Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.141.31.240

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2010 » Май » 7 » Дарёфти бист ҷасади қурбониёни сел
15:37
Дарёфти бист ҷасади қурбониёни сел

Дарёфти бист ҷасади қурбониёни сел

Бар асари боронгарии шадид оби дарёи канори шаҳри Кӯлоб боло шуда, шаҳрро зери об гузошт. Дар Кӯлоб 15 ҷасад ва дар Шӯробод панҷ ҷасад ёфтаанд ва аз сарнавишти даҳҳо нафари дигар хабаре нест.

Обхезӣ дар соати дуи шаб воқеъ шудааст, дар замоне, ки аксари мардум хоб буд.

Хабарнигори мо Мӯъмин Аҳмадӣ аз шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад, ки феълан вазъ бисёр мудҳиш аст ва обхезӣ пули баромадгоҳи шаҳрро комилан хароб кардааст.

Дар соати 7-и субҳ аз кӯчаи Чармгарон ҷасади ду кӯдак ёфт шудааст. Дертараш ҷасади як нафари миёнсол низ ёфт шудааст. Сарнавишти беш аз даҳ нафари дигар норӯшан аст. Эҳтимол меравад, ки шумори қурбониёни сел бештар бошад.

Дар ҳамин ҳол, дар маҳаллаи Сарчашмаи Шӯробод панҷ тан ҷони худро бар асари сел аз даст додаанд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, кормандони ҳолатҳои изтироӣ дар соати 8-и субҳ ба ҷойи ҳодиса расиданд. Хабарнигори мо мегӯяд, ҷараёни об ба ҳадде тез аст, ки имкони наҷот додани мардумро аз гирдобҳо сангин кардааст. Афроде, ки дар чунин ҳол қарор доранд, беш аз ҳазор нафар тахмин зада мешаванд. Сел кӯчаҳои Корвонгузар, Якуми май, маҳаллаи Зиракии ҷамоати Кӯлобро фаро гирифтааст.

Садҳо бино тахриб шуда, ҳоло дар навоҳии Шӯрободу Мӯъминободу Восеъ низ вазъ хеле нигаронкунанда мебошад. Симҳои барқ хароб шудаанд ва мардум барқ надорад.

Мардум аз бими ҷон ба болои бомҳои хонаҳояшон баромада, ва интизори ёрӣ ҳастанд. Журналисти маҳаллӣ Аҳмади Иброҳим мегӯяд, ҳамроҳи панҷ кӯдакаш дар даруни обу гил мондааст ва ҳоло як духтарашро, ки сел бурдааст, ҷустуҷӯ дорад. Вай гуфт, мисли ӯ даҳҳо нафар дар ҷустуҷуи наздикони худ ҳастанд.

Дар соати пас аз 9-и субҳ хабар расид, ки мардум ҳамроҳ бо кормандони ҳолоти изтирорӣ ҳашт тифлро аз зери об берун оварда, ба бемористон бурдаанд. Мирзоалӣ Миралиев,  раиси идораи тандурустии шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, то соати даҳуним дар маҷмӯъ беш аз панҷоҳ нафар ба беморхонаи марказии шаҳр оварда шудаанд.

ТАҚОЗОИ ЧАРХБОЛУ БТР

Хоку гиле, ки селхезӣ бо худ овардааст, имкони ҳаракати мошинҳоро номумкин кардааст.

Ҳукумати шаҳри Кӯлоб аз дивизияи 201-и Русия БТР кӯмак хостааст. Аз шаш БТР, ки дивизияи 201 ваъда додааст, то соати 10 ду БТР ба маҳалли ҳодиса барои ёрӣ расидааст.

Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзал ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, ба хабарнигорон гуфтааст, мардумро бо ёрии чархбол метавон наҷот дод.

Вакили Маҷлиси намояндагон ва муовини раиси ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ, ки ҳамчунин дар маҳалли ҳодиса мебошад, аз сафоратҳои Русия ва Амрико тақозо кардааст, то бо чархболҳояшон ба ёрии Тоҷикистон оянд, чун бидуни чархбол наҷоти мардум душвор аст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо раиси вилоят телефонӣ сӯҳбат кардааст. Ҳукумат як комиссияи давлатӣ барои ёрӣ ба осебдидагон ва бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ таъсис додааст.

Категория: Хабарҳо бо забони тоҷики | Просмотров: 1149 | Добавил: jurnal-vahdat | Теги: tj, ҷасади қурбониёни сел, Taj, news, Дарёфти бист | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar