Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.145.60.29

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2011 » Ноябрь » 14 » Маблағҳои барқ на ҳамааш ба буҷа мераванд
15:39
Маблағҳои барқ на ҳамааш ба буҷа мераванд
Маблағҳои барқ на ҳамааш ба буҷа мераванд

Ҳафтае қабл вакилон лоиҳаи Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» - ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд гуфт, ки дар соли 2012 ҳаҷми умумии Буҷаи давлатӣ беш аз10 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод, аз ҷумла даромадҳои ҷории Буҷети давлатӣ – 7 миллиарду 790,0 млн. сомонӣ муқаррар  гардидааст.

Гуфта мешавад, ки ҳаҷми умумии Буҷаи давлатӣ дар соли 2012 нисбат ба соли 2011, бо ҳисоби номиналӣ 1милиарду 868,6 млн.сомонӣ зиёд ба нақша гирифта шудааст.
Дар соли оянда сиёсати хароҷоти давлатӣ бо назардошти ҳадафҳои стратегӣ аз ҳисоби ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ 10 миллиарду 340,6 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат  ба соли ҷорӣ 20,3%  зиёд мебошад.
Дар соли оянда барои пардохтҳои таъиноти иҷтимоӣ аз буҷа 3, 4 миллиард сомонӣ равона мегардад, ки нисбат ба соли ҷорӣ 830 миллион сомонӣ зиёд будааст. Вале Вазири молияи кишвар мегӯяд, ба соҳаи иҷтимоӣ дар маҷмӯъ бештар аз 5 миллион сомонӣ равона хоҳад гардид. Барои соҳаи маориф бошад, 1 миллиарду 640 миллион сомонӣ (ба афзоиши 280 миллион сомонӣ), тандурустӣ 726 миллион сомонӣ (бо афзоиши 133 миллион сомонӣ), ҳифзи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа 1,7 миллиард сомонӣ (бо афзоиши 385 миллион сомонӣ), фарҳанг ва варзиш 327 миллион сомонӣ ( бо афзоиши 33 миллион сомонӣ).

Мутаасифона, барои соҳаи илм ба маблағи 60 миллион сомонӣ ҷудо мегардидааст, ки ба андешаи иқтисоддонҳо ин маблағи ночизе ҳаст ва бо ин гуна "ғамхори” - и ҳукумат ба аҳли илм соҳаи илм шахшуда мемонад. Барои сохтмони иншоотҳои энергетикӣ ва барқарорсозии роҳҳои автомобилгард, дастгирии соҳаҳои кишоварзӣ, аз худкунии заминҳои нав 3, 7 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида будааст. Барои корҳои ҷустуҷӯи - геологӣ бошад, дар лоиҳаи буҷа 7,8 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Вале мутахасисони ин соҳа аз он нигаронанд, ки ба ин соҳа низ ҳукумат бетаваҷҷӯҳ аст, дар ҳоле, ки 93 дар сади масоҳати Тоҷикистон кӯҳистон буда, умеди рушд ҳам маҳз ба ин соҳа бояд бошад.Дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия зиёда аз 1 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешудааст. Ва ин маблағҳо барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгарди кишвар равона хоҳад шуд.Дар соли оянда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 56 иншоотҳо бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ дар 50- 60 шаҳру навоҳӣ 150 миллион сомонӣ амалӣ карда мешавад. Чанд лоиҳае, ки бо грантҳои хориҷӣ ҷойҳое, ки обёрӣ карда шуд, мутаасифона,  баъди андак вақт боз ин ҷойҳо мисли аввала бе об монданд.   
Инчунин ҷиҳатаи бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар ду соли охир барои хариди техникаи наҷотдиҳӣ зиёда аз 15 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда ва дар соли оянда бошад, ба ин мақсад аз фонди хароҷотҳои пешбининашудаи ҳукумат 5 милион сомонии дигар равона карда мешавад.Мутаасифона баҳори гузашта заъфи мақомот хеле баръало ҳувайдо шуд, ки чи гуна сел одамонро шуста мебараду масъулин аз канори соҳил бо сабаби набудани чархболу дигар техникаҳои наҷотдиҳии замонавӣ ангушти хиҷолат мегазанд.
«Барои сиёсати берунӣ ва таъмини амнияти бехатарӣ ва мудофиаи кишвар, зиёд намудани захираи тилло, маблағ бо афзоиш ҷудо гардидааст»-мегӯяд вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов. Барои сохтмони манзил ба хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин инфрустуктура 78 миллион маблағҳо пешбинӣ шуда, ки бештар аз маблағи ҷудогардида дар соҳаи илм аст.
Ба қавли вазир С. Наҷмиддинов хароҷотҳо барои таъмири асосӣ, хариди таҷҳизот ва нақлиёти хизматӣ,  қариб ки дар буҷа пешбинӣ нашудааст.

Барои пардохти қарзҳои берунӣ бошад дар соли оянда 540 миллион сомонӣ дар назар гирифта шудааст, ки 379 миллион сомонияш барои пардохти фоизҳои қарз равона мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки 180 миллион сомонӣ бинобар сабабҳои гуногун ба буҷа ҷалб нагардидааст ва теъдоде аз корхонаҳо вазифаро дар назди буҷа иҷро карда натавонистанд. Бинобар ин вакил Шодӣ Шабдолов аз вазир, С. Наҷмиддинов суол кард, ки сабаб напардохтани андозҳои ин корхонаҳо дар чӣ аст. С. Наҷмиддинов дар посух ба ин суол гуфт, ки дар доираи ҷамбасти 9-моҳа ҳисобот дода будаанд, ки 75 миллион сомонӣ бақияпулиҳои андоз аз ҳисоби андозсупорандагон афзоиш ёфтааст, ки яке аз ин корхонаҳо Ширкати «Барқи тоҷик» будааст. Ёдовар мешавем, ки дар сару садоҳо дар мавриди қарзи ин ширкат чанд соли ахир зиёд аст. Вале Зӯҳуров ошкор гуфт, ки маблағҳое, ки аз ҳисоби барқ аз аҳолӣ ҷамъ мешаванд, на ҳамааш ба буҷа мераванд. «Мо дар хонаҳои худ ҳис карда истодаем, ки чи хел маблағ ҷамъ мекунанд» - гуфт Ш. Зуҳуров дар парлумон.  Вале муовини ин ширкат мегӯяд корхонаҳои азими дигаре ҳастанд, ки бо маблағи калон аз Барқи тоҷик қарздор ҳастанду қарзро намепардозанд. Ин дар ҳолест, ки яке аз мушкилот ва норасоиҳоро дар кишвар бебарқӣ дар фаслҳои замистон ташкил медиҳад.
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 777 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: ахборот, tajikistan, новости, Маблағҳои барқ, хабархо, на ҳамааш ба буҷа мераванд, news, 2011, таджикистан | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar