Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

18.119.131.72

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Январь » 27 » Филме, ки аз буҷаи Тоҷикистон бештар даромад овардааст
15:03
Филме, ки аз буҷаи Тоҷикистон бештар даромад овардааст

Филме, ки аз буҷаи Тоҷикистон бештар даромад овардааст

Филми «Аватар», ки имрӯз дар ҳама ҷо вирди забон аст, рекорди пурфурӯшии «Титаник»-ро шикаст ва дар таърихи синамои ҷаҳон ба ҷои аввал баромад.
«Титаник» дар тӯли 6 моҳ як миллиарду 843 миллион доллар ҷамъ оварда буд, фурӯши «Аватар» дар шаш ҳафта ин рақамро убур кард ва ба як миллиарду 85 миллион доллар расид. Сайри «Аватар» дар синамохонаҳои ҷаҳон идома дорад ва ин рақами ниҳоӣ нест. Ин рақам аз буҷаи кишварҳои зиёде, аз ҷумла аз буҷаи Тоҷикистон ( 1,2 миллиард доллар дар соли 2009) бештар аст.

«Аватар» аз саргузашти Ҷейк Саллӣ, низомии маъюби амрикоӣ, дар сайёраи Пандора қисса мекунад. Ҷейкро ба ҷисми махлуқи дар озмоишгоҳ офаридашуда пайваст мекнуанд ва тавассути чунин суррогат ӯ ба Пандора меравад. Пандора хонаи қавме бо номи Нави аст, ки онҳоро як ширкат ба хотири захоири табиӣ аз сайёраашон мехоҳад берун кунад ва нобуд созад. Қаҳрамони филм дар он ҷо ба духтари сардори қабила ошиқ мешавад.

Аксари мунаққидони синамо бар онанд, ки «Аватар» барои Ҷеймс Камерон на камтар аз «Титаник» ҷоизаҳои байнулмилалиро хоҳад овард. «Аватар» аллакай ду ҷоизаи Golden Globes-ро гирифтааст ва моҳи оянда ҷоизаҳои зиёдеро дар Оскар ба худ касб хоҳад дод.

Филме, ки бо гаронтарин масрафот дар таърихи синамо – 300 миллион доллар ба навор гирифта шудааст, дар саросари ҷаҳон шӯреро барангехтааст. Масалан, дар Чин исми кӯҳеро «Аватар» гузоштаанд. Мақомоти ин вилояти чиноӣ хуб фикр ҳам кардаанд – фаҳмидаанд, ки Пандора барои сайёҳон дур аст, вале ин кӯҳ наздик ва дастрас.

Ҷеймс Кемерон, марде, ки дар як даҳсола ду пурфурӯштарин филми ҷаҳонро сохтааст, аллакай гуфтааст, қисми дуввуми «Аватар»-ро низ бо Сэм Уортингтон, ҳунарманди австралиягӣ, ба навор хоҳад гирифт.
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1105 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: новости, Город Вахат, ки аз буҷаи Тоҷикистон бештар даром, филме, 2010, avatar, news | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar