Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

52.14.33.175

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2012 » Апрель » 5 » Интиқоди шадиди Суҳроб Шарифов аз Гул Шералӣ
12:40
Интиқоди шадиди Суҳроб Шарифов аз Гул Шералӣ

Интиқоди шадиди Суҳроб Шарифов аз Гул Шералӣ


Зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ангишт» дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон вакил Суҳроб Шарифов фаъолияти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳуриро мавриди интиқоди шадид қарор дод.

JURNAL-VAHDAT | 05.04.2012 | Ҳангоми суханронӣ ӯ зикр кард, ки муддати 10 сол аст, ки Тоҷикистон дар буҳрони энергетикӣ қарор дорад ва мардум эҳсос намекунад, ки ин вазорат коре мекунаду ба ягон натиҷае муваффақ мегардад.

«Тӯли солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон ягон Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) сохта нашуда, созишномаҳои мавҷуда бо шарикони хориҷӣ дар бораи сохтмони чунин иншоот мавриди амал қарор намегиранд. Ин ҷо ман созишнома бо Чин дар бораи сохтмони МБГ Душанбе-2 бо иқтидори 270 МВт-ро дар назар дорам», - гуфт вай.

Ба андешаи Шарифов, созишномаи мазкур чор сол пеш ба имзо расида, агар он саривақт амалӣ мегардид, мушкилоти таъмини пойтахт ва ноҳияҳои наздики он бо барқ то ҷое ҳал мегардид.

Дар посух ба суханронии вакил, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ изҳор кард, ки дар вазорат оид ба раҳо кардани кишвар аз буҳрони энергетикӣ тарҳҳои зиёде мавҷуданд ва дар ин самт корҳои зиёде ҳам аллакай анҷом дода шудаанд.

Аз ҷумла вай иброз дошт, ки тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон нерӯгоҳи Сангтӯда-1, агрегати якуми нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ва беш аз 270 нерӯгоҳҳои хурди барқӣ мавриди истифода қарор гирифта, ноҳияҳои баландкуҳ бо зиёда аз 2,5 ҳазор батареяҳои офтобӣ таъмин карда шудаанд.

«Дар робита ба масъалаи сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 гуфта метавонам, ки он замон баъзе мушкилоти техникӣ, аз ҷумла таъмини сохтмончиёни Чин бо манзили зист дар Душанбе вуҷуд дошт. Айни замон ин мушкилот ҳаллу фасл шуда, ман итминон медиҳам, ки сохтмони он ба зудӣ оғоз мегардад», - гуфт вазир.

Ба гуфтаи Гул Шералӣ, ояндаи наздик дар байни ноҳияҳои Исафара ва Конибодоми вилояти Суғд бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 300 МВт шуруъ мешавад.

Пас аз баррасии муфассал лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби вакилон маъқул шуморида шуд.

Категория: Сиёсат | Просмотров: 858 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: Шарифов, Суҳроб, Аз, шадиди, Интиқоди, гул, Шералӣ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar