Категории раздела

Хабарҳо бо забони тоҷики
Хобарҳои Тоҷикистон
Ҷавонон
Сиёсат
Иқтисод
Ид ва Чорабиниҳо
Адабиёт ва Фарҳанг
Илм ва Дониш
Фарҳанг
Фарҳанг
Дин ва мазҳаб
Дин ва мазҳаб
Мухочирон
Ҷомеа
Ҷомеа
Варзиш
Минтақа
Минтақа
Ҷаҳон
Ҷаҳон
Новости
Спорт
Экономика
Энергетика и Промышленность
Политика
Общество
Миграция,Безработица, Социальная защита, Общество
Проишествия
Праздники /Мероприятие
Наука
Образование
Международные
Отношения
Мигранты
Hi-Tech
Транспорт
Здравоохранения
Образование
Культура
Безопасность
Новости Сайта
Новости и Поздравления

Мини-чат

Наш опрос
Какому сериалу заказывать озвучку?
Cообщения c Форума
Реклама!
Форма входа

Топ Материалов!
Информация
Гость
Вы в группе "Гости"
Полное имя: Гость
Ты здесь: -й день
????????? ??????? ?????????

3.22.242.141

Мой профиль
Список пользователей
Изменить сведения
Отправить ЛС

Подпишись на обновления
Статистика
Онлайн всего:

Гостей:

Пользователей:

Смотрят: материалов

Скорость: kb/s

Статистика материалов

Новостей: 2892
Файлов: 15503
Фото: 991
Форум: 63/650
Коментариев: 1757

Зарег. на сайте

Всего: 5915
Новых за месяц: 0
Новых за неделю: 0
Новых вчера: 0
Новых сегодня: 0


Счётчики
Яндекс.Метрика

Главная » 2011 » Декабрь » 24 » Бародарон Тӯраҷонзода 350-сомонӣ ҷарима шуданд
01:40
Бародарон Тӯраҷонзода 350-сомонӣ ҷарима шуданд
Бародарон Тӯраҷонзода 350-сомонӣ ҷарима шуданд

"Додгоҳи шаҳри Ваҳдат бародарон Тӯраҷонзодаро дар таҳқир ва тавҳини раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон муҷрим шинохта ва ҳар яке аз онҳоро 350 сомонӣҷарима кардааст. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки аз ин ҳукм розӣ нест, вале шикоят ҳам нахоҳад кард, зеро "ин кори бефоида аст."

Ба гуфтаи оқои Тӯраҷонзода, рӯзи 23 декабр вай ва бародараш Нуриддинҷон ба додгоҳи ноҳияи Ваҳдат даъват шудаанд ва қозӣ эълом кардааст, ки онҳоро ҷарима хоҳад кард. Вай афзуд: "Бародарам Нуриддинҷонро дар он муқассир донистанд, ки вай Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломии Маркази исломии Тоҷикистонро "садқаи ин салла шав” ва "яҳудӣ” гуфтааст. Маро дар он муҷрим донистанд, ки оқои Абдулқодирзодаро пайрави Салафия номидам. Додгоҳ аз назароти мо сарфи назар кард.”Ба гуфтаи оқои Тӯраҷонзода, рӯзи 23 декабр вай ва бародараш Нуриддинҷон ба додгоҳи ноҳияи Ваҳдат даъват шудаанд ва қозӣ эълом кардааст, ки онҳоро ҷарима хоҳад кард. Вай афзуд: "Бародарам Нуриддинҷонро дар он муқассир донистанд, ки вай Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломии Маркази исломии Тоҷикистонро "садқаи ин салла шав” ва "яҳудӣ” гуфтааст. Маро дар он муҷрим донистанд, ки оқои Абдулқодирзодаро пайрави Салафия номидам. Додгоҳ аз назароти мо сарфи назар кард.”

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфт, ки аз ин ҳукми додгоҳ ба додгоҳи истинофӣ шикоят нахоҳад кард, зеро "ин амр бефоида аст.” Ҳарчанд ба гуфтаи вай, салафӣ номидани раиси Шӯрои уламои исломӣ таҳқир нест, балки таъаллуқи ӯ ба равия ё ақидаеро нишон медиҳад. Ба гуфтаи оқои Тӯраҷонзода, вай барои чунин иддаъо далоиле дар ихтиёр дорад.

Бо ин вуҷуд, оқои Тӯраҷонзода хабар дод, ки аз тасмими худ барои ба додгоҳ кашидани Сайидмукаррам Абдулқодирзода даст намекашад, зеро "раиси Шӯрои уламои дин вай ва бародарашро ба пайравӣ аз мазҳаби шиъа муттаҳам кардааст.”

Оқои Тӯраҷонзода раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистонро ба тақаллуб зимни таҳияи баёнияи ин ниҳод ва таҳвин алайҳи хонаводаи худ муттаҳам кардааст.

Ба эътиқоди оқои Тӯраҷонзода, раиси Шӯрои уламои исломӣ бидуни машварат бо аъзои ин шӯро аз номи ин ниҳод баёния мунташир карда ва бародарон Тӯраҷонзодаро ба пайравӣ аз мазҳаби шиъа муттаҳам кардааст.

Гузашта аз ин, бародарон Тӯраҷонзода ба додситонии кулли Тоҷикистон аз рафтори Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва Анвари Вайсиддин, раиси ноҳияи Ваҳдат, шикоят бурда ва иддаъо кардаанд, ки ин афрод аз баргузории маросими мазҳабӣ монеъ шудаанд.

Ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи бародарон Тӯраҷонзода, ин се нафар моддаи 157-и қонуни ҷиноии Тоҷикистонро нақз кардаанд.

Рӯзи ҷумъаи 9 декабр намозгузорон дар масҷиди "Муҳаммадия”-и ноҳияи Ваҳдат, ки ба бародарон Тӯраҷонзода мутаъаллиқ аст, аз ҳузури Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва Анвари Вайсиддин, раиси ноҳияи Ваҳдат, изҳори норизоятӣ карданд.

Тибқи иддаъои мақомот дар ин рӯйдод "алайҳи онҳо (раиси кумитаи дин, раиси шӯрои уламо ва раиси ноҳияи Ваҳдат) беэҳтиромӣ зоҳир шуда ва онҳо мавриди таҳқир қарор гирифтаанд.”

Ин афрод ба додситонии ноҳияи Ваҳдат аз ин амр шикоят бурдаанд ва маъмурони додситонӣ бародарон Тӯраҷонзодаро мавриди бозпурсӣ қарор доданд.

Дар пайи ин ҳодиса ҳудуди 10 тан аз намогузорони рӯзи ҷумъаи 9-уми декабр боздошт ва барои 15 шабонарӯз ҳабс шуданд. Теъдоди бештаре ба ин далоил ҷарима шуданд.

Дар пайи ин ҳодиса Кумитаи дини Тоҷикистон фаъъолияти масҷиди "Муҳаммадия”-ро маҳдуд ва бародарон Тӯраҷонзодаро аз симати имом-хатибони ин масҷид барканор кард.

Зимнан, қазияи бародарон Тӯраҷонзода ва Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон бо пахши баёнияи ин ниҳод оғоз шуда буд. Шӯрои уламои исломӣ иддаъо дорад, ки бародарон Тӯраҷонзода дар масҷиди худ маросими Ошуроро, ки хосси мазҳаби шиъа аст, баргузор карда ва аз ин роҳ қасд доранд дар миёни мусалмонон фитна ангезанд.

Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар ин баёния ҳамчунин ишора карда буд, ки бародарон Тӯраҷонзода дар барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1992-1997 муқассир ҳастанд.

Категория: Сиёсат | Просмотров: 1180 | Добавил: DIGU1991 | Теги: новости, хабархо, Вахдат, ахборот, точикистон, Бародарон Тӯраҷонзода 350-сомонӣ ҷа | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
ComForm">
avatar