Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

18.191.216.163

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2009 » Декабрь » 31 » Беҳтарин Бозигари Сол аз нигоҳи хонандагони «Футболи Тоҷикистон»
11:19
Беҳтарин Бозигари Сол аз нигоҳи хонандагони «Футболи Тоҷикистон»

Торнигори «Футболи Тоҷикистон» барои дуввумин сол пайидарҳам Беҳтаринҳои футболи тоҷикро муайян намуд. Тӯли як моҳ хонандагони торнигор имкон доштанд, барои беҳтаринҳои футболи тоҷик дар соли 2009 аз нигоҳи худашон раъй бидиҳанд.

Беҳтарин Бозигари Сол аз нигоҳи хонандагони «Футболи Тоҷикистон»Нӯъмон Ҳакимов («Вахш») ва Дилшод Восиев «(Истиқлол») гардиданд. Дилшод Восиев бо таҷрибаи аз Арманистон андӯхтааш ба «Истиқлол» омаду, ба яке аз муҳаррикони «Истиқлол» табдил ёфт. Дилшод канорҳои ҳар рақиби «Истиқлол»-ро шикаставу пора-пора мекард, то тӯбро то ба ҷаримагоҳи рақиб бибарад ва ба муҳоҷимони дастааш партоб намояд ва ё худ гол бизанад. Нӯъмон Ҳакимов дар 15 бозии Лигаи Олӣ 15 гол зад. Натиҷаи саддарсада. Нӯъмон имсол ҳамчунин беҳтарин муҳоҷими Лигаи Олӣ гардид ва унвони беҳтарин бозигари солро аз нигоҳи Федеросюни футболи Тоҷикистон ба даст овард.

Сармураббии Нӯъмон Ҳакимов ва «Вахш» дар соли 2009 Аслиддин Ҳабибуллоев танҳо дар охирин рӯзи озмун як раъйи бештар аз ҳамтои «Энергетикияш» гирифт ва унвони Беҳтарин Мураббии Сол-ро ба даст овард. Собиқ дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин соли мураббигияш дар дастаи худ «Вахш»-ро ба қаҳрамонӣ овард. 

Аммо аксари ҷоизаҳои ин назарсанҷиро мунтахаби 16-солаҳои Тоҷикистон гирифт. Мунтахаби 16-солаҳои Тоҷикистон ғайричашмдошт дар гурӯҳи интихобияш хеле моҳирона бозӣ кард ва роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми наврасонаи Осиёро аз даҳони Баҳрайну Лубнону Непал кашида гирифту, бо  Эрони нерӯманд баробар бозӣ намуд. Хонандагони «Футболи Тоҷикистон» мунтахаби 16-солаҳои Тоҷикистонро Беҳтарин Тими Сол донистанд, роҳхати ба дастовардаи онҳоро Беҳтарин Ҳодисаи Сол гуфтанд, пирӯзии онҳо бар Баҳрайн бо ҳисоби 2:0-ро Беҳтарин Пирӯзии Сол шинохтанд ва капитану муҳоҷими ин мунтахаб Дилшод Расуловро Беҳтарин Бозигари Ҷавони Сол муаррифӣ карданд. Исми Дилшод пас аз ҳамон бозиҳо дар Непал маъруф гардид. Дилшоди ҷавон дар он бозиҳо муҳаррик ва бозисози мунтахаб буд ва 4 голи ӯ дар 4 бозӣ аз ҷумла яке аз калидҳои комгорӣ ба қуфли марҳилаи ниҳоӣ шуданд.

Бахше, ки бидуни ҳеҷ рақобат ва қариб якдилона ғолибаш муайян шуд, Беҳтарин Фарангии Сол буд. Бозигари ҷавони тоҷик, капитани дастаи ҷавононаи «Сатурн»-и Русия Фарҳод Восиевро 93%-и пурсидашудагон беҳтарин тоҷике донистанд, ки берун аз кишвар бозӣ мекунад. Фарҳод имсол дар дастаи ҷавононаи «Сатурн» чеҳраи калидӣ буд ва дар Премйер-Лигаи Русия низ як бозӣ кард ва дар ҳамон бозии нахустинаш ҳам гол зад.

Категория: Варзиш | Просмотров: 818 | Добавил: DIGU1991 | Теги: город Вахдат, Беҳтарин Бозигари Сол, 2009, 2010 год | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar