Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

18.218.234.83

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Февраль » 25 » Дидори президент Раҳмон бо нозирони САҲА
17:37
Дидори президент Раҳмон бо нозирони САҲА

Дидори президент Раҳмон бо нозирони САҲА

Омодагӣ ба интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе мавзӯъи дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо гурӯҳи нозирони САҲА дар шаҳри Душанбе буд.

Дар ин мулоқот раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ин ҷумҳурӣ чун узви САҲА аз иштироки нозирони ин созмон ва созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ дар интихобот истиқбол мекунад, чунки ин «ба озоду шаффоф ва демократӣ гузаштани ин маъракаи муҳими сиёсӣ мусоидат мекунад.»

Эмомалӣ Раҳмон ба нозирони САҲА гуфтааст, «ҳукумати Тоҷикистон омода аст, то бо ҳар номзад ва ҳизби сиёсӣ, ки бо иродаи мардум интихоб мешавад, ҳамкории созанда дошта бошад».

Дар торнамои расмии раисҷумҳури Тоҷикистон омадааст, дар ин мулоқот аз рафти маъракаҳои тарғиботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои алоҳида, истифода аз воситаҳои ахбори умум ва риояи қонунгузорӣ дар маҷмўъ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон илова кардааст, ки то имрўз ягон шикояти ҷиддӣ дар бораи вайронкунии қонунгузории интихобот, ки ба демократию шаффоф гузаштани ин маърака монеа эҷод кунад, ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, ахиран гурӯҳи нозирон аз САҲА дар гузориши дуввуми худ гуфтанд, дар саросари Тоҷикистон маъракаи начандон фаъоли интихоботӣ ҷараён дорад. Аз нигоҳи муаллифон, аксар вақт мулоқоти номзадон бо раъйдиҳандагон аз рӯи ҷадвали комиссияҳои ноҳиявии интихоботӣ баргузор мешавад ва аммо гоҳо талоши аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои инфиродӣ барои ташкили мулоқотҳои мустақилона бо монеаи маъмурони интихоботӣ рӯбарӯ мешавад.



Нозирон гуфтанд, чанд ҳизби сиёсии Тоҷикистон ин ниҳодро дар бораи эҳтимоли монеагузории мақомот, ҳамчунин мудохилаи кормандони умури дохила ва истифода аз захираҳои ҳизби ҳоким барои пешбурди таблиғоти интихоботӣ огоҳ кардаанд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъпурсии Тоҷикистон низ ба ин гузориш вокнуиш нишон дод ва гуфт, "гузориш... дар мавриди баҳо додан ба баррасии арзу шикоятҳо дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро дар ҳайрат гузошт. Ин дар ҳолест, ки намояндагони ин созмон дар баррасӣ ва ҳаллу фасли арзу шикоятҳо дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва мақомоти додгоҳӣ пайваста ширкат мекунанд, андешаҳои худро иброз медоранд ва фикру мулоҳизаҳои онҳо, ки ҷавобгӯи талаботи қонунгузории мо ҳастанд, ба инобат гирифта мешавад”.
Категория: Сиёсат | Просмотров: 917 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: город Вахдат, хабархо, 2010, vahdat, tj, ахборот, news, Taj, Дидори президент Раҳмон бо нозирони | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar