Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.15.168.2

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Апрель » 19 » М. Алимардон барои вагонҳо ба Тошканд меравад
13:31
М. Алимардон барои вагонҳо ба Тошканд меравад

М. Алимардон барои вагонҳо ба Тошканд меравад

Абдулло Юлдошев, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, мегӯяд, қазияи вагонҳои Тоҷикистон дар марзи Узбакистон аз доираи мушкилоти танҳо логистикӣ берун шудааст ва ҳамакнун дар сатҳи ҳукумат талош барои ҳалли он хоҳад шуд.

Ҷаноби Юлдошев гуфт, рӯзҳои наздик дар Тошкант нишасти комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Узбакистон доир мешавад, ки ҳайати Тоҷикистон зери раҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон, дар он ширкат хоҳад кард.

Абдулло Юлдошев бо назардошти нозукиҳои дипломатӣ аз ироаи ҷузъиёти бештари ин мавзӯъ худдорӣ намуд, вале хабар дод, ки дар ин авохир сафири Узбакистон дар Душанбе се бор ба вазорати корҳои хориҷӣ барои сӯҳбат даъват шудааст.

Дар як конфронси дигари матбуотии муштарак се раҳбари марказҳои Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон гуфтаанд, дар банд боқӣ мондани вагонҳо тарҳҳои бозсозии роҳҳо дар Тоҷикистонро ба ҳам мезанад.

Узбакистон мушкилоти банд мондани вагонҳои Тоҷикистонро дар ҷамъ шудани теъдоди зиёди вагонҳо дар истгоҳҳои роҳи оҳани худ ва иқтидори ками роҳи оҳанаш медонад, аммо ҷониби Тоҷикистон иддао дорад, ки мушкилоти вагонҳояш дар марзи Узбакистон ангезаҳои сиёсӣ дорад. Пурсарусадотарин вокунишро дар ин маврид сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов аз минбари Созмони милал дар Ню-Йорк нишон дода буд, ки ин қазияро «муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Узбакистон» номида буд.

Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони милал, низ, дар нишасти хабарияш дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, аз мақомоти Узбакистон хоста буд, то вагонҳои Тоҷикистонро бигузоранд, ки бидуни таъхир ба маҳалли ниҳоияшон бирасанд. Дабири кулли Созмони милал гуфта буд, аз нигаҳ доштани вагонҳои Тоҷикистон, ки барои кишоварзон маводи сӯхт меоварад, нигарон аст.

Дар ин миён, Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи масоили байнулмилалии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба Фарғона.Ру гуфтааст, иқдомоти ахири Узбакистон метавонад Тоҷикистонро водор ба муроҷиат ба додгоҳҳои байнулмилалӣ намояд.
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 703 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: 2010, М. Алимардон, tajikistan, Taj, Транзит, новости, барои вагонҳо, ба Тошканд меравад, taj news, news | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar