Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.149.26.169

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Апрель » 1 » Доку Умаров масъулияти таркишҳоро бар дӯш гирифт
12:19
Доку Умаров масъулияти таркишҳоро бар дӯш гирифт

Доку Умаров масъулияти таркишҳоро бар дӯш гирифт

Город Вахдат. 1 апреля. «Jurnal-Vahdat».Масъулияти инфиҷорҳои пурқурбонӣ дар истгоҳҳои метрои шаҳри Маскавро раҳбари ҷудоихоҳони чечен Доку Умаров бар дӯш гирифт. Дар як паёми видеоӣ тавассути Интернет, Умаров, ки худро "амири Аморати Қафқоз” мехонад, инфиҷорҳоро бо амалиёти нерӯҳои қудратии Русия дар Қафқози шимолӣ марбут кард.

Ин навори видеоиро Кавказсентр.ком, торнамои ғайрирасмии ҷудоихоҳони чечен, дар Ютюб нашр кардааст. Дар он марде, ки худро Доку Умаров мехонад, ҳушдор медиҳад, ки Русияро ҳамлаҳои нав интизоранд.

Субҳи рӯзи 29-уми март бар асари ду таркиш дар истгоҳҳои метрои "Лубянка” ва "Парк культуры” 39 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 80 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Миёни қурбониён се шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд. Қарор аст, ҷасади ин ҷавонони тоҷик имрӯз, якуми апрел, ба Душанбе оварда шавад.

Доку Умаров гуфтааст, «таркишҳои Маскав бо амри шахсии ӯ тарҳрезӣ шуда ва посух ба амалиёти нерӯҳои вижаи Русия ба муқобили чеченҳои мулкӣ дар деҳаи Арштӣ дар таърихи якуми феврал мебошад.»



Ҷудоихоҳои чечен хабари мақомоти расмии Русия дар мавриди он ки ҳамаи кушташудагони он амалиёти Арштӣ дар моҳи феврал ё низомӣ будаанд ва ё тасодуфан қурбон шудаанд, рад кардааст. Баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар низ гуфтаанд, шуморе аз кушташудаҳои мулкӣ дар амалиётҳои моҳи феврал амдан қурбон шудаанд, на ин ки тасодуфан миёни тирборон афтидаанд.

Доку Умаров дар паёми видеоӣ гуфтааст, ҳамлаҳо ба Русия идома дода хоҳад шуд. Ӯ иқдомоти худ ва гурӯҳашро «посух ба ҷиноятҳои русҳо бар зидди мардуми фақир ва беёрии чечен» номидааст. Ӯ гуфтааст, «ҷанг ба шаҳрҳои Русия интиқол хоҳад ёфт, то русҳо аз ҷиноятҳо ва хушунатҳои нерӯҳои рус дар Қафқоз сарфи назар накунанд.»

Доку Умаров дар моҳи феврал низ бо як чунин ҳушдор паёме нашр карда буд.

Вале каме пештар аз нашри паёми тозаи раҳбари ҷудоихоҳони чечен хабаргузории Рейтер навишта буд, як намояндаи гурӯҳи Умаров масъулияти ҳамлаҳо ба метрои Маскавро рад кардаааст.

Дирӯз, 31-уми март, дар Маскав ва бархе аз вилоятҳои Русия маросими видоъ бо қурбониёни ин ҳамлаҳои террористӣ баргузор шуд.

Ҳамон дирӯз дар натиҷаи ду таркиши дигар дар ҷумҳурии Доғистони Русия дастикам 12 нафар, бо шумули як афсари аршади милисаи маҳаллӣ кушта шуданд. Бино ба хабарҳо, инфиҷори дугона дар шаҳри Қизлар ҳамин тавр, беш аз 20 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт.

Таркишҳои ахир дар метрои Маскав ва дар шаҳри Қизлари Доғистон дар маҷмӯъ беш аз 50 нафарро кушта ва зиёда аз 100 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Нӯҳ тан аз қурбониёни ҳамлаи Қизлар афсарони милиса, аз ҷумла якеаш раҳбари шӯъбаи умури дохилаи ин шаҳр будааст.
Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1168 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: 2010, tj, масъулияти, Доку Умаров, tajikistan, Taj, новости, таркишҳоро бар дӯш гирифт, Тамджикистан, news | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar