддин Эҳсоноғлу

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ (СКИ) Акмалиддин Эҳсоноғлу Ню-Йорк. 22 сентябр. «JURNAL-VAHDAT» Дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ (СКИ) Акмалиддин Эҳсоноғлу масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин созмон баррасӣ шуд.
«Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони конфронси исломӣ яке аз равандҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии худ арзёбӣ намуда, ҷонибдори тавсеи робитаҳо бо ҳама кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз мебошад», - изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Дар шаҳри Душанбе баргузор гаштани Ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СКИ, ки  рўзҳои 18-20 майи соли 2010 ҷараён гирифта буд, пеш аз ҳама, "шаҳодати таваҷҷўҳи афзояндаи ин Созмон ба Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ва таъкидгари нақши фарҳангии Тоҷикистон ва минтақа дар таърихи дини мубини ислом” маънидод гардид.
Таъкид карда шуд, ки "Созмони Конфронси Исломӣ метавонад чун василаи таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар миёни кишварҳои мусулмонӣ, бахусус дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор, нақши хеле муҳим ва муассир дошта бошад”.
Таъсиси Фонди ҳамбастагии исломӣ бо сармояи 10 миллиард доллари амрикоӣ ва Идораи махсус оид ба кўмакҳои башардўстона дар ҳолатҳои фавқулодда аз намунаҳои мушаххаси иқдомҳои амалӣ арзёбӣ карда шуд.
Биноан сармоягузории  Бонки Исломии Рушд дар самтҳои афзалиятнок ва стратегӣ – энергетика, зербинои истеҳсолӣ, техникию технологӣ ва таъминотӣ, иттилоот ва коммуникатсия, саноат, обрасонӣ ва туризм чун омили пешрафт ва тақвияти нерўи умумии кишварҳои мусулмонӣ зарур шумурда шуд.

Категория: Сиёсат | Просмотров: 924 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: конфронси исломӣ, 2010, Эмомалӣ Раҳмон, jurnal-vahdat, новости, бо Дабири кулли Созмони, Акмалиддин Эҳсоноғлу, Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷики, (СКИ) | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar